Аз Хуросон сўи Эрон рафта бошад ин забон....
Нашр шуд 2018-10-08 13:39
Ҳар гоҳ, ки аз забон мегўем ибораи «забон ҳастии миллат» ба забон меояд, ки дар он таърих, зарурат, қувват, худшиносӣ, худогоҳии миллат инъикос ёфтааст.
Забони тоҷикӣ асолатан миёни ҳама забонҳои олам куҳнатарин аст ва бо ин забон мероси гаронмояи адабиву илмии халқҳои форснажод навишта шудаанд. Зарфи ҳудудан сӣ соли истиқлолияти давлатӣ дар кишвари маҳбуби мо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат садҳо номгӯ китобҳои қадим аз хати форсӣ ба крилӣ баргардон ва ба мардум расонда шуд. Давлати мо барномаҳои вижае барои рушди забон рӯи даст дорад, ки сол ба сол амалӣ мешаванд.
Албатта ба назари ҳар касе, ки дар мавзўи забони тоҷикӣ чизе менависад пеш аз ҳама таърихи забон, ҷойгоҳи он дар таърих ва ояндаи он дар таърихи миллати мо ба ёдаш мерасад. Ҷойи ниҳон доштан нест, ҳастанд одамоне, ки мегӯянд истифода забони давлатӣ маҳдуд аст ва корхонаву муассисаҳо онро риоя намекунанд, забонамон бо алфози пучу беҳуда олуда шудааст, сухонҳои кӯчагӣ ба забон асар кардаанд ва ғайраву ҳоказо.
Ба назари олимони соҳа агар бо дидаи таҳқиқ ва одилона ба ин масъала назар карда шавад, ба равшани ошкор мегардад, ки дар ин давра забони тоҷикӣ ба таври бесобиқа рушд намуда ва бештар пурбору коромад гардидааст. Вале бояд гуфт, ки дар атрофи калимаҳои худиву бегона баҳсҳои бесару нуг, андешаҳои носуфтаю дағал хеле бисёранд. Баъзан шахс шубҳа мекунад, оё ин шахсон магар дар байни мо тавваллуд ёфта калон шудаанд ё аз осмон фуруд омадаанд. Баъзан оддитарин калимаи адабӣ ё лаҳҷавиро сарфаҳм намераванду оиди забони пур аз калимаҳои бегона сўҳбат мекунанд. Ба як чиз диққат намедиҳанд, ки дар дунё забоне нест, ки олудаи калимаҳои бегона набошад. Забон бо калимаҳои бегона бой мешавад, бахусус забони илм, ки ҳеч забоне дар олам танҳо аз ҳисоби луғати худ ин истилоҳотро комил карда наметавонад.
Махсусан баҳсҳо оиди тоҷикӣ ё форсӣ будани забон моро нигарон кардааст. Чунки аз рўи оддитарин фикри мантиқӣ маълум аст, ки ҳар забон бояд аз номи халқаш бошад, на баракс. Гарчанде, баъзе миллатҳо баъд ба вуҷуд омада метавонанд забони дигар миллаҳоро аз худ гўянд. Ё аз омезиши ду забон як забон ба вуҷуд ояд.
Давлати мо Тоҷикистон ном дорад ва Конститутсияи мо забони ин давлатро тоҷикӣ эълон кардааст ва дигар баҳс бояд набошад, ки номи забони мо форсист ё тоҷикӣ.
Дигар ин ки корбурди калим аҳои бегона дар забон бояд тибқи меъёрҳои худи замон сурат гирад. Ҳоло мебинем, ки донишмандони арҷманди мо талош мекунанд баробариҳоеро ба ин ё он истилоҳ ё калимаи бегона дар забони худамон пайдо кунанд ва агар набошад онро бисозанд ва ҷойгузини калима ё истилоҳи ғайр гардонанд. Ба маънии дигар дар ин самт корҳо рафта истодаанд ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ низ муаззаф шудааст, ки барои покии забон иқдомҳо кунад.
Ба назари ман Президенти кишварамон хеле дақиқу аниқ андешаҳои мо мардуми оддиро дар саҳифаи авали китобашон «Забон-миллат-ҳастии миллат» ифода намуданд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ вар ости миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Аз Хуросон сўи Эрон рафта бошад ин забон,
Андар ин роҳ сад ҳазор бор ғел хурда рафтааст.
Зумратбӣ Эмомова,
Сардори Шуъбаи АБК