Аввалин давраи омӯзишии забони куриёӣ дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расид

--------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Аввалин  давраи омӯзишии забони куриёӣ, ки бо ибтикори  шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба анҷом расид. Баъд аз зуҳри рӯзи 7-уми январи соли равон ин гуруҳ соҳиби сертифактҳо шуданд.
Дар маросими эътои сертификатҳо Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов бо изҳори ташаккур аз устодони ин давраи омӯзишӣ муҳассилинро барои дарёфти сертификатҳо муборакбод намуд.
Гадобек Маҳмудов омӯзиши илм ва забонро барои ҳар инсоне, ки ин гуна имкон дорад муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, дар Китобхонаи миллӣ ин гуна давраҳои омӯзишӣ барои забонҳои арабӣ, ҷопонӣ ва русӣ низ дар ҷараён аст.   
Хатмкунандагон имтиҳонҳои санҷиширо аз рўйи балҳо бо муваффақият супориданд ва аъзои комиссия аз сатҳу сифати муаллимоне, ки ба хонандагон дарс омўхтанд, қаноатманд буданд.