Адабиётшиноси маъруф Валӣ Самад дар синни 83-солагӣ моро тарк кард
Валӣ Самад-донишманди маъруф, пажӯҳишгари тавоно ва адабиётшиноси борикназар баъд аз зуҳри дирӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз ба хок супурда шуд. Валӣ Самад муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад. Даргузашти Валӣ Самад бидуни шак як талафоти гароне барои илм ва пажӯҳиши тоҷик аст.
ВАЛӢ САМАД 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят, сипас ба сифати муаллими донишгоҳи мазкур фаъолият бурдааст.
Соли 1964 вориди аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронида, соли 1976 дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад.
Китобу рисолаҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ–омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тӯшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000), «Дурахши як ахтари сӯзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004, 2005), «Меҳрнома» (бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии «Китоби сол»-и ҶИ Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур дар «Озмуни дувуми байналхалқии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб (Маскав, 9 сентябри 2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 ба хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.
Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) буд.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Аз Валӣ Самад ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин м атолибро метавонед бихонед:
Тўшаи ҳамдилӣ. – Душанбе: Адиб, 1989. – 208 с.
Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал. – Душанбе: Маориф, 1991. – 224 с.
Адабиёту маданияти тоҷик аз диди А. Фадеев // Садои Шарқ. – 1982. – №12. – С. 106-116.
Сарнавишту саргузашташ инқилоб буд!: Садумин солгарди устод Абулқосим Лоҳутӣ // Коммунисти Тоҷикистон. – 1987. – №12. – С. 66-72.
Сабт аст бар ҷаридаи олам…: Сухан аз боби фаъолияти устод А. Лоҳутӣ ва маҷаллаи «Садои Шарқ» // Садои Шарқ. – 1987. – №12. – С. 14-25.
Меҳрро дар зарраҳо пошидаанд: Чанд бозёфт аз эҷодиёти А. Лоҳутӣ // Садои Шарқ. – 1987. – №8. – С. 126-134.
Дар марги Пушкин: Порча аз китоби «Андешаҳои Мирзо Фатҳалӣ Охундзода» / Таҳияи В. Самад // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 10 феврал.
Мақоми ҳафт арманӣ дар тақдири Лоҳутӣ // Дасти дўст. – Душанбе, 1989. – С. 112-126.
Достони шаҳиди шараф // Садои Шарқ. – 1989. – №7. – С. 106-112.
Дурахши ситораҳои сўзон // Тўшаи ҳамдилӣ. – 1989. – С. 161-199.
Маҳи аз осмони Хуҷанд ғайбзада: Ба ёди Муаззама // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 20 июл.
Умри ў танҳо ҷавонӣ буд: Мақола ба муносибати 80-солагии зодрўзи адибу олими машҳури тоҷик Лутфулло Бузургзода // Омўзгор. – 1990. – 9 октябр.
Ғазали Ҳофиз аз диди Толстой // Садои Шарқ. – 1991. – №10. – С. 121-134.
Фазилату фоҷиаи Фитрат // Садои мардум. – 1992. – 3 ноябр.
Достони пайкараи Ҳаким Фирдавсӣ: Афкори Фирдавсӣ аз нигоҳи муаллиф // Ҷунбиш. – 1998. – №24. – моҳи декабр. – С. 4-5.
Дар бораи Валӣ Самад
Афсаҳов, А. Пайванди дилҳо: Дар бораи донишманди ҷавону боистеъдоди соҳаи адабиёт В. Самадов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. – 14 май.
Шокирзода, Ш. Васлгари дилҳо ва тамаддунҳо: Донишманди пуркору пухтакори тоҷик Валӣ Самад // Адаб. – 2003. – №2. – С. 36.
Мелиев, М. Валӣ Самад ва Лутфулло Бузургзода // Адаб. – 2015. – №1. – С. 72-75.
Ғиёсиев, М., Муродов, С. «Накҳати шарқӣ» ё Фирдавсӣ дар чашми Чернишевский: Дар бораи олими пуркору заҳматкаш, муҳаққиқи тавоно Валӣ Самад // Озодагон. – 2015. – 28 январ.
Ба адабиётшинос Валӣ Самад: Шарҷҳои солинавӣ // Адабиёт ва санъат 2016. – 22-29. – декабр.
Зайниддинов, М. Пайвандгари риштаҳои дўстӣ: Ба муносибати 80-солагии адабиётшинос Валӣ Самад // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 14 январ.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
Ҳусния Назарова
кормандони шуъбаи
библиографияи миллӣ