Аввалин давраи омўзишии «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» дар Китобхона оғоз гардид

Шурўъ аз 6-уми марти соли ҷорӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода аввалин маротиба омўзиши «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» барои кормандони Китобхона шурўъ шуд. Дарси нахустин бо сухани ифтитоҳиии муовини директори Китобхона Гадобек Маҳмудов оғоз шуд, пас он сардори маркази такмили ихтисос Ҳокимҷон Маҳмадҷонов ва муовини сардори марказ Юлчибой Мўсоев суханронӣ намуданд. Аксарияти нафароне, ки ба курси такмили ихтисос номнавис шудаанд, кормандон аз шуъбаи коркарди адабиёт ва такмили адабиёти китобхона мебошанд. Маврид ба таъкид аст, ки ин давраи омӯзишӣ се моҳро дар бар мегирад ва баъди анҷоми он ширкаткунандагонаш соҳиби сертификатҳо хоҳанд шуд.

Барчаспҳо: