Ҳаштод соли аввалин операи тоҷик

 Аввалин операи тоҷик 80-сола шуд. Солҳои навиштани опера дар байни мардуми кўҳистон ривояту ҳикояҳои таърихие ба Восеи қаҳрамон бахшида шуда буданд. Дар санъати мусиқӣ низ суруду рубоёти фаровоне эҷод гардид. Ба муаллифони опера ҳатто муяссар гардид, ки бо духтари Восеъ – Гулизор вохўрда аз сароиши ў байту рубоиётеро, ки гиряву нолаи ўро ба вафоти падари қаҳрамонаш ифода мекард, сабт намоянд. Аз аҳолие, ки ин шўришро дар хотир доштанд, С. Баласанян суруду оҳангҳои сершумореро дарёфт намуд. Ин маводи бою рангин имконияти хуберо барои офаридани опера фароҳам меоварад.      Жанри опера зимни санъати мусиқии тоҷик падидаи муқаррарӣ менамояд. Ҳарчанд ҳанўз 100 сол қабл, дар ибтидои қарни гузашта он дар фарҳанги мусиқии халқи мо умуман вуҷуд надошт.

  Қарни ХХ дар таърихи мусиқии тоҷик бо он бисёр гўё аст, ки дар ин замон мусиқии касбии европоиасос ба фарҳанги кишвар ворид гашт. Ин навъи мусиқӣ аз мусиқии касбии бисёрасраи тоҷик комилан фарқ мекунад, аз он ҷиҳат, ки мусиқии европоиасос бисёровоза буда дорои анъанаҳои хаттӣ аст. Вале новобаста ба ин фарқият дар муддати кўтоҳ  тоҷикони боистеъдод ва мусиқидўст тавонистанд мактаби оҳангсозии авропоиасосро ташаккул диҳанд ва соҳиби асарҳои мураккаби операвиву симфонӣ гарданд.

 Дар ташаккули чунин мактабҳои оҳангсозӣ нақши мутахассисони рус бузург аст. Нахустин бастакороне, ки ба Тоҷикистон ба кор омаданд, қабл аз ҳама ба омўзиши мусиқии тоҷик шуруъ менамуданд. Яке аз онҳо Сергей Артемевич Баласанян мебошад, ки соли 1936 ба Душанбе ба кор омада буд.

  Соли 1939 дар ҳаёти маданияти халқи тоҷик соли ба вуҷуд омадани нахустин операи тоҷик ба шумор меравад. 16 октябри соли 1939 дар рўзи даҳсолагии РСС Тоҷикистон операи якўми тоҷик «Шўриши Восеъ» (Бастакор С. Баласанян, либреттои М.Турсунзода ва А.Деҳотӣ) ба тамошобинон пешкаш гардид.

 Дар вақти ба Тоҷикистон омадан Сергей Баласанянро боигарии бепоёни мусиқии халқии тоҷик мафтун намуда буд. Ў бевосита аз атрофу ҷониби худ оҳангҳои бисёри ҳақикатан олии санъати мусиқиро пайдо кард, ки онҳо барои офаридани асарҳои калон ва пешрафти эҷодии оҳангсоз  маводҳои фаровон доданд. Аз ин сабаб ҳам, вақте, ки навиштани операи «Шўриши Восеъ»-ро ба ў таклиф карданд, бо хушнудӣ қабул кард. Барои жарфтар аз худ кардани мусиқии халқ оҳангсоз бо якҷоягии нависанда Абдусалом Деҳотӣ роҳи дуру дарозеро аз Балҷувон сар карда то Қалъаи Хум ва  ноҳияи  Ванҷи вилояти Худмухтори Бадахшон тай намуд. Дар натиҷа дониши компози тор дар бораи мусиқии халқи тоҷик хеле мукаммал гардид.

 Солҳои навиштани опера дар байни мардуми кўҳистон ривояту ҳикояҳои таърихие ба Восеи қаҳрамон бахшида шуда буданд. Дар санъати мусиқӣ низ суруду рубоёти фаровоне эҷод гардид. Ба муаллифони опера ҳатто муяссар гардид, ки бо духтари Восеъ – Гулизор вохўрда аз сароиши ў байту рубоиётеро, ки гиряву нолаи ўро ба вафоти падари қаҳрамонаш ифода мекард, сабт намоянд. Аз аҳолие, ки ин шўришро дар хотир доштанд, С. Баласанян суруду оҳангҳои сершумореро дарёфт намуд. Ин маводи бою рангин имконияти хуберо барои офаридани опера фароҳам меоварад.

 Ба ҳамин тариқ, операи «Шўриши Восеъ» ба вуҷуд омад. Опера муборизаи қаҳрамононаи деҳқононро, кибо сардории Восеъ ба муқобили зулми амири Бухоро дар Балҷувон шўриш бардошта буданд, нақл мекунад.

  Ба вуҷуд омадани операи «Шўриши Восеъ» тантанаи санъати ҷавони халқи тоҷик буд. Дар опера нақшҳои асосиро ҳунармандони номии кишвар Тўҳфа Фозилова, Раъно Ғолибова, А.Муллоқандов, Б.Тўраев, Азиза Азимова, А.Исҳоқова ва дигарон бо маҳорати калон иҷро намуданд.

  Операи  «Шўриши Восеъ» дар даҳрўзаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва ба тамошобинони серталаб пешкаш гардид,ки шоистаи таърифу таҳсин гашт.

  Рӯзномаи «Правда» 14 апрели соли 1941 чунин навишта буд: «Муаллифони либретто М.Турсунзода ва А.Деҳотӣ сужаи операро нағз сохтаанд, воқеаро сохтакорона ифода накардаанд, мусиқии вай ҳақиқатан халқӣ буда, пур аз драматизм ва дорои рўҳияи ҳақиқатан қаҳрамонона аст… «Операи  «Шўриши Восеъ» асари дорои қимати бадеист, ки ганҷинаи бои фолклори тоҷикро бурро ифода  мекунад”.

  Аз нахустнамоиши операи «Шўриши Восеъ» 80 сол сипарӣ гашт. Вале бузургдошти қаҳрамони бузурги халқи тоҷик – Восеъ ва эҳтиром ба саҳми бузурги муаллифи асари мазкур – оҳангсози маъруф Сергей Баласанян дар устуворгардонии қадамҳои аввалин ва рушду нумўи минбаъдаи мусиқии касбии тоҷик дар хотираи мардуми кишвар боқӣ мемонад.

 Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар  либреттои машҳур нигоҳ дошта шудааст. Хонандагон метавонанд аз он баҳравар гарданд.

Адабиётҳои истифодашуда:

  1.  Баласанян С.А. Шўриши Восеъ. Опера. Сарредакцияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе:– 2009. 350 саҳ.
  2. Назаров М. Санъати халқи тоҷик .–  Сталинобод.: 1961. –291 саҳ.    

       3.  Нурджонов Н. Опера и Балет Таджикистана. –Душанбе: 2010,424 саҳ.

      4.  Кохи Созу сўзу овоз.  – Душанбе: 2010. –Адиб. – 259 саҳ.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,

мутахасси шўъбаи адабиёт доир

ба фарҳанг ва ҳунар.