Дар толори матбуоти даврӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор шуд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охири худ ба парлумони кишвар бори дигар аз нақшаҳои навини Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик сухан ронда, зикр доштанд, ки «мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод».
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун ташаббускор оид ба масъалаҳои об эътироф гардидааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028 расман оғоз мегардад.
Дар ҳамин иртибот дар толори Шуъбаи мактбуоти даврӣ зери унвони «Ҳаёт бо об месабзад» намоиши рўзномаву маҷаллаҳое, ки фарогири маводи марбут ба масъалаву мавзўи муҳими об ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошанд, ташкил карда шудааст.
Хонандагон метвонанд аз ин намоиши рўзномаю маҷаллаҳо фаровон истифода намоянд.
Абдураҳими Абдуқаҳҳор,
корманди шуъбаи матбуоти даврӣ