Ҳамеша ҳикмату дониш, ҳамеша дил бедор,
Ҳамеша шавқ, ҳамеша тапиш, ҳамеша кор.
Ҳамеша накҳати боғи сухан, ҳамеша сабз,
Ҳамеша чаҳ-чаҳи мурғи чаман, ҳамеша баҳор.
Хайрандеш
Бо чунин мисраъҳо имрӯз дар толори «Ошиёнаи булбулон»-и Китобхонаи миллӣ маҳфили “Ҳамешабаҳор” баргузор шуд.
Маҳфили навбатӣ ба Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон доир шуд ва чуноне мантиқ тақозо мекунад, аъзои маҳфил асосан ашъори худро дар бораи Прачам, Ватан, Миллат, Истиқлолият ва Пешво қироат карданд.
Гардонандаи маҳфил шоири шинохтаи кишвар Хайрандеш буд. Дар он бештар курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе, ҳамчунин теъдоде аз хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат варзиданд.
Барномаи маҳфил чун ҳарвақта рангоранг буда, аз оғоз то ба анҷом диққатҷалбкунанда гузашт. Дар ин маҳфил муаллими калони Академияи ВКДҶТ Бозоралӣ Асламов дар мавзуъи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд ва то кадом андоза муқаддас будани парчамро шарҳ дод.
Дар қисмати дигари маҳфил сарояндагон ва навозандагони дастаи ҳунарии Академияи ВКД ҶТ ҳунарнамоӣ карданд ва онҳо таронаҳои дар мавзуъҳои Ватан, Тоҷикистон, Парчам омодакардаи худро суруданд.
Дар охир ба ғолибони маҳфил аз ҷониби ВКД туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин бор “Ҳамешабаҳор” чорабинии муштараки Китобхонаи миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.
Дар охир ба ғолибони маҳфил аз ҷониби ВКД туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин бор “Ҳамешабаҳор” чорабинии муштараки Китобхонаи миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.
Ин маҳфил аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» ва Шабакаи аввали Телевизони Тоҷикистон наворбардорӣ шуд, ки қарор аст намоиш дода шавад.