Ман баъди ҳама завол меоям боз...

Аз бузургтарин шоирони нимаи дуюми асри ХХ аст. Кам касеро дар зинаи шуҳрати ӯ суроғ дорем. Ҳатто агар дар Гугл бо исми ӯ нохун занед, ҳазорон шеъру мақолаву хотирот ва шоҳбайтҳояшро мехонед. Ҳеч шоире аз ҳамзамонони ӯро ин гуна шуҳрат насиб нашуда. Аз маргаш ҳам ҳудудан ду даҳсола сипарӣ мешавад, вале ҳамоно аз пурхонандатарин шоирони муосир аст. Ва ин ду мисраъ аз ӯст, ки гуфта:

Ало, шеъри Аҷам фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шўри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Дар бораи Лоиқ Шералӣ метавон садҳо саҳифаро рангин кард, то ин замон даҳҳо китобу садҳо мақола дар атрофи зиндагинома ва ашъораш чоп шудааст, вале ҳамоно паҳлуҳои гуногуни шеъраш омӯхта нашудааст. Ҳар пажуҳише, ки сурат мегирад, боз ҳам нав аст.
Зиндагиномаи шоир хеле мухтасар ба ин тартиб аст:  20 – уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Вай баъди хатми омўзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дар Доншкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) факултаи таъриху филология таҳсил карда, онро соли 1963 хатм кард.       Нахустин шеъраш, ки аз вуруди шоири тозабаён башорат дод, бо номи “Ном” соли 1959 дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” чоп шуд.
Лоиқ Шералӣ муҳаррири радиои тоҷик, ходими рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрўза «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шўъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», мушовири шўъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» ва раиси Бунёди байналмилалии забони форси тоҷикӣ буд.         
Лоиқ дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш ба мероси бузурги шеъри классикӣ бо камоли эҳтиром муносибат намуда, дар кўраи он истеъдоди модарзодии худро обутоб додааст. Вай тавассути эҷодиаш жанрҳои маъмули шеъри классики тоҷик, аз қабили ғазал, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, фард ва ғайраро аз нав эҳё карда, бо мазмуну маъниҳои тоза ғанӣ гардонид. Аввалин маҷмуъаи шеъраш бо номи “Сари сабз” соли 1966 чоп шуд. Ва баъди он пайи ҳам китобҳои  «Илҳом» (соли 1968), «Нўшбод» (соли 1971), «Соҳилҳо» (соли 1972). «Хоки Ватан» (соли 1975), «Резаборон» (соли 1976), «Марди роҳ» (соли 1979), «Варақи санг»» (соли 1980), «Хонаи чашм» (соли 1982), «Рўзи сафед» (соли 1984), «Хонаи дил»» (соли 1985), «Офтобборон» (мунтахаби шеърҳо, соли 1988) «Ҷоми саршор» (соли 1991), «Ману дарё» (соли 1991), «Дасти дуои модар» (соли 1991), «Аввалу охири ишқ» (мунтахаби шеърҳо, соли 1994) ва «Фарёди бефарёдрас» (соли 1998) рӯйи чоп диданд. “Фарёди бефарёдрас” охирин китобе буд, ки замони зинда будани шоир чоп шудаанд. Баъдан чандин мунтахаби ашъор ва “Куллиёт”-и шоир низ чоп шуд.
Лоиқ Шералӣ соли 1978 барои маҷмўаи «Хоки Ватан» ва силсилаи шеърҳои «Иҳом аз «Шоҳнома» соли 1978 сазовори Мукофоти давлатии ба номи Рўдакӣ гашт.          
Дар Эрон «Гулчини ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (интишороти Алҳудо, соли 1994) ва «Дасти дуои модар» (дар Исфаҳон, соли 1996, ба хати форсӣ ва кириллӣ) ба табъ расидаанд. Ба хати форсӣ дар Душанбе китобҳои «Дили ташна» (соли 1974) ва «Хоки Ватан» (соли 1981) интишор ёфтанд.
Модарномаи Лоиқ беҳтарин сурадаҳои шоир дар мавзуъи модар арзёбӣ шудааст ва он имрӯз ҳам хонандагони зиёд дорад.
Ғазалу рубоӣ ва дубайтӣ барин жанрҳои корхўрдаи адабӣ дар эҷодиёти Лоиқ, мавқеи калонро ишғол мекунад. Рубоиёти шоир асосан дар мавзўъҳои ахлоқию фалсафӣ эҷод шуда, дар маҷмўаи «Ҷоми Хайём» чоп шудаанд. Дубайтиҳояш бошад оҳанги ишқию тасвирӣ доранд. Бояд қайд кард, ки аз шоирони муосир Лоиқ, бештар ба жанрҳои шеъри классикӣ мароқ дорад, ки мисоли барҷастаи он эҳёи жанри ғазал аст. Шоир бахши ғазалиёти ашъорашро бо камоли хоксорӣ «Машқи ғазал» номидааст. Солҳои охир ғазалиёти шоир ба таври пурра дар маҷмўаи «Хонаи дил» (соли 1986) таҳти унвони «Сад ғазали тоза» ва «Офтобборон» (соли 1988) дастраси хонандагон гардидаааст.
Ба забони русӣ китобҳои «Улыбка зари» (Душанбе, 1969), «Завещанная земля» (Совпис, 1972), «Струни дождя» (Совпис, 1979), «Встречаю солнце» (Худ. Л-ра, 1984),  «Моленье о дожде»  (Душанбе, 1989) ба табъ расидаанд.          
Лоиқ Шералӣ, инчунин, тарҷимони бомаҳорати ашъори суханварони бузурги ҷаҳонӣ  ба забони тоҷикист. Тавассути заҳмати ў имрўз хонандагон ашъори гаронбаҳои А. Пушкин, В. Ҳуте, Г. Ҳейне, В. Гюго, У. Уитмен, С. Есенин, Н. Неруда, Қ. Кулиев, Э. Межелайтис, М. Светлов, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко ва дигаронро ба забони модарии худ мутолиа менамоянд.     
Ғайр аз ин, дар мураттабу ба табъ расонидани маҷмўаи шеърҳои шоирони афғон Сулаймон Лоиқ  «Диёри Мардхез», Бориқи Шафеъӣ «Давронсоз» ва «Мунтахабот»-и Соиби Табрезӣ ҳиссаи калон дорад.                     Хизматҳои шоир Лоиқ Шералӣ дар ривоҷи адабиёти тоҷик бо ордени «Нишони фахрӣ», Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва соли 1978 ба ҷоизаи адабии давлатии Рўдакӣ қадр карда шудааст. Дар арафаи ҷашни 50-солаги шоир, соли 1991 ба унвони баланди  «Шоири халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.
Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» эҳдо гардид.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагон буд.                  
Шоири шӯрида  30-уми июни соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст. Ҳоло мазори ӯ дар Лучоб буда, зиёратгаҳи ошиқони шеър аст.

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Аз Лоиқ Шералӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед?         

Мунтахаби ашъор. – Душанбе, 2013. – 500 с.
Куллиёт / Иборат аз ду ҷилд; Китоби якум; Мураттибон Б.Ализода (Алавӣ), Р.Шералӣ. – Хуҷанд, 2001. – 724 с.
Куллиёт / Иборат аз ду ҷилд; Китоби дуюм; Мураттибон Б.Ализода (Алавӣ), Р.Шералӣ. – Хуҷанд, 2001. – 712 с.
Сари сабз: Шеърҳо / Дар зери таҳрири С.Улуғзода. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 79 с.
Нўшбод: Шеърҳо / Муҳаррир Қ.Киром. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 127 с.
Соҳилҳо: Шеърҳо / Муҳаррир М.Шералиев. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 79 с.
Хоки Ватан: Шеърҳо / Муҳаррир Қ.Киром. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 159 с.
Резаборон: Шеърҳо / Муҳаррир Б.Ҳоҷӣ. – Душанбе: Маориф, 1976. – 47 с.
Марди роҳ: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 232 с.
Варақи санг: Шеърҳо ва рубоиёт / Муҳаррир А.Азизов. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 272 с.
Хонаи чашм: Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 384 с.  
Рўзи сафед: Шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1984. – 109 с.
Хонаи дил: Шеърҳои нав / Муҳаррир А.Азизов. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 464 с.
Офтобборон: Шеърҳо ва тарҷумаҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 528 с.
Дасти дуои модар: Силсилаи шеърҳо / Муҳаррир М.Хоҷаев. – Душанбе: Адиб, 1990. – 112 с.
Ману дарё: Шеърҳо / Муҳаррир М.Шукурзода. – Душанбе: Адиб, 1991. – 304 с.
Аввалу охири ишқ: Шеърҳо / Мураттиб ва муҳаррир М.Самадӣ. – Душанбе: Маркази фарҳангии арабӣ, 1994. – 272 с.
Фарёди бефарёдрас: Шеърҳо / Муҳаррир С.Маъмур. – Душанбе: Адиб, 1997. – 228 с.
Девони дил: Маҷмўаи ашъор / Мураттиб Р.Шералӣ; Муҳаррир С.Маъмур. – Душанбе: Адиб, 2006. – 492 с.
Ангораҳо: Гулчини ашъор / Муҳаррир С.Маъмур. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. – 128 с.
Илҳом аз “Шоҳнома” / Муҳаррир Н. Салоҳиддинзода. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. – 20 с.
Девони замон: Гулчини ашъор / Муҳаррир А.Сатторзода; Мураттибон Ф.Карим, Г.Сафар. – Душанбе: Адиб, 2011. – 400 с.
Тоҷикистон – мазҳари ман / Муҳаррир Н.Зайниддинов; Мураттиб Ромиш Шералӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011. – 216 с.
Ном: Шеър // Шарқи сурх. – 1959. – №6. – С. 46.
Қулф; Зарафшон: Шеърҳо // Шарқи сурх. – 1960. –  №12. – С. 29-30.
Меҳр ва зар; Гулхандаи ҷонона: Шеърҳо // Шарқи сурх. – 1961. –  №12. – С. 11-12.
Арзи садоқат: Шеър // Шарқи сурх. – 1962. –  №7. – С. 25.
Концерт ба ҳисоботи сулҳ: Шеър // Шарқи сурх. – 1962. –  №11. – С. 47.
Кўҳҳо: Шеър // Шарқи сурх. – 1963. –  №1. – С. 67.
Ду ғазал: Шеър // Шарқи сурх. – 1963. – №7. – С. 84.
Ба модарам; Сабзаи баҳор: Шеърҳо // Шарқи сурх. – 1965. – №2. – С. 25 – 27.
Қарз; Дилро кушо ба ман [Матн]: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1965. – №7. – С. 48-50.
Ватан; Тирамоҳ: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1966. – №2. – С. 32-33.
Дастурхони соли нав: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 1январ.
Зиндагӣ; Ақрабакҳои соат; Домони модар; Ту бошию ману кўхсорон; Қалам: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1967. – №2 – С. 37-40.
Модар; Фарзандон; Достони дастҳо; Духтари қишлоқӣ; Китобҳои сангин: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1967. –  №9. – С. 3-8.
Корвони кўҳҳо: Шеър // Садои Шарқ. – 1968. – №6. – С. 27.
Ҷоми Хайём: Рубоиёт // Садои Шарқ. –   1969. – №4. – С. 45-47.
Даҳ рубоӣ  // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 20 апрел.
Ду ғазал // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1970. – 18 октябр.
Ҷомаи Бухорӣ: Шеър // Садои Шарқ. –   1970. – №4. – С. 96.
Шеър бахшида ба Сорбон // Садои Шарқ. – 1971. – №11. – С. 37-38.
Шеър бахшида ба Маҳмуди Воҳид  // Садои Шарқ. – 1971. – №11. – С. 40.
Лирика: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1972. – №1. – С. 2.
Нон ва китоб: Шеър // Маориф ва маданият. – 1972. – 14 октябр.
Шеърҳои нав: Марсияи хуршед; Вақт; Раҳгузар; Ҷуфти ҳамбол; Қадри шоир; Се ғазал: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1973. – №2. – С. 45-51.
Муноҷот ба модар: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1975. – №1. – С. 4.
Рез, борон, рез борон! : Шеър // Садои Шарқ. – 1976. – №3. – С. 3.
Ман зиндаям ба хотири дидори орзу: Шеър // Садои Шарқ. – 1976. – №3. – С. 4.
Димоғи хеш тар карда ба барфу тармаи Анзоб; Аз файзи ҳамал чу набзи ошиқ;  Ин кўҳи чу шоири хаёлӣ: Шеърҳо бахшида ба Наврўз // Маориф ва маданият. – 1977. – 22 март.
Арўси шеъри ман; Лаззати оғоз; Рўзҳои офтобӣ; Марав аз ман: Шеърҳо // Занони Тоҷикистон. – 1978. – №8. – С. 14.
Намаки халқ: Шеър // Садои Шарқ. – 1978. – №6. – С. 3-4.
Машқи ғазал: Ғазалҳо // Садои Шарқ. – 1979. – №7. – С. 3-9.
Балладаи офтоби Норак: Ғазалҳо // Садои Шарқ. – 1979. – №11. – С. 4-6.
Шеърҳои нав: Меҳвари дуньё: Шеър // Садои Шарқ. – 1981. – №1. – С. 7-8.
Шеъре, ки хоб дидам: Шеър // Садои Шарқ. – 1981. – №1. – С. 8.
Шеър чун сарбози миллат...: Шеър бахшида ба 50- солагии М. Қаноат // Газетаи муаллимон. – 1983. – 22 январ.
Волотар аз ҳама; Хандаҳоят: Шеърҳо // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 22 март.
Қасидаи модар: Шеър // Занони тоҷикистон. – 1984. – №4. – С. 6.
Хонаи дил: Шеърҳои нав // Садои Шарқ. – 1985. – №1. – С. 3-10.
Панҷаҳои Борбад: Шеър // Садои Шарқ. – 1986. – №6. – С. 28-30.
Хайём дар қаъри уқьёнус: Шеър // Садои Шарқ. – 1986. – №6. – С. 30-31.
Миқдори одам; Забонгумкарда; Эй обшор; Ҳақиқати модарӣ: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 7 март.
Дасти худ; Гарданаи Анзоб; Зикре аз хаймаи Ленин; Хеши худо; Ду ғазал: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 4 феврал.
Гули ман, иди наврўзат муборак: Шеър // Коммунисти Исфара. – 1988. – 19 март.
Дасти дуои модар: Модарам, эй модари дунёнадида: Шеър // Садои Шарқ. – 1989. – №5. – С.31-32.
Роҳнишин: Шеър // Садои Шарқ. – 1989. – №5. – С.32.
Замину замони мо: Зангўлаи бедорӣ: Шеър // Садои Шарқ. – 1990. – №9. – С.3-4.
Мулк сангистону мо бесангарем: Дар Бухорою Самарқанд; Ғазали тўлонӣ; Дар ин замона…; Боло нигар, поин нигар…: Шеърҳо // Фарҳанг. – 1991. – №1. – С.41-42.
Эй ғунчаи хандида, Наврўз муборак бод... : Ғазал // Ба пеш. – 1991. – 21 март.
Беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ: Шеър // Адабиёт ва санът. – 1992. – 24 апрел.
Баҳор: Шеър // Тоҷикистон. – 1993. –  19 март.
Чор ғазал  // Садои мардум. – 1993. –  17 август.
Душанбе: Шеър // Садои мардум. – 1994. –  29 октябр.
Дар забон ғами миллат: Силсилаи шеърҳо // Адабиёт ва санът. – 1995. – 21 сентябр.
Сулҳи деринтизори мо омад: Шеър // Адабиёт ва санът. – 1997. – 18 июл.
Ушшоқи Душанбе: Шеър // Сино. – 1998. – 14 октябр.
Оли Сомон: Шеър // Минбари халқ. – 1999. – 18 март.
Ало, шеъри аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт...: Шеър // Чархи гардун. – 1999. – 20 май.
Нам – нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 16 март.
Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам: Шеър // Тоҷикистон. – 2000. – 17 март.
Лоиқ видоат карду рафт: Шеър // Тоҷикистон. – 2000. – 7 июл.
Рўи маро бихоҳӣ, бар рўи дафтарам бин…: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 2001. – №1-6. – С. 26-30.
Ман зинда берун омадам аз гўрҳо, аз гўрҳо: Шеър // Фарҳанг . – 2002. – №5-6. – С. 1.
Баҳор: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 28 феврал.
Шукронае барои Душанбе: Шеър // Фирўза . – 2004. – №3. – С. 4.
Рўҳи ман дар кўи ту пар мезанад: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 16 май.                                             
Мо тоҷиконем; Мо- бўяву армони ў, Мо чораву дармони ў; Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар: Шеърҳо // Миллат. – 2007. – 20 сентябр.
Ало, эй Шаҳризоди ман: Шеър // Бонувони Тоҷикистон. – 2008. – №3. – С. 19.        
Ҷаҳон бе  Тоҷикистонам ҷаҳон нест: Рубоиёт // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 15 май.                                              
Сулҳи деринтизор: Шеър // Паёми Суғд. – 2009. – №5. – С. 27.
Гоҳ- гаҳ содагони кўдакдил: Шеър // Дарё. – 2009. – №1. – С. 66.
Ўро дўст медоштам: Ба ифтихори 70 – солагии Ғоиб Сафарзода // Садои Шарқ. – 2010. – №2. – С.111.
Ҳалолат бод, эй дил!: Ном: Шеър // Садои Шарқ. – 2011. – №5. – С. 26.
Худфурўзӣ:Шеър // Садои Шарқ. – 2011. – №5. – С. 26.
Модарнома: Шеърҳо // Тоҷикистон. – 2012. – №3 – 4. – С.4.
Қасидаи модар: Шеър // Садои мардум. – 2012. – 8 март.
Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ: Шеър дар васфи Баҳор // Маорифи Тоҷикистон. – 2013. – №1. – С. 66.
Дуои модар: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 2 январ.
Гулдаста ба модар: Шеър // Боҷу хироҷ. – 2015. – 5 март.
Модарнома: Шеър // Омўзгор. – 2015. – 6 март.
Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт...: Никоҳи марг; Умри булбул; Фирдавсӣ ва Темур: Шеърҳо ва ривоят // Баҳори Аҷам. – 2016. – 20 май.                               
Садои дўст: Гулчин аз ашъори шоири тоҷик Лоиқ Шералӣ / Таҳияи Ҷамоли Абдулҳай // Паёми Душанбе. – 2016. – 2 ноябр.

Тарҷумаҳои Лоиқ Шералӣ

Бегзийн, Явууҳулан. Дасти пурзўр: Шеър / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1961. – 23 апрел.
Есенин, С. Оҳангҳои форсӣ: Шеър / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Садои Шарқ. – 1965. – №9. – С. 112-119.
Светлов, М. Мароми рўзгори ман: Шеър / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Садои Шарқ. – 1967. – №4. – С.50.
Капутикян, С. Бахт!; Зи кўи ман гузар бинмоӣ ҳар гоҳ; Ману ту офтобу моҳтобем : Се шеър / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1967. – 5 апрел.
Багандов, К. Падар: Шеър / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Маориф ва маданият. – 1967. – 28 сентябр.
Ҳейне, Г. Таълимот; Қонуни зиндагӣ; Алибой; Куҷо; Роз; Сафар кун: Таронаҳо / Тарҷумаи Л. Шералӣ // Садои Шарқ. – 1969. – №10. – С. 93-97.
Межелайтес, Э. Шаҳрзод: Шеър / Тарҷумаи Л. Шералӣ // Садои Шарқ. – 1969. – №8. – С. 3-6.
Ҳёте, И. Ҳиҷрат; Бепоён; Фатво: Шеърҳо / Тарҷумаи Л. Шералӣ // Садои Шарқ. – 1969. – №2. – С. 99-100.
Гюго, В. Фирдавсӣ; Шоҳи форс: Шеърҳо / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Садои Шарқ. – 1969. – №2. – С. 97-98.
Пушкин, А. Баррасӣ аз Ҳофиз (Лашкаргоҳе дар канори Фурот): Шеърҳо дар васфи Ҳофиз / Тарҷумаи Л. Шералӣ // Занони Тоҷикистон. – 1970. – №8. – С. 13.
Тихонов, Н. Сурудат рамзи сулҳ аст: Шеър / Тарҷумаи Л. Шералӣ // Меҳрнома. – Душанбе, 1974. – С. 9.
Ҳамзатов, Р. Саволе аз Хайём: Шеър / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Садои Шарқ. – 1974. – №4. – С. 119.
Қулиев, Қ. Санг; Сухан: Шеърҳо / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Маориф ва маданият. – 1977. – 24 апрел.
Пушкин, А.С. Булбул ва гул; Носир ва шоир: Шеърҳо / Тарҷумаи Л.Шералӣ // Роҳи ленинӣ. – 1977. – 8 июн.
Воҳидов, Э. Шўхӣ: Шеър / Тарҷумаи Л. Шералӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 20 май.

Дар бораи устод Лоиқ Шералӣ

Раҷабзода, Х. Лоиқ ва Наврўз: Роҷеъ ба фаъолияти устод // Фараж. – 2015. – 20 май.
Шукруллоҳӣ, К. Муждаи ҷовидонагии ғуруби ситора: Ёднома аз шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ // Озодагон. – 2015. – 20 май.
Ҳисом, М. Сухангустар: Лоиқ ва ашъори ў // Омўзгор. – 2015. – 22 май.
Ғуломов, Д. Лоиқ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ: Бузургсуханвар // Омўзгор. – 2015. – 22 май.
Мирзо, К. Рўзҳои охири умри Лоиқ: Аз дафтари хотира // Фараж. – 2015. – 30 сентябр.
Қурбонова, Ҳ.  Доди Лоиқ аз «устод»; Ман гиряи Лоиқро  дидам; Ҳадиса, дар бораи ман достон навис!; Баъди ҳазор сол меояд; Нахоҳам мурд!: Оид ба ҳаёт ва фаъолияти Лоиқ Шералӣ // Тоҷикистон. – 2015. – 26 ноябр; 3,10,17, 24 декабр.
Давлатова, Н. Лоиқ Шералӣ – тараннумгари Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ: Ба истиқболи 75- солагии устод Лоиқ Шералӣ // Тоҷикистон. – 2016. – 11 май.                              
Холмуҳаммад, А. Салом, эй шоири хуршеди дарё! : Ёде аз устод Лоиқ Шералӣ // Фараж. – 2016. – 18 май.
Фурўзонфар. Чаҳорпораҳо: Шеър ба ёди устоди сухан - Лоиқ // Фараж. – 2016. – 18 май.                               
Насрулло, К. Дар паранди “Резаборон”: Ба ифтихори 75- солагии устод Лоиқ Шералӣ // Чархи гардун. – 2016. – 18 май.
Мирзо, К. Рўзҳои охири умри Лоиқ: Хотираҳои нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо // Тоҷикистон. – 2016. – 18 май.                              
Насрулло, К. Шоҳписари Хайём : Васфи ашъори Лоиқ дар рубоиёти Хайём // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 19 май.                              
Анварӣ, С. Ҳунари таркибсозии Лоиқ: Тараннуми забони модарӣ дар шеъри Лоиқ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 19 май.
Саид, С. Кўи сафеди сари гўр: Шеър ба ёди устоди сухан - Лоиқ // Баҳори Аҷам. – 2016. – 20 май.
Пайкари армони миллат: Андешаҳои бузургони миллат ба зодрўзи шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ // Баҳори Аҷам. – 2016. – 20 май.
Исломӣ, О. Ба шоири бузург Лоиқ: Шеър // Баҳори Аҷам. – 2016. – 20 май.
Шарифов, Д. Таҷлили 75- солагии устод Лоиқ Шералӣ дар Хатлон  // Баҳори Аҷам. – 2016. – 20 май.                                                                                                                                                                  
Аҷамӣ, М. Муноҷоте чунин дар дафтаре нест...: Лоиқ ва шеъри тоҷик // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 26 май.                               
Кўчаров, А. Шоири ваҳдатсаро: Гуфтаҳо аз ашъори устод Л. Шералӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 23 июн.
Анварӣ, С. Гавҳаршиноси вожаҳо: Ба ифтихори 75- умин солгарди Лоиқ Шералӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 6 октябр. 

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ