Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Муҳаммадсиддиқ Ҳайрати Бухороӣ
Нашр шуд 2020-08-21 14:24
(вафот – 15 рабеъ-ус-сонӣ, шаби душанбеи соли 1320 хиҷрӣ, дар сини 27-солагӣ)
Ғазал ба тариқи мунозара
(аз дасхати худи Ҳайрат)
Эй сарв, бе ибо ба чаман сар кашидаӣ,
Моно, ки сарви қомати ўро надидаӣ.
Ороми сарви ман бувад аз ҷўйбори чашм,
Эй сарв, агар ту бар лаби ҷў орамидаӣ.
Ў сарви дилбар асту равон аст дар хиром,
Ту сарви бебариву ба кунҷе хазидаӣ.
Ў реша дар дил аст, зи дил об мехўрад,
Ту реша дар гил астиву аз гил дамидаӣ.
Ў нозпарвар асту бувад шох-шох лутф,
Ту боғпарвар аз ду - се шохи буридаӣ.
Ҳайрат, зиёда муътақиди сарви нози ў
Гаштӣ, магар мунозираи мо шунидаӣ ?
Фардиёт
1
Худ нашуд теғи рақиб аз ту маро манъи суҷуд ,
Магар имрўз пешонии ман чизе буд ?
2
Рақиби каҷназар гуфто, ки қаддаш сарвро монад,
Шумо, эй ростон, гўед: мемонад, намемонад ?
3
Дилро нигоҳи шўхи ту, к – аз роҳи дида бурд,
Дуздест, хонаро зи раҳи тобдон задан.
4
Зи ҷилваҳои нигоҳешу ҷилваҳои қадеш
Бирафт ҷону дил, эй ҷўраҷон, ба гўри дадеш!
5
Ёрро ваъдаи вас ласт ба шаб, баҳри Худо,
Ҷонам ба лаб, эй ҳамнафасон, соат чанд ?
6
Чашмам аз гуна – гуна ғамзаву ноз
Орифи рангуборро монад.
Дар танзими лаҳҷаи атфол
Равад аз барам ба дур,
Диҳад ин таронаи шўр:
а лавбони шакарин
Мана гиру қанд хўр.
( Вазни ҳар мисраъ: мутафоъилун фаъул)
Ҳайрат аз шарикдарсони фақир аст, аммо аз камоли истеъдод ва ишқи адабиёт дар хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд. Фақир низ қавоиди арўз ва баъзе нозукиҳои санъати адабияро аз ў омўхта будам. Ҳайфо, ки ин истеъдоди муҷассам дар айёми ҷавонӣ (дар бистуҳафтсолагӣ) ҷаҳони фониро падруд намуд, вагарна аз ин қудрати фавқулода хориқаҳо дар олами адаб ба вуҷуд меомад.
Азбаски табъ ёфтани авроқи парешонаш ба зудӣ дар назар наменамуд, аз осораш нисбат ба дигарон бештар интихоб карда шуд.
Таҳияи Сайрон Сафарова