Аввалин пионердухтари тоҷик
Ӯро бештар бо ҳамин расмаш бо Иосиф Сталин мешиносанд. Замони Шӯравӣ миёни пионерон ин расм ва соҳиби он шуҳрати беандоза доштанд. Бо гузашти солҳо кам касоне мондаанд, ки корномаи Мамлакат Наҳанговаро донанд. Ин мақола ёдномаест аз у ва расми машҳуре, ки замоне саҳифаҳои беҳтарин нашрияҳои кишварро оро медод.
Соли 1924 дар хонадони тоҷики шоҳмансурӣ (Шоҳмансур деҳае буд дар ҳудуди пойтахти имрўзаи Тоҷикистон) тифлаки хушандоме ба дунё омад, ки дар заминаи ҳамон таомули тоҷикона волидонаш бо умеду орзуҳои нек ба ў Мамлакат ном ниҳоданд. Яқин таманои онро доштанд, ки фардо духтарчаашон ба камол расидаву шахси бузургу шўҳратёр гардад, ифтихори мамлакат бошад. Ва боз ҳам нерўи дасти дуо ва таманиёти неки волидон нисбат ба фарзандон собит гашт ва бо мурури замон Мамлакат ба камол расиду шўҳратафкан дар тамоми мамлакат (собиқ ИЧШС) гардид.
Соли 1934 дар даҳсолагияш Мамлакат узви созмони пеонерони кишвар шуд. Чун аксар пионерон бо ҷидду ҷаҳд таҳсил мекард ва пас аз машғулиятҳо дар мактаб ба пахтазор рафта, ба колхозчиён дар ҷамъоварии «тиллои сафед» мадад мерасонд. Ҷусту чолок буд Мамлакат ва аз сидқи дилу ғайратмандона кор мекард. Ҳамарўза пас аз дарсҳо се баробар бештар аз ҳама, яъне 90-100 кг пахта мечид. «Комбайн» мегуфтанд бо шўхию навозиш Мамлакатро пахтачинҳои дигар.
Мамлакати ёздаҳсола 25 - уми декабри соли 1935 дар саросари ИҶШС машҳур гардид. Дар ин рўз қарори Комиҷроияи Марказии Иттиҳоди Шўравӣ дар бораи бо ордени Ленин мукофотонидани тоҷикдухтарак Мамлакат Наҳангова ба тасвиб расид.
Малакат Наҳангова аз Маскав чун қаҳрамони айём баргашт. Акнун дар бораи ў тамоми нашрияҳои Иттиҳоди Шўравӣ хабару мақолаҳо менавиштанд, таърифу тавсифаш мекарданд. Шоирон дар ситоиши Мамлакат шеърҳо навиштанд, нависандвгон ҳикояву мадеҳаҳо эҷод намуданд. Сурати тоҷикдухтари дорандаи ордени Ленин бо Сталин саҳифаҳои аввали нашрияҳои марказии мамлакатро оро медод.
Минбаъд доираи фаъолият ва маъруфияти Мамлакат Наҳангова давра ба давра вусъат ёфт. Ў аввалин пионери тоҷик буд, ки дар беҳтарин фароғатгоҳи мактабиёни ИҶШС – «Артек» истироҳат намуд (соли 1936) ва дўстони зиёде пайдо кард. Соли 1939 Мамлакат барои таҳсил ба фаъолияти пурсамараш Созмони ҷавонони ИҶШС пазируфта шуд ва дар ин бора, ҳатто нашрияҳои марказӣ хабар доданд. Дар солҳои ҶБВ Мамлакат дар шумораи фаъолони ақибгоҳ буд ва дар кори гирдоварии маблағу хўрокворӣ ба ҷанговарон ширкат меварзид. Тобистони соли 1942 аз ҷониби халқи тоҷик ба диловарони муҳорибаи Лнинград (Санкт- Петербург) дар 50 вагон хурокворӣ ва сарулибос фиристода шуд.
Соли 1945 Мамлакат ҳамчун намоянда аз Осиёи Миёна дар Ҳамоиши байналмиллалии ҷавонони озодихоҳ дар шаҳри Лондон (бо ҳузури 437 намоянда аз 63 кишвари дунё) ширкат варзид.
Мамлакати 26 - сола соли 1950 ба сафи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ қабул гардид, ки ин ҳодисаи хеле нодир буд. Ў Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (он вақт ДДОТ ба номи Т. Г. Шевченко )- ро хатм намуда, ҳамчун омўзгори забони англисӣ ба кор шурўъ кард ва пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ солҳои тўлонӣ (то ба нафақа баромадан) дар вазифаи мудири кафедраи забони англисии донишгоҳи мазкур фаъолият дошт.
Пас аз солҳои 70 - уми садаи гузашта аз чӣ бошад, ки номи Мамлакат Наҳангова то ҷое ба гўшаи фаромўшӣ уфтод ва ин ҳолат то охири умри ў идома ёфт. Ҳатто дар «Энцеклопедияи Советии тоҷик» дар бораи ин зани соҳибном - дорандаи ордени Ленин, вакили 13 - слёти ҷумҳуриявии пионерон, вакили чандин ҳамошҳои пионерону комсомолон дар Маскав, иштирокдори чандин анҷумани ҷавонони Шўравӣ, барандаи силсилаи мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ маълумот пайдо кардан имконнопазир гардид.
Соли 2003 аз олам рафтааст.
Дар бораи Мамлакат Наҳангома дар Китобхонаи миллӣ ин мақолаҳоро метавонед мутолиа намоед:
Дар Тоҷикистони мо аввалин шуда барои меҳнати пурсамараю фидокоронаи худ колхозчизанони пешқадам. Ҳ. Обидова (аз райони Куйбышев), Х. Исроилова (аз райони Конибодом), Т. Шарифова (аз райони Кўлоб), У. Эшмирзоева (аз райони Шаҳринав) ва М. Наҳангова (аз райони Сталинобод) ордени Ленин гирифтанд: Бозчоп аз журнали «Занони Тоҷикистон». КОВ. 1955. – №4 // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №5. – С. 10.
Дўстов. З. Шўҳрат ва зиллати Мамлакат Наҳангова // Фараж. – 2009. – 25 ноябр.
Муродӣ, А. Мамлакат ва табассуми нодири Сталин: Аз ҳаёт ва фаъолияти нахустпеонеркаи тоҷик // Омўзгор. – 2009. – 4 декабр.
Шерғозова, М. Таърихи як сурат: Аз ҳаёт ва фаъолияти пешоҳанги (пионери) пешқадам Мамлакат Наҳангова // Фирўза. – 2015. – № 2. – С.12.
Қодир, Ҳ. Пирони «детдомӣ», фарзанди «духтари Сталин», духтари Эмомалӣ Раҳмон: Аввалин пионеркаи тоҷик Мамлакат Наҳангова // Миллат. – 2018. – 17 январ.
Шерхон, У. Духтари Сталин ё таърихи як акс: Оиди ҳаёт ва фаъолияти узви Кумита оид ба равобити хориҷии Тоҷикистон, Аълочии маорифи СССР Мамлакат Наҳангова // Бонувони Тоҷикистон. – 2018. – май. – С. 26-27.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ