Бист соли рушди илмҳои табиӣ ва дақиқ: Довудӣ
Нашр шуд 2020-08-05 14:12
Довудӣ (Dendranthema; аз юнони Dendron - дарахт ва anthemus- гул), ҷинси гулҳои маъруф. Тибқи таснифоти биологӣ мансуб ба оилаи мураккабгулҳост. Довудӣ бўи хосса дорад. Пояаш рост, сершоха, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш сабзи сиёҳтоб, чокҳои амиқ дорад (баъзан бечок аст). Гулаш забоншакли зард, сафед, гулобӣ; гултўдааш (дар як поя то 20 адад) сабадак буда, дар нўги шохчаҳо ҷойгир аст.
Довудӣ рустании рўшноидўст буда, аз қаламча афзоиш меёбад. Вобаста ба муҳити парвариш довудӣ барвақтӣ (моҳхои август- сентябр гул мекунад), миёнашукуфт (октябр- ноябр мешукуфад) ва дершукуфт (ноябр - декабр) мешавад.
Зиёда аз 150 навъи довудӣ мавҷуд аст.
Довудӣ аз қадим дар Чин парвариш карда мешуд. Онро бори аввал соли 1688 аз Осиё ба Ҳолландия ва соли 1789 ба дигар қисматҳои Аврупо бурдаанд. Феълан довудиро дар Чин, Ҷопон, Муғулистон, Шарқи Дур, Қафқоз, Қрим, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо парвариш мекунанд. «Индианополис», «Мефа», «Мадам Волф», «Тафета», «Песонелита» навъҳои беҳтарини гули довудӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон барои бунёд кардани гулзорҳо беш аз 80 навъи довудӣ истифода мешавад.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. –С. 44.
Муаллиф: А. Раҷабов
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ