Рӯзи ҷавонон фархунда бод!

Ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон рўзи 23 май ҳамчун рузи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҷавонон ҳар гуна ҳамоишҳо ташкил мекунанд, роҳпаймоиҳо доир мешавад, барномаҳои хуби консертӣ, намоишҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Аз сари субҳ шабакаҳои иҷтимоӣ саршори табрикоту таманниёт ба ифтихори ин рӯз аст. Ва хабарҳои зиёде ҳам аз гӯшаву канори кишвар нашр шуданд, ки аз таҷлили Рӯзи ҷавонон ҳикоят мекунанд.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо идомадиҳандаи анъанаҳои неки давлатдории миллати куҳанбунёди мо ҳастанд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон, таъмин намудан ба ҷойҳои нави корӣ, донистани илмҳои техналогияи коммуникатсионӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намудаанд ва пешниҳодҳои ҷавононро баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон доимо дастгирӣ менамоянд. Ҷавононро мебояд аз ин имкони хуб истифода намоянд.

Имрӯз барои ҷавонии хушбахт дар кишвар ҳама шароитҳо фароҳаманд. Бахусус, дари муассисаҳои илмӣ ба рӯйи ҷавонон бозанд. Миллат аз ҷавонон интизори кушоишҳои илмист ва танҳо доштани дониши хубу замонавӣ метавонад дари фатҳу кушоишҳои илмиро боз кунад.

Тавре, ки Пешвои миллат зикр намудаанд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерўи созанда ва ояндаи миллатанд». Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан ҳизмати содиқона намуда, марзу буми  онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медоранд.

Ҳамасола сафи ҷавонон хизматчиёни давлатӣ дар мақоми давлатӣ афзоиш ёфта истодааст. Дар ҳоли ҳозир шумораи ҷавонони то сини 35 - сола дар байни хизматчиёни давлатӣ ҳудуди 50%-ро ташкил намуда, 23%-и дар ҳайати корҳои роҳбарикунанда азми фаъолият доранд.

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи афкори нав, эҷодкори тақдири имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ғамхории Пешвои миллат нисбати ҷавонон рўз аз рўз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтаринро дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омўзишгоҳу қоллеҷҳо фароҳам намудаанд.  

Яке аз калонтарин муассиаҳои фарҳангиву маърифатӣ Китобхонаи миллӣ мебошад. Толорҳои хониши муҷаҳҳаз бо ҳама шароити хуби замонавӣ интизори ҷавонони илмдӯсту донишомӯзанд. Теъдоди аъзои китобхона аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз меафзояд ва имрӯз кас толорҳои пур аз хонандаро дида, ба ояндаи неки кишвар умед мебандад. Зеро дӯстиву улфатӣ бо китоб роҳи ягонаи рушди ояндаи кишвар аст. Аз ҷавонони бедор, миллати бедор кишвар шукуфон мешавад. 

Ба ҳамаи ҷавонон ин рӯз хуҷаста бод!

Шаҳло Раҳимова,
кормандни шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ