Рӯ ба илм. Ёҳу парандае бо чанд ном
Нашр шуд 2020-11-23 16:11
Ёҳу, ёғу, кокоӣ, мурғи моҳихўрак, мурғи наврўзӣ (Laris), як ҷинси паранда. Мансуби оилаи ёҳушаклон. Ёҳу парандаи сенантропӣ аст, яъне бештар дар наздикии манзили одамон зиндагӣ мекунад. Ҷуссааш миёна (андозаи умумиашон: 25- 81 см, вазнашон 100 г -2 кг), рангаш бештар сафед ё бўртоб.
Баъзе намудҳои он дар сар ё бол нақши сиёҳ, доранд. Нўлаш зард ё сурхи ҷангалшакл, пойҳояш сиёҳ, сурх ё зарди пардадор.
Ёҳу парандаи мавсимӣ буда, дар Англия, Булғористон, Ҳолландия, Олмон, Амрикои Шимолӣ, Муғулистон, Эрон, Русия (Сибири Ғарбӣ) дучор меояд. Асосан дар наздикии об зиндагӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон 5 намуди ёҳу (ёҳуи сарсиёҳ, ёҳуи бўрсар, ёҳуи нуқрагун, ёҳуи кабуд ва ёҳуи кўлӣ) дар ҷазира ва соҳилҳои дурдасти Зоркўл, Яшилкўл, Қароқўли Помир, инчунин ҷарҳои соҳили кўлу обанборҳои сунъӣ ва поёноби дарёҳо зиндагӣ мекунад.
Ёҳуи сарсиёҳ (L. ichthyatus) парандаи калон мебошад; вазнаш то 2 кг. Пару болаш сафед, рўйи болҳояш бўрранг. Пойҳояш зард, нўлаш норанҷӣ, нўгаш сурхи сиёҳтоб. Чашмонаш сиёҳ, аз боло ва поин хатти сиёҳ дорад. Села- села зиндагӣ мекунанд. Дар рўйи замин аз шоҳу навдаи рустаниҳо лона сохта, модинааш 3 тухми холдор мегузорад. Чўҷаҳояш баъди 25-29 рўз аз тухм баромада, дар 45 рўзагӣ парвозӣ мешаванд. Ғизои он моҳӣ, хояндаҳо тухм ва чўҷаҳои парандагон аст.
Ёҳуи бўрсар (L.brunnicephalus) ба ёҳуи кўлӣ бисёр монанд аст, вале аз он калонтар буда ранги равшан дорад. Нўл ва панҷаҳояш сурхи сиёҳтоб. Дар шароити иқлими баландкўҳҳои Помир парандаи кўчист. Охирҳои моҳи апрел омада, моҳи октябр ба Ҳиндустони Шарқӣ ва Бирма парида меравад. Дар соҳили об аз алафу гиёҳҳои хушк лона месозад. Модинааш аввалҳои моҳи июл 3 тухм мегузорад. Ғизояш моҳичаҳо ва ҷонварони бемуҳраи обӣ.
Ёҳуи нуқрағун (L.argentatus) сари сафед (зимистон дар фарқи сараш пати сиёҳ пайдо мешавад) ва пару боли сафеди нуқратоб дошта, парандаи миёнаҷусса аст. Нўлаш ғафс (доғи сурхи калон дорад). Дар соҳилҳои баҳр, кўлҳои калон ва обанборҳо зиндагӣ мекунад. Парандаи мавсимист. Моҳҳои май – июн села-села лона сохта, тухм мегузоранд. Чўҷаҳо баъди 26 рўз аз тухм мебароянд. Ғизои он харчангшаклҳо ва дигар мавҷудоти обӣ мебошанд.
Ёҳуи кабуд (L.canus) парандаи миёнаҷусса аст. Дарозии баданаш 43 см, паҳнҳои болҳои кушодааш 120 см, вазнаш 300-500 г. Пару болаш сафед, рўйи қаноташ бўртоб. Модина ва наринааш ба ҳам монанданд. Парандаи мавсимист. Ғизояш асосан моҳӣ буда, кирм, ҳашарот, шоху навдаи рустаниҳоро низ мехўрад. Дар 3-солагӣ болиғ мешавад. Моҳҳои май июн ҷуфт шуда, модинааш 3 тухм мегузарад. Тухмҳоро ҳар ду ҷинс 23-28 рўз мехобонанд. Баъди 4-5 ҳафта чўҷаҳо парвозӣ мешаванд.
Ёҳуи кўлӣ (L. ridibundus ) низ парандаи миёнаҷусса аст. Дарозиаш 35-39 см, паҳнои болҳои кушодааш 86-99 см. вазнаш 200-350 г. Нўлаш борик, сурхи баланд. Аз дигар ҳамҷинсҳояш бо раҳи паҳни сафед дар рўйи болоҳояш фарқ мекунад. Дар 1- 4 солагӣ болиғ мешавад. Дар ҷойҳои сералаф, ботлоқзор лона месозад. Модинааш 1-3 тухм мегузорад. Чўҷаҳо дар 25-30- рўзагӣ парвозӣ мешаванд. Ғизояшро ҳангоми парвоз дошта мегирад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. – 436.
Муаллиф: А. Саидов.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.