Шоире, ки зодаи замони ҷанг буд
Нашр шуд 2020-04-15 16:54
Шоир Муҳаммад Юсуф зодаи замони ҷанг аст. Тақрибан ним моҳ пас аз рӯи дунё омаданаш хабари хатми ҷанг расид. Қудуми муборак дошт ва муборак зист. Соҳиби китобҳои зиёд нест. Вале шеъри камаш ҳам аз шоириву муҳаббаташ ба шеър гувоҳӣ медиҳад. Хеле зиндагонии хоксорона дошт. Инсоне буд самимӣ ва дӯстдоштанӣ. Агар зинда мебуд, ҳоло ба 75 медаромад. Ёдаш ба хайр.
Муҳаммад Юсуф 15 апрели соли 1945 дар деҳаи Қашқараҳаи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1963 Омўзишгоҳи фарҳанги ҷумҳурӣ, соли 1970 факултаи филолгияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).
Солҳои 1960-1981 ходими калони илмии Маркази эҷодиёти халқ ва корҳои илмӣ-методии ҷумҳурӣ, 1981-1993 директори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, 1993-1997 сармутахассиси Маркази эҷодиёти халқ ва корҳои илмӣ-методӣ, 1997-2005 мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст. Муҳаррири Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» буд.
Шеърҳояш аз соли 1970 чоп шуда тавассути маҷмўаҳои «Шуъла», «Ганҷи ҷовид» (2003) ва «Шоми исёнӣ» (2009) дастраси умум гардонида шудаанд. Чанде аз шеърҳояш дар маҷмўаҳои дастаҷамъи «Риштаборон» (1984), «Вохўрӣ» (1992), «Дурахши ҳунар» (2005), «Наврўзи Роғун (2010), «Бахтофарин» (2011), «Гулбонги истиқлол» (2011) ба табъ расидаанд.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Ў соли 2018 аз олам гузаштааст.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 307-308.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Муҳаммад Юсуф ин маталбро метавонед бихонед:
Нидо; Ду қитъа; Хоки ман: Маҷмўаи шеърҳо // Риштаборон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – С. 77-78.
Рози чашма: Маҷмўаи шеърҳо // Шўъла. – Душанбе: Адиб, 1987. – С. 54-87.
Рўд; Мерос; Ҳанўз ашк мерезам;Санг; Барои Одина Ҳошим; Дарси аввал; Табиб; Муҳаббат; Қалам; Ёди деҳа; Мепарастам; Рақси чумча; Деҳқон; Пайкарасоз; Гаҳворасоз; Дубайтиҳо; Хандаи дилбар; Сайри гулҳо; Васият; Модари интизор; Хоки Ватан; Муаллим; Тифли қаҳрамон; Сардори нав; Дарбон; Дуои модарон: Шеърҳо // «Вохўрӣ»: Шеърҳо. – Душанбе, Адиб. – 1992. – С. 473-493.
Шоми исёнӣ. – Душанбе: Адиб, 2009. – 64 с.
Шукрона: Шеър // Бахтофарин: Маҷмўаи шеърҳо, мақолаҳо ва очеркҳо. – Душанбе: Адиб, 2011. – С. 171.
Қитъаҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 20 декабр.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ