Китоби нав: “Музыкальные инструменты в системе искусства Шашмакома”

 Монографияи “Созҳои миллӣ дар низоми санъати Шашмақом” (русӣ) ба яке аз мавзўъҳои муҳими омўзиши созҳои халқии мардуми Осиёи Марказӣ бахшида шуда, аз тарафи номзади илмҳои санъатшиносӣ М. Эшонқулов таълиф гардидааст. Дар он ҳамаи ҷанбаҳои асбобҳои мусиқии халқии тоҷику ўзбек ба монанди танбўр, сато, дутор, рубоб, уд, чанг, най, дойра, ғиҷҷак ва ғайраҳо таҳлил шудаанд.

 Дар натиҷаи тадқиқотҳо, мушоҳидаҳо, таҳлилҳо хусусиятҳои омўзиши асбобҳои мусиқии мақом, сохт, муайян намудани ҷадвали овозҳо дар шакли алоҳида, машқ, ҳаракат, овозҳои ба худ хоси асбобҳои мусиқии ин минтақа дар замони муосир муайян гардидааст.

 Китоб барои доираи васеи муҳаққиқони мусиқӣ, навозандагони созҳои халқӣ, устодон ва донишҷўёни донишгоҳҳои санъат ва ҳунар, колеҷҳои санъат, мухлисони ҳунари Шашмақом ва доираи васеи хонандагон пешниҳод карда шудааст.

Нигина Маҳмудова,

 мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва хунар