“Чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари тоҷик”

Чунин ном дорад китоби нави Ҷурабой Раҷабов, ки ахиииррран аз чоп баромад. Муаллиф кўшиш ба харҷ додаст, ки чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари кишварро манзури хонандагон гардонад ва кору фаъолияти онҳоро инъикосу равшан созад. Зеро онҳо монанди дигар шахсиятҳои намоёни соҳаҳои мухталифи кишвар дар рушду пешрафти соҳа саҳми муносиби худро  гузоштаанду барои баланд гардидани сатҳи фарҳангию маърифатӣ ва солимгардонии мардуми кишвар ҳиссагузор буда, ба тарбияи насли навраси соҳаҳои тиб , фарҳанг ва ҳунар мусоидат мекунанд.

Муаллиф  дар китоби худ, оиди  ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои намоёни соҳаи тиб, фарҳангу ҳунари тоҷик ва садҳо нафарони дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин ҷода саҳми муносиб гузоштаанду барои рушди соҳа ҷонбозиҳо кардаанд, интихобан очерку мақолаҳои дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои бонуфузи Тоҷикистон «Омўзгор», «Баҳори Аҷам», «Озодагон», «Илм ва ҳаёт», «Роҳнамои дониш» ва дигар китобҳои дастҷамъии интишоргаштаро мавриди барраси қарор диҳад. Мақолаву очеркҳо имкон медиҳад, ки чеҳраҳои дурахшони намояндагони тиб ва фарҳангу ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи имрўза ошно созанд ва насли навраси тоҷик ба қадри имкон аз онҳо таҷриба андўзанд. 

Маҷмўа аз пешгуфтор ва 3 боб:   “Чеҳраҳои дурахшони тиб”, “Чеҳраҳои дурахшони фарҳанг” ва “Чеҳраҳои дурахшони ҳунар”  иборат аст. 

Маҷмўа бо  ҳаҷми 100 нусха дар нашриёти «Сомон – граф» ба чоп расида,  ба доираи васеи хонандагон пешкаш карда мешавад.

Ҷамшед Қурбонов, сармутахассиси 
Маркази
такмили ихтисос                                              

 

 

Барчаспҳо: