Иосиф Брагинский: Олиме, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод
Шахсест, ки дар муаррифии адабиёти тоҷик хизматҳои шоиста кардааст. Метавон ӯро аз айнипажуҳишони шинохта номид, ки чандин асар дар шинохти устод Садриддин Айнӣ навиштаву дар маъруфтарин интишороти Маскав чоп кардааст.
Адабиётшиноси барҷаста, доктори илми филологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино Иосиф Брагинский 18-уми июни соли 1905 дар шаҳри Боку таваллуд ёфтааст.
Соли 1931 Донишкадаи шарқшиносии Маскавро хатм карда, дар ҳамин ҷо аз забони урду дарс дод, мудири қисми таълимӣ ва шўъбаи забоншиносӣ буд. Соли 1933 ба Тоҷикистон омада, ба сифати сардори шўъбаи сиёсии совхози «Данғара», мудири шўъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Тоҷикистон, муҳаррири моҳномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «В помощ партработнику» кор кардааст.
Солҳои 1940 – 1952 дар Артиши шуравӣ сардори бахши сиёсии воҳидҳои низомӣ буд, аз соли 1952 дар Институти шарқшиносии АИ СССР заҳмат кашида, ҳамзамон ба ҳайси муҳаррири моҳномаи «Народы Азии и Африки» адои вазифа намудааст.
Номи ин олими бузурги шарқшинос бо ҳаёти илмӣ, иҷтимоӣ ва муҳити маънавии Тоҷикистон иртиботи ногусустанӣ дорад. Ў дар таҳқиқи масъалаҳои муҳими илмию фарҳангӣ ва адабии ҷумҳуриамон, равнақи илми адабиётшиносӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон нақши беназир гузоштааст.
Баъди хатми Донишкадаи шарқшиносии Маскав барои сохтмони сотсиалистии деҳот ба Тоҷикистон омад, чун роҳбари сиёсӣ дар яке аз совхозҳои навтаъсиси Данғара фаъолияти кориашро шурўъ намуда, бо ҳамин тақдирашро ба сарзамини тоҷикон, минбаъд хоса ба адабиёту фарҳанги тоҷик сахт пайванд ва ин пайванд дар тўли умри дарозу пурбаракаташ решаҳои амиқ давонда, шоху баргҳои зиёди сабзу пурсамар овард.
Дар Тоҷикистон миёни мардум гашт, чун қаблан таърихи адабиёти форс - тоҷикро дар чордевори утоқҳои дарсии Донишкада омўхта буд, ба зудӣ дарк кард, ки решаҳои амиқу обдори назми бузург дар сурудҳои халқӣ сарчашма дорад. Ин донишманд аз Авасто гирифта то адабиёти садаи XX дар осор ва ёдгориҳои адабиёти хаттӣ унсурҳои адабиёти шифоҳиро зарра ба зарра ошкор сохт ва таҳқиқ намуд.
Иосиф Брагинский омўзиши адабиёти тоҷикро аз мардум дар саҳрою майдонҳо оғоз намуда, борикбинона ба дастнавису манбаъҳои хаттӣ даст зад. Дар таҳқиқи масоили таърихи адабиёт бориксанҷ буд, бо эҳсосу оҳанги таблиғу ташвиқӣ ҷолибу ҷозиб менавишт, ба ин васила хонанда на танҳо ба моҳияти илмии масъала сарфаҳм меравад, балки симою садои адибон ба дилаш роҳ меёбад.
Қимати таҳқиқоти профессор Иосиф Брагинский ба масъалаҳои назарявии давраҳои адабӣ ва ҷараёнҳои адабӣ рў овардан ва онҳоро вобаста ба қонунҳои адабиёти ҷаҳон таҳқиқ намудан мебошад. Муҳимтарин иқдоми ин донишманди беназир мансуб кардани истилоҳи дурусти «маорифпарварӣ» ба таъбири бадномшудаи «ҷадидизм» дар адабиёти давраи охири тоҷик аст.
Бобати реализм дар адабиёти форсу - тоҷик, омўзиши суннат ва андешаҳои Шарқу Ғарб дар адабиёт ҳамеша мунозираҳои илмӣ барпо кардаю осори фаровон таълиф намудааст. Ў дар таҳқиқу баррасии осори бебаҳои устод Садриддин Айнӣ нақши босазо гузоштааст. Ёдоварӣ ва бузургдошти олими барҷаста арзи сипосгузории мардуми тоҷик ба заҳмат ва хидмати ҷонсупоронаи ўст, ки барои илми тоҷик ба харҷ додааст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”, ҷ. 1,с.508
Муаллиф: М.Шукуров
Дар Китобхонаи миллӣ аз таълифоти Иосиф Брагинский метавонед ин асарҳоро бихонед:
Садриддин Айни [Текст]: Очерк жизнь и творчество. – Сталинабад, 1954. – 155 с.
Садриддин Айни. Материалы к библиографии и творческой характеристике [Текст]. – Сталинабад,1948 . – 121 с.
Западно – васточнй синтез в диване Гёте и классическая поэзия на фарси [Текст]. – Москва: Наука. 1963. – 13 с.
Очерки по истории таджикской литературы [Текст]. – Сталинабад: Таджикгосиздат, 1956. – 453 с.
Персидская литература [Текст]: Краткий очерк. – Москва: Восточная литература,1963. – 213 с.
Из истории таджикской народной поэзии [Текст]. – Москва: АН СССР, 1956. – 494 с.
12 митиатюр [Текст]: От Рудаки до Джами. – Масква: Художественная литература, 1966. – 284 с.
Из истории персидской и таджикской литературы [Текст]. – Москва: Наука, 1972. – 524 с.
Исследования по таджиской культуре [Текст]. – Москва: Наука, 1977. – 288 с.
Проблемы творчество Садриддин Айни [Текст]. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 176 с.
От Авесто до Айни [Текст]. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 256 с.
Иранское литературное наследие [Текст]. – Москва: Наука, 1984. – 296с.
Западно – восточный литературный синтез и творчество С. Айни [Текст]. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 190с.
Абу Абдуллох Джафар Рудаки [Текст]. – Москва: Наука, 1989. – 135с.
х х х
Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айни [Матн]. – Душанбе: Ирфон. 1968. – 171 с.
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рўдакӣ [Матн]. – Душанбе: Эр - граф, 2008. – 164 с.
Ва дар бораи ӯ:
Иосиф Самоилович Брагинский [Текст]: Библиографческий указатель. – Душанбе: Дониш, 1966. – 95 с.
Иосиф Самоилович Брагинский [Текст]: Библиографический указатель. – Душанбе: Дониш, 1986.– 126 с.
Брагинский Иосиф Самулович [Матн] // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе. 1978. – Душанбе,1978. – Ҷ.1. – С.169.
Брагинский Иосиф Самуилович [Матн] // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе,1988. – С.299.
Иосиф Брагинский [Матн]// Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2003. – С.136-137.
Ҳодизода, Р. Устод Брагинский [Матн] // Садои мардум. – 2005. – 21 июн.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ