Олими олимақом, адиби соҳибкамол
Саид Нафисӣ Ҳам олими муваффақ буд ва ҳам шоир ва ҳам нависанда. Вурудаш ба адабиёт аз шеъру қиссаву ҳикоя шуруъ шудааст. Вале дар пажуҳиши осори ниёкон аз ҷумлаи муваффақтаринҳо дар Эрони муосир аст. Бахусус, дар пажуҳиши устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шинохти ин нобиғаи назми оламгир хизматҳои шоиста кардааст. Ва ин хадамоташро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008) қадр намудааст.
Саид Нафисӣ соли 1896 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактабҳои «Шараф» ва «Илмия»-и Теҳрон, миёнаро дар Шветсария ва олиро дар Университети Сорбонаи Фаронса ба анҷом расонидааст.
Солҳои 1918-1934 дар вазоратҳои гуногуни Эрон кор карда, баробари ин дар омўзишгоҳҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва мактаби олии навъи политехникӣ- «Дорулфунун» аз забону адабиёти форсӣ ва таърих дарс дод.
Аз соли таъсиси донишгоҳи Теҳрон (1934) Насифӣ профессор интихоб шуда, аввали солҳои 50-ум дар натиҷаи фишори сиёсӣ ва зиддият ба роҳбарияти Донишгоҳ Насифӣ тарки ин борогоҳи илм кард.
Асарҳои нахустини илмии тадқиқотии ў авали солҳои 20 навишта шудаанд Насифӣ олими сермаҳсул аст. Доир ба таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, адабиёти муосири Эрон, таърихи Эрон ва Осиёи Миёна, адабиёти классикӣ ва советии рус, адабиёту фарҳанги халқҳои советӣ, забон ва адабиёти мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ бештар аз 800 мақола, асари илмӣ ва адабӣ, таълиф намуда, як силсила асарҳои адабӣ ва таърихиро ба нашри интиқодӣ ҳозир кардааст.
Насифӣ узви Фарҳангистони Улуми Эрон (аз соли 1935), яке аз асосгузорон ва фаъолони ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Эрон бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ноиб-президенти ҷамъияти «Эрон-Ҳиндустон», аъзои фахрии ҷамъияти «Эрон – Фаронса», аъзои шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ буд.
Ў дар донишгоҳҳои Бомбай, Қоҳира, Бейрут, Бағдод, Кобул, Ҳайдаробод оид ба таърихи адабиёти классики форс-тоҷик маърўзаҳо хондааст.
Насифӣ ду маротиба - солҳои 1960 ва 1964 ба Тоҷикистон омада, бо ҳаёти илмию мадании ҷумҳурӣ аз наздик шинос гардидааст.
Соли 1964 доктор ва профессори фахрии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) интихоб шуда буд. Нафисӣ нисбат ба Тоҷикистон ва халқи тоҷик муҳаббати зиёд дошт. Ин муҳаббати худро шоир дар шеъри «Ба дўстони тоҷикам» (соли 1960) самимона ифода кардааст. Ў ба шоирон, нависандагон ва олимони машҳури тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ робитаҳои дўстона дошт.
Аз Саид Нафисӣ дар Китобхонаи миллӣ метавон хонд:
Нафисӣ, С. Ба сухансароёни ҷавон: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод, – 1958, 7 октябр.
Нафисӣ, С. Ба дўстони тоҷики ман: Шеър // Садои Шарқ. – 1964. – №40. – С. 136-137.
Нафисӣ, С. Назаре ба чашми сиёҳе, ки доштам дорам: Аз ғазалиёт // Маориф ва маданият. – 1966. – 17 ноябр.
Нафисӣ, С. Ба ёди Рўдакӣ : Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1967. – 13 декабр.
Нафисӣ, С. Дами вопасин: Ҳикоя // Маориф ва маданият. – 1973. – 8 март.
Нафисӣ, С. Ситораи ман: Хикоя Маориф ва саданият. – 1976. – 17 июн.
Нафисӣ, С. Роҳи одам шудан; Ҷои Шумо намоён: Ҳикояҳо // Садои Шарқ. – 1976. – №8. – С 125-134.
Нафисӣ, С. То кай?: Ҳикоя // Ҳақиқати Қурғонтеппа 1982. – 30 январ.
Нафасӣ, С. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ. – Душанбе, 2008, 242 с.
Дар бораи саид Нафисӣ
Наҷмонов, Ф. 75 соли бобаракат: Дар бораи Саид Нафисӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. – 17 июн.
Наҷмонов, Ф. Ёде аз марди бузург: Ба муносибати 80-солагии Нависандаи Эрон Саид Нафисӣ // Маориф ва маданият. – 1976. – 17 июн.
Наҷмонов, Ф. Саид Нафисӣ нависандаи бомаҳорати Эрон // Мактаби советӣ. – 1978. – №10. – С. 55-60.
Муродӣ, А. Сипосномае ба абармарди адаб: Дар бораи фаъолияти адабиётшинос ва нависандаи мумтози Эронӣ Саид Нафисӣ // Омузгор. – 2003. – 31 май.
Насриддин, А. Саид Нафисӣ-муҳаққиқи бузургии аҳволу осори Рудакӣ // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 31 январ.
Устод Саид Нафисӣ дар боби ашъору рӯзгори Рӯдакӣ ва Сомониён: Ба ифтихори 1150 солагии устод А.Рӯдакӣ // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 10 июл.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонидани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ ба адиби Эрон Саид Нафисӣ // Ҷумҳурият. – 2008. – 6 сентябр.
Ғаффоров, М. Саид Нафисӣ: Ҷонфишонии ману кори моро ёд кунед: Адиби Эрон // Ҷумҳурият. – 2008. – 6 сентябр.
Ғаффоров, М. Устод Рўдакӣ аз нигоҳи Саид Нафисӣ. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 148 с.
Олими олимақом, адиби соҳибкамол: Ба ифтихори зодрўзи адабиётшинос ва муҳаққиқи барҷвста ва шоири Эрон, профессор Саид Нафисӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. –23 июн
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ