Китоби нав аз ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат
Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Маҳкам Маҳмудзода дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Сотиволдиев Р.Ш. нашри дуюми китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти он дар рушди давлати соҳибистиқлол»-ро рӯйи чоп оварданд.
Китоби мазкур нахустин махзани илмию амалӣ мебошад, ки дар он сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар эҷоди қонунҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, эҳёи анаъанаҳои демократии таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгў ба манфиатҳои олии миллату давлат ва шароити муосири ташаккули ҷомеаи навини тоҷикон мавриди омўзишу таҳлил қарор дода шудааст.
Муаллифон ба татбиқу истифодаи васеи ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки ба хотири ташкилу таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар, рушди қонунгузории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккул ва инкишофи озодонаи ҳар фард, таъмини мустақилияти сиёсию иқтисодии давлат, пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, афзудани эътибори байналмилалии кишвар, таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеа, амалӣ градидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ равона гардидааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст.
Таҷрибаи миллии амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат, ки тибқи он қонунҳо қабл аз пешниҳод ба Парлумон ба муҳокимаи умум гузошта мешаванд, дар ин китоб инъикос гардида, ин раванди демократии қабули қонун ҳамчун таҷрибаи манфиатовар ва ифодакунандаи ҳадафҳои миллии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ва сарбаланду тамаддунофари тоҷик арзёбӣ карда шудааст.
Умуман дар ин китоб аҳамияти ташаббуси қонунгузории Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол мавриди таҳлили муаллифон қарор гирифта, истифодаи васеи китоби мазкур аз ҷониби субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ зимни пешбурди фаъолияти қонунэҷодкунӣ тавсия карда мешавад.