Фахриддин Алии Сафӣ - соҳиби «Латоиф-ут-тавоиф»
Фахриддин Алии Сафӣ, фарзанди донишманди Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳарчанд аз муфассирони хуби Қуръон, донандаи таърихи адабиёт ва адиби номвар аст, вале бештар бо латоифи дилчаспаш миёни аҳли адаб ва мардум маъруфият дорад. Мутолиаи латоифи ӯ пеш назарҳо марди баркамол ва зариферо намудор мекунад.
Фахриддин Алии Сафӣ соли 867 ҳиҷрии мутобиқ ба 1463 милодӣ дар мавзеи Байҳақи Сабзавор дар хонаводаи олиму нависанда, шоиру воиз ва фақеҳу муҳаддиси номвари қарни XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба дунё омада, тақрибан дар соли 1480 милодӣ бо ҳамроҳии хонавода ба Ҳирот кўчида, таҳсилоти илмӣ ва касби камоли ў дар ин шаҳр дар ҳалқаи падараш Ҳусайн Воиз ва Абдурраҳмони Ҷомиву Абдулғаффури Лорӣ гузаштааст.
Баъди шиносоӣ бо оину тариқати Нақшбандия Алии Сафӣ дар синни бисту дусолагӣ, яъне соли 889 ҳиҷрӣ (1485 милодӣ) бори аввал ба мулозимати Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ба Самарқанд рафта ва бори дигар соли 893 ҳиҷрӣ ин пири муршидро зиёрат ва мулозимат намудааст.
Дар бораи муносиботи хешовандии хонаводаи Ҳусайн Воиз бо Абдурраҳмони Ҷомӣ андешаҳои мухталиф мавҷуданд, вале санади издивоҷи Алии Сафӣ дар соли 904 (1498) бо духтари Хоҷа Калон аз қавли худи ў буда, ҷои баҳсу тардид надорад ва соли 929 (1522-1523) ба мақоми падар расидани ў низ бебаҳс аст.
Бо назардошти он ки таърихи аниқи вилодати Алии Сафӣ соли 867 (1463) ва соли вафоташ 939 (1533) муайян шудааст, муддати умри ў дар ҳудуди 70 сол бояд бошад.
Фахриддин Алии Сафӣ чун падари хеш Ҳусайн Воизи Кошифӣ олиму воиз, фақеҳу муҳаддис, муфассири Қуръон ва шоиру нависандаи тавонои замони худ ба шумор мерафтааст. Дар бораи замони зиндагӣ ва вазъи сиёсиву иҷтимоии АлииСафӣ дар ин рисола махсус таваққуф карданро зарур надонистем, зеро ин масъала дар осори илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқоне, ки дар бораи рўзгору осори намояндагони дигари адабиёти давраи мазкур чун Ҳилолӣ, Биноӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ ва соири онҳо тадқиқоти монографӣ анҷом додаанд, мавриди баҳси муфассал қарор гирифтааст. Фақат хотиррасон кардан мехоҳем, ки даврони зиндагии Фахриддин Алии Сафӣ ба интиҳои асри XV ва нимаи аввали асри XVI мувофиқ меояд, ки замони бўҳрони сиёсӣ ва нооромию қатлу ғоратҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон ба сабаби инқирози давлати мутамаркази Темуриён ва ҷангҳои ғоратгаронаи миёни Шайбониёну Сафавиён барои тасарруфи ин сарзаминҳо ва оқибатҳои фоҷиабори таассуби мазҳабии ҳукуматдорони шайбониву сафавӣ ҳисоб меёбад.
Бозчоп аз китоби «Латоиф-ут-тавоиф». – Душанбе: Адиб, 2011. – С. 9-26.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Фахриддин Алии Сафӣ метавон хонд:
Латифаҳои Алии Сафӣ: Ёдгори гузаштагон / Гирдоваранда С.Ҳалимов // Маориф ва маданият. – 1966. –3 ноябр.
Сафӣ, А. Латифаҳо: Мероси адабӣ // Занони Тоҷикистон. – 1967. – №1. – С.24.
Аз китоби «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ / Ба чоптайёркунанда С.Ҳалимов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1967. –19 май.
Сафӣ, Ф.А. Латоиф-ут-тавоиф / Тартибдиҳанда ва муаллифи сарсухан Ҳ.Саидов. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 252 с.
Мавлоно Фахриддин Алии Сафӣ. Латоиф-ут-тавоиф / Тартибдиҳанда ва муаллифи сарсухан Саидов Ҳ. – Душанбе: Ирфон, 1968.
Тақриз: Бақоев М. Латифаҳои дилкаш // Садои Шарқ. – 1969. – №12. – С.149-151.
Сафӣ, Ф. А. Занимательные рассказы. –Душанбе: Ирфон, 1977. – 192 с.
Сафӣ, Ф. А. Занимательные рассказы. –Москва: Comil, 1991. – 160 с.
Сафӣ, А. Ҳикоят: Аз «Латоиф-ут-тавоиф» // Чашма. – 1992. – №7-8.
Сафӣ, А. Одоб-ул-асҳоб. –Душанбе: Маориф, 1998. – 53 с.
Сафӣ, А. Латоиф-ут-тавоиф. – Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, 2010. – 469 с.
Сафӣ, А., Тирмизӣ, С., Зоконӣ, У. Энсиклопедияи насри тоҷику форс: «Латоиф-ут-тавоиф», «Дастур-ул-мулук», Насру назм. – Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, 2010. – 470 с.
Сафӣ, А. Энсиклопедияи насри тоҷику форс. –Душанбе, 2010. – 470 с.
Сафӣ, Ф. А. Латоиф-ут-тавоиф. –Душанбе: Адиб, 2011. – 336 с.
Дар бораи Алии Сафӣ
Ҷалилова, М. Фахриддин Алии Сафӣ // Мактаби советӣ. – 1974. – №6. – С.31-35.
Сайфиддинов, Б. Фахриддин Алии Сафӣ ва «Латоиф-ут-тавоиф»-и ў. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 160 с.
Сайфиддинов, Б. Рўзгор ва осори Мавлоно Фахриддин Алии Сафӣ . –Душанбе: Дониш, 2009. – 163 с.
Фахриддин Алии Сафӣ ва «Латоиф-ут-тавоиф»-и ў: Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти фарзанди нависанда Ҳусайн Воизи Кошифӣ, адиби чирадаст Алии Сафӣ / Фароҳамсоз С.Шарифов // Наҷот. – 2015. – 23 апрел.
Таҳияи Истампулод Ормонов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ