Борис Литвинский агар зинда мебуд, ба 95 медаромад

Борис Анатолевич Литвинский олими маъруф буд. Вай солҳо дар Тоҷикистон зист, кор кард, асарҳо навишт. Ҳатто дар навиштани китобҳои таърихи кишвар саҳм гирифт. Аммо солҳои охир атрофи номи ӯ сару садоҳо зиёд шуданд, ки ба таълифи асари машҳури “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров иртибот дошт. Ин ҳам як бахши зиндагиномаи ӯ буд, ки наметавон онро нагуфт. Дар Китобхонаи милли намунаҳои осори олим маҳфузанд. Агар зинда мебуд, имсол ба синнӣ 95 медаромад.

Литвинский Борис  Анатольевич 17 – уми апрели  соли 1923 дар шаҳри  Тошкент  таваллуд   ёфтааст.  Археолог  ва  муаррихи шӯравӣ, доктори  илми  таърих  (1970), профессор (1971).

Аъзои корреспонденти  АФ  РСС  Тоҷикистон (1978). Аз оилаи  хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1944.  

Соли 1946  факултети  таърихи  Донишгоҳи  давлатии Осиёи  Миёна (УОДМ)-ро хатм  кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941- 1945). Солҳои 1946-1950 муаллим ва мудири кабинети  кафедраи  археологияи УДОМ, 1950-1952 муовини директории Иститути  тадқиқоти илмии  санъатшиносии  Тошкент  оид ба қисми илмӣ, 1952-1971, мудири сектори  археология  ва нумизматикаи  Институти таърихи ба номи  Аҳмади  Дониш  АФ  РСС  Тоҷикистон, дар як вақт муаллими УДТ, аз соли 1972 мудири сектори Институти  шарқшиносии  АФ  СССР.

Аз соли  1951 дар Тоҷикистон ба гурўҳ, даста, солҳои охир ба экспедитсияи археологӣ роҳбарӣ мекард. Дар таълифи асари сеҷилдаи  «Таърихи халқи тоҷик», китобҳои дарсии оид ба таърих барои  мактабҳои олӣ  ва миёнаи  Ҷумҳурии Сотсиалистии  Тоҷикистон иштирок кардааст. Соли 1968 ба ҳайати вакилони археологҳои Фаронса дар Афғонистон дохил буд.

Соли 2010 дар синнӣ 87-солагӣ аз олам даргузашт.

Имсол Борис Литвинский 95-сола мешавад.

Боз чоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – 1983. – Ҷ.4. – С. 39.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Борис Литвиский ва дар бораи ӯ ин асарҳоро метавонед хонд:

Тепаи – Шах: Культура и  связи  кушанской  Бактрии. – Москва,1983. – 238 с.

Культуры и   ритуалы  кушанской  Бактрии: Погребальный  обряд. – Москва: Наука, 1984. – 240 с.

Археологические работы в Таджикистане. – Душанбе: Дониш, 1984. – 376 с.

Таърихи РСС Тоҷикистон: Китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7-8. – Душанбе: Маориф, 1987. – 104 с.

Таърихи  халқи  тоҷик 8-9: Китобҳои  дарсии синфҳои 8-9. – Душанбе: Маориф, 1993. – 135 с.

Храм Окса в Бактрии  (Южный Таджикистан). – Москва, 2000. – 664 с.

Дар борааш

Борис Анатольевич Литвинский: Материалы  к библиографии учёных Таджикистана. – Душанбе: Дониш, 1983. – 110 с.

Пянков, И.В. Ў ба мо моро шиносонд: Дар бораи ҷашни 70 солагии профессор Борис Литвинский // Ҷумҳурият. – 1993. – 17,18 апрел.

Ғафуров, У. Офтоб аз ҳасади  шамъ наафтад зи фалак: Баҳси  Б.А. Литвинский дар атрофи  китоби  Б.Ғафуров «Тоҷикон» // Садои мардум. – 2009. – 2 июл.

Абдуллоҳ, Ф. Панҷ дурўғи Борис  Литвинский: Таърихнигори  мазкур иддао дорад, ки шоҳасари «Тоҷикон»- и Б. Ғафуровро  ўву  ҳамсараш  навиштаанд // Ҷумҳурият. – 2009. – 27 июн.

Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи
библиографияи  миллӣ