Комиссияи давлатии истилоҳот дар Қазоқистон табдили номҳои ҷуғрофиро раванди хос барои ҳамаи ҷамоҳири пасошӯравӣ медонад ва мегӯяд дар ин самти фаъолият Қазоқистон ягона нест.
Дар Дастгоҳи марказии ҳизби “Нур Отан”-и Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии “Мирас” таҳти раисии вакили Парламони Ҷумҳурии Қазоқистон, нозири ҳизбии самти “Ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ”-и барномаи пешазинтихоботии ҳизб Маулен Ашимбоев баргузор шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳизб дар ин ҷаласа натиҷаи кори комиссияи истилоҳшиносӣ, ки дар назди Ҳукумати ин кишвар таъсис шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон бо ин фаъолияти яксолаи шӯрои “Мирас” низ ҷамъбаст шудааст ва ширкаткунандагон нақшаҳоро барои соли нав тарҳрезӣ кардаанд.
Муовини вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон хонум Актота Райимкулова зикр кардаст, ки дар ҷумҳурӣ то ин дам 1348 маҳалли аҳолинишин, 6 шаҳр, 1305 муассисаҳои таълимӣ, фраҳанг ва варзиш, 7958 номи кӯчаҳо ва хиёбонҳо аз нав номгузорӣ шудаанд. То соли 2011 шумораи истилоҳоти тасдиқшуда 10 ҳазор адад буд, дар соли 2015 боз 3 ҳазор ва имсол бештар аз 5 ҳазор истилоҳот тасдиқ гардид. Шумораи умумии истилоҳоти тасдиқкардаи комиссия 18 ҳазор ададро ташкил дод ва дар доираи барномаи давлатӣ бояд теъдоди истилоҳот ба 27 ҳазор расонида шавад.
Таҷрибаи аз нав номгузорӣ кардани маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву хиёбонҳо ва дар маҷмуъ объектҳои ҷуғрофӣ дар Қазоқистон аз аввалин солҳои истиқлолияти давлатии ин кишвар шуруъ шуд ва то ба ин замон идома дорад.
Актота Райиқулова гуфтааст, ки ин як раванди хос барои ҳамаи ҷамоҳири пасошӯравист ва дар ин самти фаъолият Қазоқистон ягона нест. Публитсист ва фарҳангшинос Серик Ергалӣ зикр кардааст, ки Қазоқистон бояд Донишкадаи истилоҳот таъсис диҳад. Ин муассисаи илмӣ бояд дар назди марказҳои забон ва кафедраҳо низ фаъол бошад. Вазифаи аслии он таҳия ва коркарди пешниҳодот ва ташаббусҳо оид ба рушди истилоҳот ва истилоҳшиносӣ чун илм хоҳад буд,-гуфт ӯ.
Инҷунин пешниҳод гардид, ки ҳамаи он объектҳое, ки бояд номашон тағйир дода шаванд, сараввал рӯйхат карда шаванд. Дар навбати аввал бояд он объектҳое аз нав номгузорӣ карда шаванд, ки ифодагари идеологияи Шӯравӣ ва тоинқилобианд. Бино ба нуқтаи назари коршиносон зарур аст аввал номҳои баҳсбарангези шахсиятҳои таърихӣ, аз қабили Ленин, Мирзоян, Киров, Таран ва ғайра, ки дар ҷомеа муҷиби зиддиятҳои ақидатӣ мегарданд, табдил шаванд.
Инчунин тағийр додани номҳое аз қабили Вокзалная, Дорожная, Угольная, Вагонаремонтная, Совхозная ва ғайра амри зарурист. Ва ҳангоми номгузорӣ ҳатман бояд ба вежагиҳои этникии маҳал таваҷҷуҳ шавад.
Дар ин нишаст ҳамчун дар мавриди аз нав номгузорӣ кардани фурудгоҳҳо, маҳаллаҳои истиқоматӣ, хонаҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, роҳҳои мошингард ва ғайра низ сухан рафт. Гуфта шуд, ки дар кишварҳои хориҷ маъмулан фурудгоҳҳо исмҳои таърихӣ доранд, мисли фурудгоҳи Шарл де Гол (дар Фаронса), Кеннедӣ (дар Амрико) ва ғайра.
Ҳамчунин коршиносон гуфтаанд, ки дар ҳолатҳое созандагони биноҳо дар маҳалҳои истиқоматӣ номҳое мегузоранд, ки ба қазоқҳо бегонаанд, ба мисли маҳалли Милан, Авасто, Бовария, Мисон, Семь бочек ва ғайра.