Интишори китоби нав аз назариёти сиёсии Пешвои миллат

Нашриёти «Контраст»-и пойтахти кишвар китоби нави  «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»-ро аз чоп баровард.

Муаллифони ин китоби пурарзиш доктори илмҳои таърих, мушовири калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар умури арвобити хориҷӣ Зафар Сайидзода, Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода, донишманду муҳаққиқи ҷавон Арафамоҳ Даминова мебошанд. 

Дар ин китоб, ки аз бобҳои «Ҷомеа»,»Давлату давлатдорӣ»,»Амният»,»Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ»,»Сиёсати хориҷӣ» ва «Маънавиёт» иборат аст,  бори аввал ба забони тоҷикӣ мазмуну моҳияти мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат ва консепсияи давлатдории Тоҷикистони муосир баён  шудаанд.

Муаллифон – мураттибон умедворанд, ки омўхтан ва дастури кору амалу зиндагӣ қарор додани ин 31 мафҳуми калидӣ ба ходимони ҷамъиятӣ, олимон, омўзгорон, донишҷўён ва толибилмон дар пешбурди фаъолияти маърифатию илмӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Бо матни комили китоб:
Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Барчаспҳо: