Китоби нав аз рӯзгори «холаи афсонагўй»

Нашриёти «Бухоро», китоби «Умре бо радио»-и муҳаққиқ, рўзноманигор ва муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзодаро аз чоп баровард. Ин китоб доир ба зиндагӣ, фаъолият ва заҳматҳои яке аз собиқадорони соҳаи радио ва театр Ҳалима Насибулина буда, саҳми ўро дар рушду нумуи кори радио бозгў мекунад.

Муҳаққиқи варзидаи журналистика профессор Иброҳим Усмонов дар пешгуфтори китоби мазкур менависад, ки «Ҳилима Насибулина ҳамчун режиссёри радио намунаҳои беҳтарин асарҳои театрҳои тоҷикро ба навори радио сабт карда, ба ин кор машҳуртарини актиёрони мамлакатро ҷалб намуд». Дар воқеъ таҳия ва сабти барномаҳои адабӣ-драмавии Радиои Тоҷикистон бо талошу заҳматҳои ин бонуи хунарманд марбут мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо далелҳои муътамад дар китоби «Умре бо радио»-и Обидҷон Саидзода мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. 

Муаллиф дар таҳқиқоти худ дар баробари истифода аз бойгонии Радиои Тоҷикистон, ичунин аз воқеияти лаҳзаҳои маҳбубу маъруф будани Ҳалима Насибулина ва аз лаҳзаҳои тифлии худ ёд намуда, саҳми ўро дар тарбияи маънавии худ тариқи барномаҳояш, хусусан барномаи «Хоби ширин, хурдтаракон» таъкид мекунад. Воқеан дар солҳои 60-ум ва баъд аз он низ гуфтори «Хоби ширин, хурдтаракон» байни кўдакону наврасон хеле маҳбубу маъруф буд, муҳаққиқ дар ин хусус менависад, ки «Дар гуфтори «Хоби ширин, хурдтаракон» асосан ҳикояҳои дилрабо, қиссаҳои ҷолиб, шеърҳои пандомўз,  ба таври инсенировка таҳия мешуданд. Ҳамин буд, ки дар хонишу қироати матолиби гуфтор асосан ҳунармандони театр ҷалб мешуд, ки Ҳалима Насибулина низ яке аз афсонагўён буд.  Сабки хониш ва нақшофарии ў дар афсонаҳо дар муддати кўтоҳ ба ҳама писанд омад ва ба тахаллуси «Холаи афсонагўй» маъруф гашт».

Ҳалима Насибулина ҳамчун режиссёр ва наттоқ тавонист, ки саҳми арзанда ва беназири худро дар пешрафти радиои тоҷик гузорад ва номи худро ҳамчун шахсияти сарсупурдаи касби хеш дар сафҳаҳои таърих сабт намояд. Китоби муҳаққиқ Обидҷон Саидзодаро метавон ҳамчун подоши заҳматҳои Ҳалима Насибулина унвон кард. Зеро муаллиф дар китоб кору фоъолияти ин бонуи ҳунарро дар такя бо мероси адабию фарҳангии худи ў мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор додааст. Имрўз низ аз тариқи Радиои Тоҷикистон ва Радиои «Фарҳанг» барномаҳои адабӣ-драмавии таҳиякардаи Ҳалима Насибулина шунавонида мешаванд, ки аз ҷониби шунавандагон гарму самимӣ истиқбол мегарданд. Метавон бо боварӣ гуфт, ки асрҳо барномаҳои таҳиякардаи Ҳалима Насибулина гулистони маънавиёти ҷомеаро шодоб гардонида, номи ўро зиндаю ҷовид хоҳанд намуд

Қитоби «Умре бо радио»-и Обидҷон Саидзода бо сабку услуб ва таҳқиқи хеле хуб таҳия шуда, муаллиф бо меҳнату заҳмати худ кору пайкори бонуи ҳунарманду хушсалиқа Ҳалима Насибулинаро пешниҳоди муҳаққиқон ва доираи васеи хонандагон намудааст. Бовари комил дорем, ки китоб аз ҷониби хонандагон ва пажуҳишгарони соҳа истиқболи шоиста хоҳад шуд.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон