Догма аз калимаи юнонӣ гирифта шуда маънояш – андеша, қарор, аҳком, муқаррарот мебошад. Догма – догмат, таълимот ё нуктаҳои алоҳидаи он, ки ҳамчун ҳақиқати бидуни исбот, бе ҳеҷ асоси таҷрибавӣ ва санҷиши амалӣ, танҳо дар асоси эътиқоти динӣ ё итоати ноогоҳона ба шахсият пазируфта мешаванд. Догмаҳо аз ҷониби пайравони он новобаста ба воқеияти мушаххас, шароити макон ва замон қоиму устувор дониста мешаванд. Бунёди ҳама гуна динро аҳкоме ташкил медиҳанд, ки тамоми пайравонаш ба онҳо бовар ва эътиқод дошта, зери шакку шубҳа ва танқид гузошта намешаванд. Дар илм аксар вақтҳо ин ё он таълимоту назарияи куҳнагардидае, ки аз ҷониби донишмандон дастгирӣ ва ҳимоят меёбанд, шакди догмаро мегиранд.
Догмаҳо ба нишондодҳои назариявие дахл мекунанд, ки таълимоти куллиро дар бораи Худо, инсон ва ҷаҳонбинии динӣ муайян месозанд. Догмаҳо афкори асосии мовароуттабиӣ ва илоҳиётро инъикос менамоянд, таълимоти маънавӣ ва назарияҳои динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, зебоишиносӣ ва ғайра дар асоси онҳо бунёд меёбанд.
Дар китобҳои муқаддаси динӣ шояд доир ба ягон масъалаи мубрами зиндагӣ ва роҳҳои ҳалли он ишора нарафта бошад, вале догмаҳо ҳамчун ҳақиқати эътиқодии умумиҳатмӣ барои дарёфти роҳи ҳалли бисёр масъалаҳо пазируфта мешаванд. Аз нуқтаи назари илоҳиёт, маърифати зоти Худованд барои хиради инсонӣ дастнорас аст, китобҳои муқаддас ва олами офаридаи Худо барои шинохти пурраи ў имкон намедиҳанд, аз ин рў, дар чунин ҳолатҳо догмаҳо шинохти Худовандро тавассути таҷрибаи муносибати инсон бо Худо муяссар мегардонанд.
Догматизм чист?
Догматизм тарзи тафаккури сатҳиву карахти зиддитаърихӣ, инкишофнаёбанда, ки дар он таҳлилу баррасӣ ва баҳогузории назариявию амалии масъалаҳо ва ҳолатҳо бе назардошти воқеияти мушаххас, шароити маконию замонӣ сурат мегирад. Догматизм ба таълимоти тағйирнаёбанда, абадию азалӣ ва ғайри қобили интиқод такя менамояд.
Ба догматизм надоштани назари интиқодӣ ва шубҳа ба догмаҳо, қабул надоштани иттилооти ба онҳо мухолиф ва эътиқоди бечунучаро ба шахсиятҳои муътабар хос аст. Мафҳуми догматизм бештар дар сиёсат, фалсафа ва ҳаёти динӣ истифода мешавад.
Догматизми мазҳабӣ ба динҳое хос мебошад, ки эътиқод ба догмаҳоро талаб намуда, онҳоро ҳамчун ҳақиқати абадию азалӣ медонанд ва аз пайравонашон эътирофи бечунучарои онҳоро талаб менамоянд. Истилоҳи догматизм дар фалсафа шаккокиёни Юнони Бостон – Пиррон ва Зенон ворид кардаанд, ки мункири имкони донишҳои ҳақиқӣ буданд. Онҳо файласуфонро дар баровардани хулосаҳои тасдиқӣ оид ба ҷавҳари ашё ба догматизм айбдор мекарданд.
Минбаъд моҳияти ин истилоҳ дигар шуд. Кант догматизмро ҳама гуна маърифате медонист, ки ба таҳқиқи қаблии имконияту заминаҳои он асос наёфта бошад.
Ҳегел догматизмро тафаккури мовароуттабиию мулоҳизакорона мешумурд. Догматизм аз ҳаёти воқеӣ дур буда, фикру мулоҳизаи ба он зидро қабул надорад. Хусусияти догматизм дар он зоҳир мешавад, ки таълимот ва назарияеро бидуни исбот ба сифати ҳақиқат қабул мекунад. Догматизм бо диалектика ҳамчун илм дар бораи инкишоф дар тазод аст. Асоси маърифатии догматизм муносибати яктарафа ба ҳақиқат ва эътироф кардани шинохти лаҳзаи мутлақ дар он дар баробари ба эътибор нагирифтани нисбияти он мебошад. Сарчашмаҳои иҷтимоии догматизм ба ҳавасмандии табақавию гурўҳӣ ва баъзан инфиродӣ ба ақибмондагӣ, ҳифзу пойдории вазъ ва тасаввуроти муайяни таъминкунандаи ҳолату вазъияти устувори мудрик вобастаанд. Нишонаи ҳатмии догматизм ҷудо будани назария ва амалия аст. Диалектикаи моддигароёна ба тафаккури таҷридӣ-догмавӣ ақидаи вуҷуд надоштани ҳақиқати муқобил мегузорад. Ин ҳамаҷониба ба эътибор гирифтани робитаҳои мутақобилаи диалектики мудраки таҳқиқ ва тамоюли рушди онро дар назар дорад.
Бозчон аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6. – С. 46-47.
Муаллиф: М. Диловаров.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.