Сухане чанд дар бораи Аълохон Афсаҳзод

Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони кишвар буд. Донишманди шинохта, матншиноси барчаста. Ҳамагӣ 63 сол умр дид, вале аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузошт.

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон  Афсаҳзод  10- ўми ноябри соли 1935 дар деҳаи Воруи ноҳияи  Панҷакент дар оилаи деҳқон зода шудааст.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  чанд муддат омўзгор буд. Соли 1961 дар вазифаи  лаборант  ва баъд  ходими  хурд ва калони илмии  Шуъбаи  шарқшиносӣ  ва осори  хаттии АУ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ( солҳои  1962-1968) кор кардааст. Аз соли  1971 то охири  умраш мудирии шуъбаи  матншиносӣ ва нашри  осори адабии Пажўҳишгоҳи  осори хатии  АУ   ҷумҳуриро ба ўҳда дошт.

Мавсуф  таълифоти зиёд ва гуногунсоҳа  дорад. Муаллифи  қариб  30 рисолаву  китоб ва беш  аз 500 мақола буда, бештар ҳаёт ва  фаъолияти  эҷодии Абдураҳмони Ҷомиро  ҳаматарафа   таҳқиқ кардааст. Дар асарҳояш  мавқеъи зиндагӣ ва  фаъолияти  адабии  шоирро вобаста ба ҳаёти  иҷтимоиву  сиёсии давр таҳлилу баррасӣ  менамояд. Чанде  рисолаҳои илмию  оммавиаш  таҳқику  омўзиши эҷодии  Абўабдулло   Рўдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, адибони муосири тоҷик  Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷало Икромӣ, Ғанӣ Абдулло  ва дигарон бахшида шудаанд.

Дар бисёр мақолаҳои Афсахзод масъалаҳои драматургия  ва театр ҳаллу фасли худро ёфтаанд. 12 асари  саҳнавӣ, аз ҷумла драмаҳои  Жан  Жак Руссо, “Ашрофтарош”- и  Моллер, “Ҷои сердаромад” ва  “ Гирдоби бало”, “ Варта”- и А. Н. Островский,  “ Шоҳи  уриён”- и Е. Шварс,   “Гули сиёҳ”- Соҳиб Ҷамол  асари С. Азимов ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. 

Афсаҳзод яке аз мураттибони тазкираи  шуарои  муосири  Эрон “Амвоҷи  қорун”( соли 1973) ва таҳиякунандаи чанд китобу мақола мебошад, ки онҳо дар Маскав, Кобул ва Тошканду  Боку ба табъ расидаанд.

Афсаҳзод доктори илми филология ( соли 1881) мебошад ва ба унвони илмии профессорӣ ( соли 1988) ноил гаштааст. Саҳми устод дар инкишофи илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Зери назари ў нахустин ҷилди “Феҳрасти дастнависҳои тоҷикию форсӣ”-и Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаст.

Ў узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1989) ва Арбоби Шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 1995) мебошад.

15-уми июли соли 1999 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт

Бозчоп аз “ Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими  ҷумҳурии Тоҷикистон” . – Душанбе: Эҷод, 2004. – С. 29-30.

Муаллиф: Абдуллоҷон Юнусов.

Аз Аълохон Афсаҳзод ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро суроғ кунед

Афсаҳзод, А. Достони “Лайлӣ ва  Маҷнун”- и  Абдураҳмони  Ҷомӣ. – Душанбе: Дониш, 1970. – 262 с. 

Афсаҳзод, А. Ҳофизи  Шерозӣ: Дар бораи  зиндагӣ ва эҷодиёти шоир. – Душанбе, 1971. – 31 с.

Афсаҳзод, А. Ҳофизнома: Тарҷумаи ҳол. – Душанбе, 1971. – 102 с.

Афсаҳзод, А. Камоли Хуҷандӣ. – Душанбе, 1976. – 40 с.

Афсаҳзод, А. Абдураҳмони Ҷомӣ: Ҳат ва эҷодиёти  шоири машҳури асри XV / Барои  бачагони синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1978. – 190 с.

Афсаҳзод, А. Рўзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ. –  Душанбе: Дониш, 1980. – 220 с.

Афсаҳзод, А. Рўзгор ва осори  Абдураҳмони  Ҷомӣ. – Душанбе: Дониш, 1981. – 159 с.

Афсаҳзод, А. Зиндагӣ дар саҳна: Маҷмўаи  мақолаҳо ва тақризҳо. – Душанбе, 1984. – 288 с.

Афсаҳзод, А. Дар сафи бузургон. – Душанбе: Ирфон,1986. – 335 с.

Афсааҳзод, А. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дувўми асри XV. – Душанбе: Дониш,1987. – 264 с.

Афсаҳзод, А. Пайванди қарнҳо: Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе: Адиб, 1989. – 240 с.

Афсаҳзод, А. Суннатҳои устувор ва навпардозиҳои эҷодкор. – Душанбе, 1989. – 278 с.

Афсаҳзод, А. Ҷомӣ- адиб ва мутафаккир. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 384 с.

Афсаҳзод, А. Корвони сухан: Маҷмўа. – Душанбе: Адиб, 1994. – 400 с.

Афсаҳзод, А. Одамушуаро  Рўдакӣ: Рисола. – Душанбе: Адиб, 2003. – 304 с.

Дар бораи Афсаҳзод

Зуҳуриддинов, А., Раҳмонов, А., Муҳаммадиев, А. Донапоши маърифат // Газетаи муаллимон. – 1985. – 26 ноябр.

Сайфиев,Н., Муллоаҳмадов,М. Донишманди пуркор // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 12 декабр.

Сомонӣ, А., Қаҳоров, Ҳ. Бикўш имрўз, то гандум бипошӣ // Мактаби советӣ. – 1985. – №10. – С. 54-56.

Муҳаммадӣ, А. Дармон: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. –                    16 март.

Исрофилиён, Ш. Ёде аз устоди одобу хирад // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 14 июл.

Хуросонӣ, А. Ҳамсафи бузургон // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 6 апрел.

Аълохон Афсахзод // Адибони  Тоҷикистон. – Душанбе, 2002. – С. 101-102.

Таҳияи  Парвина Қаюмова,
корманди шуъбаи
библиографияи  миллӣ