Таърихи адабиёти ҷаҳон. Олҷас Сулаймонов (1936)

Таърих хосияти аҷиб дорад. Дар ҳолати касодии маънавӣ ва ё идеологиву иқтисодӣ чун бозёфта нодир истеъдодҳое ба саҳнаи он мебарояд, ки ба тамоми ҳастиашон барои ворастан аз қолабҳо ва омилҳои монеазо ҷадал менамоянд.  Яке аз устодони назми шўравӣ ва ходими намоёни ҷамъиятӣ, адиби номии қазоқ Олҷас Сулаймонов аз зумраи чунин истеъдодҳо буда, адабиёти замони нави қазоқиро ба сатҳи баланди инкишоф расонид.

  ОЛҶАС  Сулаймонов ба таълифи ашъори шоирона, асарҳои драмавӣ, киносенарияҳо, қайдҳои публисистӣ ва асрҳои илмиаш мазмун ва қолаби адабиёту санъати қазоқиро дигаргун сохт.

   Сулаймонов Олҷас Умарович 18 –май соли 1936 дар шаҳри Алмаато дар оилаи афсари Армияи Сурх таваллуд ёфтааст. Ў соли 1958 факултети геологии Қазоқистонро хатм намуда, барои пайванди комил пайдо намудан бо адабиёт ба Институти адабии ба номи Горкий дохил шуда, соли 1961 онро хатм намуд.

   Маҳсули қалами ў аз соли 1959 нашр мешавад ва ў асосан бо забони русӣ эҷод менамояд. Истеъдоди фавқулодда, омўзиши серпаҳно ва эҷод бо забони русӣ омилҳое, ки ба ОЛҶАС  Сулаймонов шўҳрат оварданд.

Эҷодиёти ў бо анъанаи назми шифоҳӣ ва хаттии қазоқӣ иртиботи қавӣ дорад.

   Олҷас  Сулаймонов зода ва парвардаи замони шўравӣ буда, эҷодиёташ низ нақш ва таъсири дастовардҳои ин давронро дорад. Ҳаводиси хотирмони ин даврон бо мувоқати истеъдод ва эҳсосу дарки ў тавлиди иддаи шеърҳо, мақолаҳо ва достонҳои ў гардидаанд. Соли 1961 ҳодисаи хотирмон барои инсоният парвози Юрий Гагарин ба кайҳон буд. Ба ин муносибат нахуст достони Олҷас  Сулаймонов «Замин, ба инсон суҷуд овард»  таълиф  гардид, ки ба зудӣ шўҳрат ёфт. Ин асар бо пурқувватии эҳсоси шоирона ва андешаи ҳайратангез аз оғози давраи нав дар таърихи инсоният фарқ мекунад. Асарҳои дигари ў «Аргамаки» (1961), «Шоми офтоби» (1962), «Шоми духтари Париж» (1963), «Лаҳзаи хуши тулўъ» (1964), «Китоби гилин» (1969) ва «Соли маймун» (1967) бо фароҳии тафаккури таърихӣ, ғояи ҳамбастагии одамон ва боварӣ ба қувваи хиради инсонӣ мақоми шоиста пайдо намудаанд.

    Яке аз ҳамқаламони руси ў дуруст иброз намудааст, ки Қазоқистону Россия дар назми ОЛҶАС  Сулаймонов бо ҳам омезиш ёфтанд ва ҳамчунин дар ашъори ў Шарқ ба истиқболи Ғарб ба ҳаракат даромад, аммо худогоҳона ва қутби шоиронааш.

     Олҷас  Сулаймонов аз эҷодкорони сермаҳсул гуногунсоҳа буда, дар таълифи кинономаҳо низ муваффақият дорад. Кинофилмҳои «Замини падарон», «Маршрути кабуд», «Зимистон мавсими кишт нест»  ва дигарҳо аз рўи сенарияҳои ў пайдо шудаанд.

     Оҷас  Сулаймонов дорандаи ҷоизаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абай, мукофотҳои комсомолии Ленинии умумииттифоқ ва комсомолии ленинии Қазоқистон буда, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва нашр гардидаанд. Ин шоири меҳрпарвар дўст ва эътиқодманди диёри тоҷикон буда, дар ситоиши Тоҷикистону мардуми он шеърҳои ҷолиб эҷод намудааст.

    Ашъори ў низ забони тоҷикӣ тарҷума гардида, миёни хонандаи тоҷик маҳбубият пайдо намудааст. Маҷмуаи шеърҳои ў бо номи «Тулўъ» дар таҷумаи У. Раҷаб ба забони тоҷикӣ нашр гардидааст.

Олҷас Сулаймонов ба Тоҷикистон ва адибони тоҷик эҳтироми хоса дорад. Ёддошти ӯ дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноатро шумо метавонед ин ҷо мутолиа намоед: Нависандаи халқии Қазоқистон Олжас Сулаймон дар бораи Муъмин Қаноат

Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001

Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.