Хамоиши муштараки илмӣ- таълимии Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи соҳавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Баъд аз зуҳри дирӯз, 2-уми март бо ташаббуси Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати як гурўҳ кормандони ҷавон дар китобхонаи Донишгоҳи технологии шаҳри Душанбе семинари муштарак баргузор шуд.
Дар семинар роҳбарияти Донишгоҳ , унвонҷӯён , магистерҳо ва донишҷўён ширкат карданд.

Ҷонишини ректори Донишгоҳ  Ғафурҷон Ҳакимов зимни сухани ифтитоҳӣ аз иқдоми Китобхонаи миллӣ ситоиш кард ва гуфт ин боргоҳи маърифат дар баргузории чунин чорабиниҳои хеле муҳим, хизматрасонӣ ба хонандагон дасти расо дорад. Ҳоло, ки дар ҳамкорӣ як семинари муштарак доир мешавад, гувоҳи он аст, ки Китобхонаи миллӣ ба зарфиятҳои китбхонаҳои донишгоҳӣ низ эҳтиром мегузорад.

Дар семинар сардори шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо Моҳира Бахшова дар мавзўъи « Паёми Пешвои миллат – раҳнамои миллат», мутахасиссони шуъбаи мазкур Зумратбӣ Эмомова ва Масрура Мирзоҳасанова дар  мавзўъҳои «Китобхонаи миллӣ- мактаби илму маърифат барои ҷавонон»  ва «Саҳми ҷавонон дар рушди илму фарҳанг» шунида шуд.

Иддае аз кормандони Шуъба аз ҳисоби китобхонаи шахсии худ ба ширкаткунандагон китоб туҳфа карданд ва ҳадяи китоб як бахши муҳим ва ҷолиби чорабинӣ дониста шуд.

Қобили қайд аст, унвонҷӯён ва магистрҳои ин донишгоҳ аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони шуъба ба ҳисоб мераванд. Танҳо аз аввали соли равон аз ин донишгоҳ 176 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.

Дар ин нишаст аз Донишгоҳ зиёда аз 20 ҳазор китоби электронӣ ба Китобхонаи миллӣ таҳфа шуд.