Адиб, сиёсатмадор, тарҷумон...
Ҳарчанд мактаби олии сиёсиро хатм кард ва ҳарчанд солҳо дар дастгоҳи сиёсии комсомол ва ҳизби коммунист кор кард, мудири шуъба ҳам буду Котиби комсомол ҳам, вале дар ёдҳо чун нависанда ва тарҷумон боқӣ монд. Ибод Файзулло шояд аз миёни ҳамаи аҳли адаби қарни гузашта бештар ба корҳои сиёсӣ ҷалб шуда буд. Вале имрӯз ҳам фаъолиятҳои журналистиву нависандагии ӯ барҷастатаранд.
Ибод Файзулло 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркўҳӣ ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДДМТ) -ро хатм кардааст.
Солҳои 1959-1963 мудири шуъба, ҷонишини котиби масъули рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият), 1963-1965 муҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) буд.
Соли 1965 котиби КМ комсомолии Тоҷикистон интихоб мешавад. Аз соли 1969 муовини мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон буд. Соли 1977 мактаби олии ҳизбии Маскавро хатм карда, солҳои 1977-1979 муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» таъин мешавад.
Солҳои 1979-1981 мудири шуъбаи маданияти КМ ҳизби коммунист, соли 1981 котиби ИН Тоҷикистон интихоб мешавад. Соли 1999 муҳаррири рўзномаи «Паёми Душанбе» буд.
Фаъолияти адабию журналисти Ибод Файзуллоев аз навиштани фелйетонҳо ва ҳикоятҳои ҳаҷвӣ оғоз ёфтааст. Аввалин фелйетонҳои ў дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» чоп шудаанд.
Беҳтарин очерку ҳикоя ва фелйетонҳои адиб дар маҷмўаи «Роҳҳои зиндагӣ» (1966) гирд омадаанд. Мавзўи марказии очеркҳои ў одамони муосир, тарзи зиндагӣ, меҳнату мубориза ва хислатҳои наҷиби онҳо аст.
Асарҳояи нависандаи тоҷик аз соли 1957 чоп мешаванд. Китобҳояш «Ба сўи нур» (1966), «Рў ба офтоб» (1966), «Садоқат» (1967), «Гулхани дўстӣ» (1969), «Падарон ва фарзандон» (1971), «Дур аз фронт» (1973), «Ошёни баланд» (1974), «Достони ҷангали сабз» (1977), «Борони баҳорон» (1979), «Савганд» (1983), «Қарзи фарзандӣ» (1985), «Аскари қаторӣ» (1987), «Кўҳи панҷум» (1996) аз чоп баромаданд, ки очерку ҳикоя, лавҳаву повестҳои беҳтарини адибро дар бар мегирад.
Асарҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ ва ўзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ибод Файзулло осори С. Аҳмад, Г.Бакланов, Л.Ленч, С.Зунунова, И.Ракша, М.Исхокас, Л.Гурунс, драмаҳои А.Хугаева «Андро ва Сандро», А.Тарозӣ «Букени бобарор» ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Симоҳои адабии М.Турсунзода, М.Қаноат, Р. Ҳамзатов, Р.Рождественский, А.Олимҷонов, А.Шукўҳӣ, Ғ.Ғулом ва дигаронро офаридааст, ки бисёр ҷолибанд.
Вакили мардумӣ дар парлумон буд, бо чанд нишон ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Аз соли 1974 узви Иттифоқи Нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Файзулло 17 октябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Аз Ибод Файзулло ва дар бораи ӯ метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед:
Файзуллоев, И. Роҳхои зиндагӣ: Очеркхо, ҳикояҳо ва фелетенҳо. – Душанбе: Ирфон. 1965. – 88 с.
Файзуллоев, И. Дур аз фронт: Повест. – Душанбе: Ирфон. 1973. – 142 с. Файзуллоев, И. Қиссаи бешаи сабз. – Душанбе: Ирфон. 1976. – 84 с. Файзуллоев, И. Қарзи фарзандӣ: Повесту ҳикоя, очерку публитсистика. – Душанбе: Ирфон. 1986. – 367 с.
Файзуллоев, И. Аскари қаторӣ: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1987. – 208 с.
Файзуллоев, И. Бахт; Шаҳтут: Ҳикояҳо // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 22 ноябр.
Файзуллоев, И. Дўст ояд, гарм дар оғўш гир! // Тоҷикистони шўравӣ. – 1991. – 18 март.
Файзулло, И. Аз хазинаи «Шаҳрошўб»; Соҳили ғуссаҳо: Ҳикоя // Тоҷикистон. – 1994. – 10 июн.
Файзулло, И. Кўҳи панҷум: Қисса ва очеркҳо. – Душанбе: Адиб, 1996. – 192 с.
Файзулло, И. Дар чоркўҳ, зери сада, лаби чашма: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1997. – 12 июн.
Файзулло, И. Боз баҳор меояд…: Порча аз роман // Минбари халқ. – 1998. – 9 декабр.
Файзулло, И. Мавзеи ошиқон: Ду ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 18 ноябр.
Тарҷумаҳои Ибод Файзулло:
Грунц, Л. Сангреза: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи И. Файзуллоев // Тоҷикистони советӣ. – 1960. – 29 май.
Мерас, Ц. Ин ҷаҳон бар дўши кист?: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи И. Файзуллоев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1967. – 22 феврал.
Красавицкая, М. Лола : Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи И. Файзуллоев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1972. – 4 июн.
Мележ, И. Булкин: Ҳикоя / Тарҷумаи И. Файзуллоев // Тоҷикистони советӣ. – 1979. – 14 январ.
Семенов, А. Субҳ: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи И. Файзуллоев // Тоҷикистон советӣ. – 1980. – 9 март.
Ракша, И. Кроссворд: Ҳикоя / Тарҷумаи И. Файзуллоев // Маданияти Тоҷикистон. – 1984. – 13 январ.
Ракша, И. То Чукотка дур аст магар?: Повест / Тарҷумаи И Файзуллоев // Садои Шарқ. – 1984. – № 2. – С. 83-109. Фелйетонҳои
Ибод Файзулло:
Файзулло, И. Пистаи бемағз: Фелетон // Тоҷикистони советӣ. – 1959. – 29 ноябр.
Файзулло, И. Оворагард: Фелетон дар бораи зооветринари колхози «Москва»-и шаҳри Қўрғонтеппа П.Ф.Датий // Тоҷикистони советӣ. – 1962. – 16 январ.
Файзулло, И. Лаъли Бадахшон: Лавҳа // Бадахшони советӣ. – 1975. – 12 декабр.
Файзулло, И. Дарси ҳисоб: Ҳикояи воқеӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1976. – 14 март.
Дар бораи нависанда Ибод Файзулло:
Калиммулоев, Р. «Роҳҳои зиндагӣ». Китобиёт: Дар бораи маҷмўаи ҳикояю очерк ва фелетонҳои Ибод Файзуллоев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 30 январ.
Зоҳиров, М. Хумори дўст: Ба ифтихори 70- солагии нависандаи маҳбуб Ибод Файзулло // Садои мардум. – 2005. – 9 апрел.
Зайниддинов, М. Офарандаи хотираҳои офтобӣ: Бахшида ба 70-солагии ҷашни адиби маъруфи тоҷик Ибод Файзулло // Ҷумҳурият. – 2005. – 26 июл.
Давронов, А. Сарбози қатории адабиёт: Адиби шинохта Ибод Файзулло // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 6 октябр.
Ватаншо, М. Ёде аз инсони наҷиб: Ёде аз адиб Ибод Файзулло // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 16 сентябр.
Бозоров, Н., Ёрова, З. Қаламкаше заҳматписанд: Ёднома аз нависанда ва публитсисти варзида, заҳматписанд Ибод Файзуллоев // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 30 январ.
Зоҳиров, М. Ёде аз рўзноманигор, фелетоннависс бомаҳорат, нависанда Ибод Файзулло // Ҷумҳурият. – 2015. – 7 апрел.
Ватаншо, М. Ёде аз устод ва инсони наҷиб: Ба ифтихори 80-солагии шодравон Ибод Файзулло // Миллат. – 2015. – 8 апрел.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ