Афзоиши бесобиқаи хонандагон дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ

     Даҳаи аввали моҳи январ теъдоди хонандагон дар ҳамаи толорҳои хониши
Китобхонаи миллӣ афзоиши бесобиқа доштааст.
     Танҳо дар рӯзи шанбеи гузашта 1575 нафар вориди китобхона шуданд. Ба ҳадде буд, ки баъзе толорҳо ҷойи нишаст надоштанд.
     Танҳо дар толори адабиёти хориҷӣ бештар аз 100 нафар то зуҳри рӯзи шанбе ворид шуданд. Толори хониши электронӣ мизбони 405 хонанда, толори хониш пазирои 427, феҳрастнигорӣ 170, толори  тибб 102 нафар хонандагон буданд.
     81 нафар дар толори матбуоти даврӣ саргарми мутолеа шуданд, 69 нафар дар толори дастхатҳои Шарқ, 58 нафар дар толори кормандони илм машғул буданд.
     Ба сурати умум афзоиши теъдоди хонандагон дар ҳамаи толорҳои хониш беш аз ҳар вақти дигар буд.
     Аксҳое, ки мебинед, аз ҷониби корманди Шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Хусрави Милод ҳамагӣ дар як рӯз ва дар як соати муайян бардошта шудааст.