Ҳамкорони мо: ЗУМРАТБӢ ЭМОМОВА
Кам нестанд дар Китобхонаи миллӣ афроде, ки метавон дар бораи онҳо навишт. Ин ниҳоди фарҳангии кишвар бо таърихи 85-солаи худ даҳҳо нафареро чун инсон ва чун корманд ба камол расондааст, ки зиндагинома ва фаъолияти кориашон омурзанда аст.
Инҳо афроде мебошанд, ки дар мушкилтарин солҳо тарки кору вазифа ва касб накардаанд. Онҳо гоҳо моҳҳоро бидуни маош ҳам пушти сар кардаанд, вале нагузоштаанд, ки ин махзани китоб, ин дороии нодири миллат ба боди фано равад.
Дар миёни ин афрод касоне ҳастанд, ки ҳамроҳ бо китобдорӣ ва хизмат бо хонандагон даст ба пажуҳишҳои илмӣ задаанд. Ва бозӣ чӣ пажуҳишҳое! Аз миёни ин афрод даҳҳо тан номзадҳои илманд ва ҳамзамон бо ин дар муассисаҳои таълимӣ ҳам дарси китобу китобдорӣ медиҳанд ва шогирдон ба камол мерсонанд.
Дар миёни онщо докторони илм ва профессорон ҳам ҳастанд, ки фаъолияти кории худро аз утоқҳои тангу толорҳои хониши китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ шурӯъ кардаанд. Ва инҳо улгуе дар кори китобдоронанд, ки ҳаёташон, фаъолияташон намунаи ибрат аст ва онҳоро бояд ҳамагон бишносанд.
Дар миёни ин касон боз шахсоне ҳастанд, ки танҳо бо заҳмати покашон ифтихор доранд. Инҳо нишону медал надоранд, вале ифтихономаи хонанда доранд. Хонандагон аз хизмати онҳо розианд ва ин бузургтарин иқбол аст.
Ва яке аз онҳо бону Зумратбӣ Эмомова аст. Ин бонуи кушодачеҳра таҳсилкардаи риштаи менеҷменти Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ аст ва ихтисосаш иқтисод мебошад. Баъди хатми Донишгоҳ чандин сол дар вазифаи нозири бахши таҳрири ҳуҷҷатҳои воридиву ва ирсолшавандаи котиботи Вазорати Даромадҳо ва пардохтҳо фаъолият кардааст. Мутахассиси пешбари шўъбаи омори ҷамъбаст ва таҳлили иқтисодӣ, мутахассиси пешбари бахши бойгонии Сардори Сарраёсати Агенти Омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ будааст.
Аммо аз соли 2013 ба Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси шўъбаи абонементи байни китобхонаҳо ба фаъолият пардохтааст.
Мухтасари корномаи ӯ ҳамин аст. Зумратбӣ 20-уми апрели соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб дида ба олам кушодааст.мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло дар ҳамин шаҳр хатм кардаву баъдан барои идомаи таҳсил ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе омадааст ва минбаъд дар ҳамин шаҳр иқомат карда ва бахти аввал ин ҷо ёфтаву хона обод кардааст.
Зумратбӣ вақте ба китобхона ба кор омад, барояш лозим шуд ба тағйири ихтисосаш замина фароҳам орад. Вай наметавонист бо дипломи андозу ҳисобдорӣ кори китобу китобхона кунад. Аз ин рӯ аввалин коре, ки кард давраи омӯзишии библиографиро дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ хатм намуд ва соҳиби шаҳодатнома шуд. Баъдан давраи омӯзишии “Таснифоти даҳгонаи унверсалӣ” ва кампютериро ҳам ба анҷом расонид ва донишҳои назариявии худро ғанӣ кард, онҳоро дар кори ҳамарӯза дар амал татбиқ намуд.
Корро дар шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо аз хизматрасонӣ ба хонандагон, кор бо санадҳо дар феҳристи алифбоӣ ва мураттабӣ дар фонди шўъба, аз нав омода намудани ҷудошавандаҳо ва нишондиҳандаҳо, сўҳбат бо хонандагон аз эҳтиёҷоти онҳо ба китоб оғоз кард. Ҳар рӯзи кор дар ҷойи нав барояш армуғони тоза дошт. Вай талош мекард пайваста омӯзад ва бо кори китобдорӣ пурратар ошно шавад.
Ғайр аз ин аз оғоз вазифаҳои ҷобаҷогузории адабиётҳои нав ба фонди шўъба, баргардонидани китобҳо ба маҳзанҳои китоб, таҳлили формулярҳои хонандагони қарздор, тартиб додани рўӣхати касоне, ки аз Китобхона китоб қарздор буданд, ба компютер ворид намудани маълумот дар бораи онҳо, сабти номи хонандагони нав аъзошуда низ аз ҷумлаи фаъолиятҳои ҳамарӯзии Зумратбӣ буданд. Ва ин серкорӣ ӯро пухта кард, бештар омӯхт, амалан омӯхт ва ҳар омӯзиш мушкилашро дар фаъолияти ҳамарӯзӣ осон мекард.
Мегӯяд “ба кор дар системаи давлатӣ шавқу рағбати беандоза дорад. Навовариро дар кор бештар меписандам ва ҳамеша кўшиш мекунам корам писанд ва мақбули дигарон бошад. Дар кор ҳамеша ташаббусро аз худам талаб мекунам ва нигарони дигаргунӣ хастам. Кўшиш мекунам кори иҷро намудаам бо сифат ва аъло бошад”.
Дар айни замон Зумратбӣ Эмомова сардори шуъбаи таҳрир ва интишорот ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи Абонементи бабайни китобхонаҳо мебошад.
Зумратбӣ Эмомова аз ҷумлаи он даҳҳо бонувони Китобхонаи миллист, ки дар корҳои ободонии муассиса саҳми шосита доранд. Маҳз бо заҳмати Зумратбӣ барин бонувон имрӯз пешу бари Китобхонаи миллӣ аз таровати гулҳои тару тоза шукӯҳи дигар дорад. Ин бонувон дастони ободкор ва гулпарвар доранд ва ҳунари дасти онҳо саҳни бинои Китобхонаро ҳамеша сабзу пургул нигоҳ медорад.
Ва дар мавридҳое дигаронро ҳам, ки дар кори китобу китобдорӣ хизматҳои шоиста кардаанд, ин ҷо муаррифӣ хоҳем кард.