“Нақш дар маҷро” – сеюмин китоби рӯзноманигори маъруф Зулолаи Нур

 Чашмам имрӯз ба ин китоб афтод, ки гулчине аз мусоҳибаҳои Зулолаи Нур (Мушкинисо Хоҷаева)  – журналисти соҳибноми тоҷик дар он гирдоварӣ шуда буданд. Китоб соли 2016 чоп шуда будааст ва як силсила суҳбатҳои хеле шавқовару ҷолиби муаллифро дар бар мегирад. Дар як нишаст бештари ин мусоҳибаҳоро хондам ва хостам онро ба хонандагони толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар тавсия диҳад. “Нақш дар маҷро”  сеюмин китоби Зулолаи Нур аст. То ин замон китобҳои вай бо номҳои  «Марг ва ҳаёт» (2011) ва «Роҳ ба сўи худ» ба нашр расида буданд.

 Дар сарсухани китоб муаллиф менависад:

 Инсон ҳамеша пайванди замон ва гоҳе фаъолиятҳояш пештар аз он буда. Ин маҷмуа, ки рўйи каф доред, нақшест аз афкору рафтору рўзгори онҳое, ки дар маҷрои зиндагӣ роҳу равиши хос пайдо намудаву пеш рафтаанд. Инҳо нафаронеанд, ки барои амалӣ сохтани мақсадҳо ҳатто гоҳе муқобили маҷро шино кардаву аз ҳама гуна вартаҳо растаанд ва моро ба сўйи асли хеш ё бигўем, сарчашмае мусаффо мехонанд. Фикр мекунам, ки ин навиштаҳо, ин нақлу қиссапардозиҳо табъи дили шумо бошад.

  Ба ростӣ, сароғоз онқадар андешаи гирдоварии мусоҳибаҳоямро ҷиддан дар хаёл надоштам. Аммо, вақте устод Султон Ҳамад ду китоби худ – «Пайванди Аҳмад Зоир бо Мавлавӣ» ва «Дар суҳбати соҳибдилон»-ро бароям армуғон оварду таъкид кард, ки мусоҳибаҳоям хубанд ва онҳоро ингуна, чун китоби «Дар суҳбати соҳибдилон» гирдоварию нашр кунам, азмам қавӣ шуд. Устод ишора бар он ҳам кард, ки чун мусоҳибаҳои ба қавле «сафед» менависам, бояд онҳоеро мусоҳиб интихоб кунам, ки нақше саҳме босазо дар ҷомеа дошта бошаду шоистаи дар бораашон чизи навиштан. Яъне ба қавлашон, «журналистикаро набояд хор кард».

 Ман ин таъкиди устодро дар гўш дорам ва агар дар бораи фиттафурўшу картошкапарвар ҳам нависем, медонам, ки ҷаҳди эшон дар қатори дигар аҳли илму фарҳанг кам нест. Бо умед бар он, ки ин китоб – «Нақш дар маҷро» нақши тозае дар идроки шумо бошад, онро пешорўятон мегузорам. Дигар интихоби қазоват аз шумост.

 Таҳияи Бунафша Абдураҳимова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар