Чопи нахустин китоб дар бораи ноки заминӣ (топинамбур)

Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Партоев Қ., Ясинов Ш.М., Сайдалиев Н.Х. ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навро таҳти унвони «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расониданд.
Бино ба гуфтаи Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон, китоб аз 167 саҳифа иборат буда, дар он маълумотҳои нави илмии олимони тоҷик оид ба аҳамияти зироати топинамбур дар 51 расм, 27 нақша ва 25 ҷадвал нишон дода шудаанд.
Дар ин бора ба Тojnews аз дафтари матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Вай гуфт, ки китоби мазкур бори аввал бо забони давлатӣ чоп мешавад.
Муаллифони китоб оид ба растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар оянда ниҳоят калон хоҳад гашт – топинамбур (ноки заминӣ – Helianthus tuberosus l.) маълумотҳои заруриро ба хонандагон пешкаш намудаанд. Аз ҷумла дар бораи таърихи пайдоиши зироати топинамбур, тавсифи морфологӣ, омилҳои асосии сабзиши он, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодабарии маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озўқаворӣ, сўзишворӣ, хўроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва ин растании фоиданок пешкаш намудаанд.
Муаллифони китоб инчунин чандин намуди ғизоҳоро, ки аз топинамбур тайёр карда мешаванд, нишон додаанд. Махсусан, маълумоти гирдовардашуда доир ба табобати бемориҳои қанд, қалб, меъда бо истифода аз лўндаҳои ин растании табобатӣ  хело муфид мебошанд.

Барчаспҳо: