Мероси ниёкон: ҚАЛЪАИ ХУҶАНД
Нашр шуд 2019-02-26 14:35
Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200 х 300 м. ҷой гирифтааст. Атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд, иҳота мекунанд. Аслан қалъаи бостонӣ аз асри VII то асри XIX арзи вуҷуд доштааст.
Дар давраи Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳарчӣ бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Дар ин ростоа осорхонаҳо яке аз муҳимтарин муассисаи фарҳангӣ-маърифатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар ҷамъоварӣ, ҳифзу тарғиби осори таърихӣ ва моддӣ-фарҳангии ниёгон нақши назаррас доранд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар кори тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги пурғановати мамлакат, тарбияи ватандўстӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллии ҷомеаи муосир ба комёбиҳо нақши шоиста дорад. Ин осорхона муассисаи фарҳангӣ-маърифатӣ маҳсуб ёфта, аз шўъбаҳои таърих, таърихи давраи муосир, дастхатҳо ва табъу нашр, оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шўъбаи маъхаз иборат аст. Осорхона дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандўстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, хизматҳои шоиста мекунад.
Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200 х 300 м. ҷой гирифтааст. Атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд, иҳота мекунанд. Аслан қалъаи бостонӣ аз асри VII то асри XIX арзи вуҷуд доштааст.
Тадқиқотҳои васеъ дар ҳудуди он доир нашудаанд. Даромадгоҳ ва деворҳои қалъа қисман дар охири асри XX барқарор карда шудаанд. Релйефи болои қалъа дар натиҷаи сохтмонҳои муосир пурра дигаргун гаштааст. Куҳанқалъаи Хуҷанд бо арк – кремл – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод медонанд ва онро дар соҳили чапи Сирдарё ошкор карданд.
Сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки коху кушкҳое назири қалъаи Хуҷанд умри дубора ёбанд ва хуб ҳифз шаванд. Аз ҷумлаи дастовардҳои замони Истиқлол бунёди мақбараи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳи шоир ва таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, таҳти №190, аз 13-уми апрели соли 2015 ба шумор меравад, ки дорои «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ва «Қалъаи Хуҷанд» мебошад. Он имрӯз ба як мавзеи басо зебою рўҳафзо, сайру тамошо, шиносоӣ бо таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин, ба мавзеи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.
Дар Китобхонаи миллӣ шумо метавонед боз ин матолибро ҳам дар бораи мавзуъ пайдо ва мутолиа намоед:
Ёдгорӣ, А. Қалъаи Хуҷанд дар соли сайёҳӣ: 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ//Ҳақиқати Суғд. – 2018. – 6 сентиябр.
Карим, Т. Темурмалик дар қалъаи Хуҷанд// Адабиёт ва санъат. – 2005. – 11 июн.
Абдуғаюр Саломов,
кормандаи Шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.