Нависандаи шуҳратёри Шӯравӣ ва Русия Даниел Гранин дар синни 98-солагӣ аз олам даргузашт

Даниил Александрович Гранин – нависандаи машҳури Шӯравӣ ва Русия дар синни 98-солагӣ  бар асари беморӣ аз олам даргузашт.
Гранин муаллифи повесту румонҳои зиёде аз қабили “Ҷустуҷӯкунандагон”, “Ба тӯфон меравам”, “Лейтенанти ман”, “Китобҳои муҳосиравӣ” “Зубр” буд.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони кори сотсиалистӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР,  ва ҷоизаи Президенти Русия буд.
Гранин 1-уми январи соли 1919 дар Санк-Петербург ба дунё омадааст ва то охири умр дар ҳамин шаҳр зист, шаҳрванди ифтихории Санк-Петербург буд.
Мегӯянд метавонист дар ҷанг ширкат накунад, чун он замон коргари корхонаи Киров буд ва барои нарафтан ба ҷабҳа имтиёз дошт. Аммо ихтиёрӣ рафт ва аввалин ҳикояашро ҳам аввали солҳои 40 дар маҷаллаи “Звезда” чоп кард.
Дар солҳои бозсозӣ китоби ӯ бо номи “Зубр” машҳур шуда буд ва бисёриҳо онро хондаву дар борааш навиштаанд. Китоб дар бораи олими генетик Тимофеев нақл мекунад ва рӯйдодҳои солҳои мудҳиши табъидро ҳам ба тасвир мекашад ва нишон медиҳад, ки машҳуртарин олимон он солҳо чӣ ҳол доштанд.
Вале беҳтарин навиштаҳои ӯ дар бораи ҷанг буд ва ривоятгари он солҳои мудҳиш барои насли имрӯз аст, чун ҳар чизе тасвир кард, худ бевосита ширкаткунандаи он буд.
Рӯзҳои охир саломатиаш бад шуд ва лаҳзаҳои вопасини умрашро дар бахши эҳёгарии бемористон пушти сар кардааст.  Ва бо ҳамин ал олам бирафт.

Аз Даниел Гранин дар Китобхонаи миллӣ метавоне ин китобҳоро дастрас ва бихонед:

  • Даниел, Г. Қалаи сурам / Гонкадсе. – Сталинобод, 1937. – 131 с.
  • Гранин, Д.А. Обратный билет: Однофамилетц: Дождь в чужом городе: Кто – то / Д.А. Гранин. – Л: Лениздат, 1982. – 416 с.
  • Гранин, Д. Место для памятника: Повести / Д. Гранин. – М: Известия, 1982. – 460 с.
  • Гранин, Д. Эта странная жизнь / Д. Гранин. – Москва: Сов. Россия, 1982. – 256 с.
  • Гранин, Д.А. Тринадцать ступенек / Гранин, Д.А.. – Л: Сов.писатель, 1984. – 304 с.
  • Гранин, Д.А. Зубр / Д.А. Гранин. – М: Профиздат, 1989. – 304 с.
  • Гранин, Д. Причуды моей памяти. – Москва: Олма Медиа Групп, 2011. – 512 с.
  • Гранин, Д. Эта странная жизнь / Д. Гранин. – Москва: Манн, Иванов и Фербер, 2015. – 176 с.