Китобхонаи миллӣ дар як гузориши тасвирӣ

  Ин суратгузоришро ҳамкори мо Абдуғаюр Саломов омода кардааст. Як силсиланавор аз имрӯзу дирӯзи Китобхонаи миллӣ дар пасманзараи як шеъри хуби шоири хубамон Давлат Сафар. Давлат Сафар ин шеърашро ба Китобхонаву китоб бахшидааст ва Абдуғаюр онро қироат кардаву суратҳоро омода кардааст.

Пас бубинеду бишнавед. Ва лутфан ташриф оред ба ин боргоҳи маърифат, ки беҳтарин ҷой барои мутолиа ва дарёфти маърифат аст.

Ин қасри Мавлавию Ҳилолию Рӯдакист,

Ин Кохи пири Тӯсию Хайёму Анварист.

Дар муҳри моҳи ҳукми ҳукумат навиштаест:

“Ин кохи бегазанди забоне, ки модарист”.