Саодати як олим ин осори абадзиндаи ӯст

 150 сол пеш дар чунин рӯзе (15 ноябр) Василий Владимирович Бартолд-шарқшиноси маъруф ва муаллифи бештар аз чаҳорсад таълифоти имлӣ дида ба олам кушод ва 89 сол пеш дида аз олам барбаст. Замоне ин олами пуршӯрро тарк кард, ки 61 сол дошт. Барои олиме чун ӯ 61 соли умри басо кутоҳест. Вале пеши аҷал чора чист? Ҳеч! Аммо ин умри ктоҳ ҳам барояш саршор аз саодат буд: саодати анҷоми беҳтарин пажӯҳишҳое, ки ҳатто имрӯзиён ҳам онро меомӯзанд ва истифода мекунанд. Академик Бартолд аввалин касе буд, ки ҳанӯз соли 1925 китобе бо номи “Тоҷикон” навишт.

 Бартолд Василий Владимирович 15 ноябри соли 1869 дар Петербург ба дунё омадааст. Яке аз шарқшиносони рус, профессор (1901), академики АИ Русия (1913). Аз оилаи  хизматчӣ. Гимназияи 8-уми Петербургро соли 1887 бо медали тило ва факултети забонҳои шарқи Университети Петербургро (1891) хатм намуд.

 Бартолд аз солҳои донишҷўияш таърихи халқҳои Шарқро омўхтааст. Барои  аввалин мақолаи илмиаш «Дар бораи дини насронӣ дар Осиёи Миёна» сазовори медали нуқраи Донишгоҳи Петербург шудааст.

 Бартолд солҳои 1891-1892 бо тавсияи арабшиноси маъруфи рус  В.Р.Розен ба Финляндия, Олмон, Шветсия, Итолиё, Австрия ва Маҷористон сафар карда, дониши худро такмил дод ва назди профессор А.Мюллер нозукиҳои забонҳои  шарқ, аз ҷумла забонҳои арабӣ, туркӣ ва суриягиро омўхт.

 Соли 1893 бо роҳхатти АИ Русия ва Донишгоҳи Петербург бори аввал ба Осиёи  Миёна омад ва ба  ҷамъовариии  маъхазҳо  оид ба таърихи ин сарзамин шурўъ кард. Зимни сафари илмӣ дар  Тошканд маҳфили  дўстдорони бостоншиносӣ ташкил намуд ва дар рўзномаҳои «Туркестанские ведемости» ва «Окраина» як силсила мақолаҳо чоп  кард. Дар  Хуҷанд, Ўротеппа, Оқтеппа ва Шаҳристон низ бисёр маъхазҳои  хаттиро  баррасӣ  намуд.

 Бартолд  дар давоми 38 соли фаъолияти илмию таҳқикқотияш бештар аз 400 асар – монография, рисолаҳои  илмӣ ва мақолаҳову хотираҳо  навиштааст, ки аз ҷумла танҳо дар «Энсиклопедияи  исломӣ» 246 мақола ба табъ расондааст. Солҳои 1895 -98 дар китобхонаҳои Лондон, Порис, Берлин ва дигарон шаҳрҳои Аврупо дастхатҳои бисёреро оид ба таърихи Шарқ омўхта, ҳамроҳи туркшиноси  машҳури рус В.В.Радлов чанд мақолаи илмӣ ба забони олмонӣ дар Берлин ба табъ расонд.

 Бо ташаббуси вай соли 1914 барои омўхтани этнография ва лингвистикаи  музофоти Бадахшон сафари илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил  карда шуд, ки ба ҳайати он Р.Готе, Хаников Н.В., Зарубин И.Н. дохил буданд. Бартолд дар таъсиси  Донишгоҳи  давлатии Осиёи Миёна дар Тошканд фаъолона ширкат намуд. Худаш профессори он ва институтҳои шарқшиносии Маскаву Ленинград, дигар университет ва инсититутҳои  ватанию хориҷӣ буд. Ҳамчун раиси доимии ҳайати мушовараи шарқшиносони АИ ИҶШС, роҳбари шуъбаи  тоҷикистонии  Комиссияи омўзиши этнографияи Осиёи Миёна, узви Шурои илмии  экспедитсияи Помир дар инкишофи  илми  шарқшиносӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Ҳамчунин хидматаш дар ташкили осорхонаву китобхонаҳои шарқшиносӣ, ҷамъоварии дастхатҳои шарқӣ низ бузург аст. 1

 9 августи соли 1930 дар Ленинград ( ҳоло Санкт-Петербург) аз дунё даргузашт.

 Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе: Адиб, 2013. – Ҷ.2. –                                                                                                                                     С. 387.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Владимир Бартолд ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед мутолиа намоед:

Бартольд, В. Отчёт о поездке в среднюю Азию с научной целью в 1893-1894 гг. – СПБ, 1897. – 151 с.

Бартольд, В. Отчёт о командировке в Среднюю Азию. – 6 с.

Бартольд, В. Ещё о Самаркандских оссуариях. – Императорской Академии Наук, 6 с.

Бартольд, В. Ещё об ананиме  Искендера. – Ленинград: Академия Наук ССР, 1929. – 180 с.   

Бартольд, В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия: Сочинения. – Москва. – Восточной литературы, 1963. – Т.1. – 760 с.                                                                            

Бартольд, В.В. Тоҷикон: Очерки таърихӣ / Пешгуфтори М.Мулоаҳмадов // Садои Шарқ. – 1990. – №1. – С.92-103.

               Дар  бораи олми шинохта

Умяков, И.И., В.В. Баротов по поводу 30-летия       профессорской деятельности. – Ташкент, 1926. – 202 с.

Акрамов, Н. Академик В.В. Бартольд. – Душанбе: Ирфон. – 1976. – 50 с.

 Олимова, С.,Олимов,В. Ба гузашта бо диққат назар андозем: Тафсири таърихӣ–фалсафӣ перомуни ёдоштҳои академик Бортолд.В.В // Коммунисти Тоҷикистон. – 1990. – №4. – С.76-80.

Воҳидова,С.(Сановбар). Бартолд ва тараннуми фарҳанги тоҷикӣ: Оиди самтҳои асосии фаъолияти илмии шаршарқшиноси ҷаҳон, академик Василий Владимирович Бартолд // Ҷумҳурият. – 2019. – 30 июл.

Конференция, посвешенная вкладу академика Василия Бартольда в изучение Ценральной Азии: В Академии образования Таджикистана состоялась конференция посвещенная 150 – летию со дня рождения академика В.В. Бартольда // Вечерка. –  2019. – 10 июл.

   Таҳияи Парвина Қаюмова

   корманди шуъбаи библиографияи миллӣ