Николай Добролюбов – мунаққиди абадзинда
Добролюбов Николай Александрович 5 феврали соли 1836 дар Нижний Новгород ба дунё омадааст, мунаққиди адабиёт ва публитсисти рус. Аз хонаводаи рўҳонӣ. Солҳои 1848-53 дар мактаби динии Нижний Новгород ва солҳои 1853-57 дар факултаи таъриху филологияи Институти омўзгории Петербург таҳсил кардааст. Дар даврони донишҷўӣ сарвари маҳфили ҳаракати сиёсии «Фронда»-и донишҷўён; дар марги шоҳ Николай 1 бо памфлети шадидуллаҳн, зидди ҳукумати подшоҳӣ вокуниш нишон дод.
Пас аз ошноӣ бо Н.Г. Чернишевский аз соли 1856 дар моҳномаи «Современник» мақолаҳо нашр мекард (мақолаи «Ҳамсухани дўстдорони каломи русӣ»); аз соли 1857 дар ин нашрия сарвари бахши нақду китобшиносӣ таъйин шуд; аз соли 1859 дар ҳамкорӣ бо Н.А. Некрасов чопи замимаи ҳаҷвии «Свисток»-ро ба роҳ монд ва бо интишори ашъори мардумӣ дар он пучгўиҳои либералонаву принсипҳои ватанхоҳии дурўғини кормандони сиёсиро нақди танзомез кард. Добролюбов усули «нақди воқеӣ»-ро ҷонибдорӣ мекард, ки ин равиш қиёсан нисбат ба адабиёт баррасии зиндагиро афзал мешумурд. Дар ростои таҳлил ў бо унвони василае барои ташреҳи ақоиди шахсии хеш истифода мебурд. Нақд дар зери килки Добролюбов ба яке аз намудҳои публитсистикаи сиёсӣ табдил ёфт.
Мақолаҳои барномавии Добролюбов, ки марбут ба баррасии иҷтимоиву психологии образҳои адабию авзои ҷории давронаш буданд, бо равишҳои дақиқи зиддиашрофӣ ва ҷиҳатҳои инқилобӣ ва демократӣ нодир арзёбӣ мешуданд. Ҳамин тавр, ў русуми бародарию ҳамзистии қадимиро бо сохти фосиди крепостнойӣ маҳкум мекард («Зиндагии рустоии амлокдоре дар пиронасарӣ», 1858, аз рўи осори С. Т. Аксаков). Добролюбов сабабҳои афсурдагии тимсоле аз ашрофи либерал («Обломовравишӣ чист?»), 1859; Обломов – қаҳрамони романи Гончаров Н. А. «Обломов») ва раванди иҷтимоии онро, ки бавуҷудовардаи ситамкорону тобеини лоуболи онҳо мегардад («Подшоҳии тира», 1859, аз рўи намоишномаи А. Н. Островский), баррасӣ намуда, неруи эътирозиро дар тўдаҳои таҳти ситам («Шуое дар салтанати зулмонӣ», 1860, аз рўи «Туфон»-и А. Н. Островский) ва ҳамчунин иқтидори инқилобии кишоварзи русро («Вижагиҳои хосси мардуми одии Руссия», 1860, аз рўи ҳикояҳои Марко Вовчок) бозёфт намуд.
Добролюбов ба таври ошкору ниҳон ногузирии инқилоби иҷтимоиро собит мекард. Дар мақолаи «Пас, рўзи ҳақиқӣ кай фаро хохад расид?» (1860; дар бораи романи И. С. Тургенев – «Арафа») ба мубориза алайҳи «душмани дохилӣ» барои «озодии кишвар» ё худ амалан ба инқилоб даъват кард ва ин боиси аз нашрияи «Современник» рафтани И. С. Тургенев ва дигар нависандагони насли бузург шуд.
Мушкилоти зиндагӣ ва кори шадид дар ҳафтанома ба саломатии Добролюбов латма зад. Аз майи 1860 то июли соли 1861 ў дар осоишгоҳҳои аврупоӣ табобат ёфта, ба моҳномаи «Современник» мақолаву очеркҳо мефиристод («Муаммои аз ақл берун», 1860; «Аз Турин», 1861).
Добролюбов дар соҳаи эстетика ақидаҳои адабии В. Г. Белинский ва Н. Г. Чернишевскийро давом дод ва ҳамчун адибу мунаққиду публитсист дар фазои маънавии кишвараш нақши бузурге бозид.
Бозчоп аз «Энсклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 36-37.
Дар бораи Добролюбов аз эҷодиёти вай дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед мутолиа кунед:
Добролюбов, Н. А. Избранные педагогические сочинения. – Москва: Педагогика, 1986. – 352 с.
Добролюбов, Н. А. О классиках русской литературы. – Москва: Дет-лит, 1986. – 303 с.
Добролюбов, Н. А. Собрание сочинений в 3-х томах. – Москва: Худ- лит, 1987. – 815 с.
Добролюбов, Н. А. Эстетика литература критика: Сборник статей и материалов. – Ленинград: Наук, 1988. – 197 с.
Н. А. Добролюбов и русская литературная критика. – Москва: Наук, 1988. – 240 с.
Дар борааш
Елизаветина, Г. Г. Н. А. Добролюбов и литературный процесс его времени. – Москва: Наук, 1989. – 336с.
Попов, М. Н. А. Добролюбов: Ба муносибати 85-солагии рўзи вафоташ // Тоҷикистони советӣ. – 1946. – 29 ноябр.
Поспелов, Г. Мунаққид – револютсионери бузурги рус: Ба муносибати 115-солагии рўзи таваллуди Н. А. Добролюбов // Тоҷикистони сурх. – 1951. – 4 феврал.
Мадаминов, А. Адиб ва мунаққиди бузурги рус: Ба муносибати 115-солагии рўзи таваллуди Н. А. Добролюбов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1951. – 7 феврал.
Некрасов, Н. А. Ба хотираи Добролюбов: Шеър // Шарқи сурх. – 1952. – №12. – С. 42.
Наҷмиддинов, Т. Демократи револютсионии бузург: Ба муносибати 120-солагии рўзи таваллуди Н. А. Добролюбов // Ўзбекистони сурх. – 1956. – 5 феврал.
Панфилов, Л. Фарзанди бузурги рус: 120-солаии рўзи таваллуди Добролюбов // Газетаи муаллимон. – 1956. – 2 феврал.
Демократ, револютсионер, публитсист (ТАСС): Ба муносибати 130-солагии рўзи таваллуди Н. А. Добролюбов // Ҳаёти қишлоқ. – 1966. – 9 феврал.
Адиб ва Револютсионер: Конференсияи илми ба муносибати 150-солагии мунаққиди адиби рус, демакрати револютсионӣ Н. А. Добролюбов дар Душанбе // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 1 май.
Аҳмадов, Т. Педагог–демакрати револютсионӣ: Ба муносибати 150-солагии Н. А. Добролюбов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. – 7 феврал.
Демократи револютсионӣ публитсист: Бахшида ба 150-солагии рўзи таваллуди Н. А. Добролюбов // Байрақи ленинизм. – 1986. – 4 феврал.
Табаров, С. Мунаққиди абадзинда: Ба муносибати 150-солагии зодрўзи Н. А. Добролюбов // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 6 феврал.
Қурбонмамадов, Ҳ. Сухан бояд поку бошукўҳ бошад: Ғояҳои пешқадами адабии револютсионери демократии рус Н. А. Добролюбов // Садои Шарқ. – 1986. – №7. – С. 116-121.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.