Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: БОЗИҲОИ МАРДУМӢ

Баъзе  бозиҳои миллӣ ва халқӣ намоишианд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз  дар байни мардуми тоҷик роиҷ буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқиӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои Дорбозӣ, Масхарабозӣ,  Қофиябозӣ (Аския), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Юрмонбозӣ, Суғурбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ, Кафтарбозӣ, Бедонабозӣ, Кабкбозӣ, Қучқорбозӣ, Аспакбозӣ, Харбозӣ, Шолбозӣ, аз ҷумлаи чунин бозиҳои намоишӣ буданд. Бозиҳои миллӣ ва халқӣ барои рушди ақл, идрок, эҳсос, тахайюл, ирода, диққат, хотира ва амсоли инҳо саҳми калон мегузоранд.

Бозиҳои мардумӣ, фаъолиятҳоеянд, ки ҳамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба сину сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ, ва зебошиносии инсон хидмат мекунанд. Умуман бархе аз фаъолиятҳои одамӣ ба монанди рақс, намоиш, мусиқӣ, бозиҳои расму ойинҳо, масалан дар Наврӯз ва Меҳргон низ марбут ба бозиҳои миллӣ ва халқӣ мебошанд, ки решаи онҳо ба замонҳои бостон мерасад. Тамоми ҷашну ид, маъракаву  тӯй, пирӯзӣ ва дигар маҳфилҳои хурсандии мардуми тоҷикро бидуни бозиҳои миллӣ ва халқӣ тасаввур кардан номумкин аст. Дар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ дар ин бора зиёд ёдоварӣ шудааст:                                                                                                                                           

Сари шаҳрёрон ба разм андар аст,
Туро дил ба бозию базм андар аст.

Бархе аз ин бозиҳои миллӣ ва халқӣ аз замонҳои бостон то рӯзгори мо расидаанд. Номи бархе аз қадимтарин бозиҳои миллӣ ва халқии тоҷикон ба забони форсии миёна дар китоби «Хусрав ва редак» омадааст, ки бештари онҳо то ба имрӯз дар байни тоҷикон дида мешаванд: расанвозиг – расанбозӣ, занҷирвозиг –  занҷирбозӣ, дорвозиг – дорбозӣ, морбозиг – морбозӣ, чанбарбозиг – чанбарбозӣ, тирвозиг – тиандозӣ, тосвозиг – тосбозӣ (косабозӣ), вандвозиг – бандбозӣ, андарвойвозиг – муаллақ задан, зинвозиг – чобукӣ ва маҳорат дар корбурди ҷангафзор, гӯйвозиг – гӯйбозӣ, шамшервозиг – шамшербозӣ, дашнавозиг – ханҷарбозӣ, варзвозиг – гурбозӣ, шишаквозӣ – шишабозӣ, яъне бозӣ бо пиёла ва суроҳӣ, кабигвозиг – маймунбозӣ ва ғайра. Дар бахши дигари ҳамин матн ғулом бо баршумурдани маҳоратҳои худ ба се бозии дигар: шатранҷ, нард ва ҳаштбой низ ишорат кардааст.

Дар осори таърихӣ, фалсафӣ ва адабии беш аз ҳазорсолаи форс-тоҷик ва дар фарҳангҳо ишорат шудааст, ки бозӣ дар гузашта ҳамчун воситаи тафреҳ бо мазҳаб омехта будааст. Ба муносибати ҷашнҳои мазҳабӣ низ мусобиқаҳо, бозиҳо, рақсу сурудхониҳо баргузор мешудааст. Дар осори адабиёти классикии форс тоҷик бозиҳои миллӣ ва халқӣ ба монанди қимор охундбозӣ, луъбатбозӣ, ростбозӣ, таблбозӣ, шоҳидбозӣ, шамшербозӣ, шаббозӣ, ишқбозӣ, гушодбозӣ, мӯҳрбозӣ, найзабозӣ, гӯйбозӣ ва ғайра ишорат шудааст.

Як бахши муҳимми бозиҳои миллӣ ва халқӣ бозиҳои кӯдакон мебошанд. Ин бозиҳоро калонсолон ба кӯдакон ёд медиҳанд ва худи онҳо раванди бозиро идора карда, онҳоро ба роҳи дуруст равона месозанд. Дар ин бозиҳо калонсолон таронаҳо хонда, суханҳои шӯхиомези кӯдакона мегӯянд ва ҳаракатҳои сода мекунанд. Масалан, бозиҳои сарак-сарак, ҳадурсӣ, ҳавзак-ҳавзак, лелак-лелак, додари додарон, шутури лука, абӯлакам, дорбоз, сагакум, огулакум аз ҷумлаи чунин бозиҳое мебошанд, ки калонсолон ба воситаи ҳаракати панҷаи даст, пой, лаб, даҳон, қиёфабозӣ кӯдакро саргарм менамоянд. Калонсолон ҳангоми нахустин ҳаракатҳои кӯдак бо ӯ бозӣ мекунанд. Масалан, модар, апа, амма, холла, бо кӯдак бозикунон суханони зеринро ба кор мебаранд: «Чакада зан, чакада, Чакада зан, чакада». Замоне ки бача ҳаракати қадам задан мекунад, мегӯянд: «Лӯка, лӯка кун, Дӯка, дӯка кун», ё ки «то-то-той, Худо ҳамрош, то-то-той», «по-по, те-те, мӯзазурхак», ё ки: «Татай, попо, / Ангур лола, /Бигӣ, биху, / Будав, биё, / Духтари мо».

Падар, бобо, ака, ҳангоми бо кӯдак бозӣ кардан аз чунин ҳаракатҳо истифода менамояд. Масалан, падар кӯдакашро ба сари даст гирифта бо ӯ бозикунон мегӯяд: «Тарбузи ғелони дада / Химчаи ларзони дада / Танӯри тафсони дада /Фатири часпони дада / Нахӯди бирёни дада». Вақте ки падар бо кӯдаки 2-3 сола машғули бози мешавад, ӯро дар канораш шинонда, ангушти ишорат ва мобайниашро дар шакли ду пой карда, ба самти кӯдак аввал оҳиста-оҳиста ва баъд тезе тез «бирафт-бирафт-бирафт»- гӯён ба бадани вай наздик мешаваду ӯро хала мекунад, ки кӯдакон аз чунин бозиҳои калонсолон ба завқмеоянд. Чунин бозиҳо дар асл бозии калонсолон бо кӯдак аст, ки онҳоро ба ҳаракат кардан, қадам задан, гуфтугӯ кардан водорменамоянд.

Бахши дигари бозиҳои миллӣ ва халқӣ хосси наврасону ҷавоно буда, бештар барои нишон додани маҳорат, талошу кӯшиши дар байни ҳамсолон пайдо кардани мавқеи муайян равона карда шудааст. Онҳо неруи ақлонӣ, ҷисмонӣ, чустию чолокӣ ва таҳаммули хешро дар чунин бозиҳо нишон медиҳанд. Атал-матал, Сафедчӯбак, Сангчабозӣ, Тасмабозӣ, Бодпарак, Буҷулбозӣ, Шудбур, Аспгирак, Каппа-каппабозӣ, Кӣ зӯртар, Як калинбозӣ, Гачбозӣ, Лолачинӣ, Давранишинӣ, Рустшавакон, Тухмбозӣ, Китфҷанг, Зувбарак, Ваҷабпарак, Гӯшкашак, Мусичабозӣ, Ҷумъабозӣ, Ғирғиракбозӣ. Бандбозӣ, Донакбозӣ, Харакбозӣ, Фалахмонбозӣ, Камонбозӣ, Лойбозӣ, Қолбозӣ, Акколбозӣ, Лаклакбозӣ, Кабутарбозӣ, Ланкабози (Сурббозӣ), Аспакбозӣ, Иштибозӣ, Лаптабозӣ, Тухмҷанг, Хурӯсҷанг, Сагҷанг, Ҷаҳакбозӣ, Алафдаравак, Лашбозӣ, Таёқбурӣ, Кӯрабозӣ, Харбуза пухт, Равотбозӣ, Чормағзбозӣ, Подшоҳбозӣ, Ҳаппакбозӣ, Гӯшакбозӣ, Аскарбозӣ, Чистонгӯӣ, Чистон-булбулон, Тути кал, Парид-парид, Мактаббозӣ, Меҳмонбозӣ, Барфбозӣ, Яхмолакбозӣ, Қадама, Тоқизанак, Бингина, Тезгӯяк, Қофиябозӣ, Мушоира, Байтбарак, Нардбозӣ, Шатранҷбозӣ, аз ҷумлаи чунин бозиҳо мебошанд. Дар аксари ин бозиҳо духтарон хеле фаъолона иштирк менамоянд. Илова бар ин духтарон боз бозиҳои махсуси худро, ба монанди лӯхтакбозӣ (зочабозӣ_, арӯсбозӣ, сангчабозӣ, меҳмонбози ва ғайра доранд, ки дар байни писарбачагон мавҷуд нест.       

Бозиҳои миллӣ ва халқии Бузкашӣ, Гӯштингирӣ, Пиёдакашак, Лаклакбозӣ, Чавгонбозӣ, Сараспа, Зарбузӣ, Қабақ, Найзабозӣ, ва ғайра бештар дар байни калонсолон маъруф аст.

Баъзе  бозиҳои миллӣ ва халқӣ намоишианд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз  дар байни мардуми тоҷик роиҷ буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқиӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои Дорбозӣ, Масхарабозӣ,  Қофиябозӣ (Аския), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Юрмонбозӣ, Суғурбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ, Кафтарбозӣ, Бедонабозӣ, Кабкбозӣ, Қучқорбозӣ, Аспакбозӣ, Харбозӣ, Шолбозӣ, аз ҷумлаи чунин бозиҳои намоишӣ буданд. Бозиҳои миллӣ ва халқӣ барои руди ақл, идрок, эҳсос, тахайюл, ирода, диққат, хотира ва амсоли инҳо саҳми калон мегузоранд.

Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум) ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.

Таҳияи Ҷӯрахон Ғафуров,
сармутахасисси шуъбаи
адабиёт доир ба
фарҳанг ва ҳунар.