Тасвиру наққошии гулҳо дар маҳфили “Дастони моҳир”

 Маҳфили «Дастони моҳир”-и шуъбаи кўдакон ва наврасон ба мавзуи “Гулҳои Душанбе” бахшида шуд ва ҳадаф сохтани гул буд.  Гул гуфта навдаи кутоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухм хизмат мекунад. Одатан пояи асоси ё паҳлуи бо гул ба итмом мерасад. Ҳар гул аз муғчагул инкишоф меёбад. Қисми поягии гул агар гулпоя ва гулбандро дарбар гирад, косабарг, гулбарг ва тухмдон аз баргҳои шаклдигаркарда ба вуҷуд омадаанд. Дар маркази гул тухмдон чойгир аст. Тухмдон ва гардбаргҳо узвҳои асосии гул ба ҳисоб меравад. Ба гуногуншаклии рустаниҳои гулдор, ки дар табиати беканор вомехӯранд, нигоҳ накарда, онҳо аз рӯи сохти гулашон  ба ҳамдигар монанд мебошанд.

Гулҳои аксари рустаниҳо ҳам гардбарг ва ҳам тухмдон доранд. Онҳо гулҳои дуҷинсаанд. Аммо дар баъзе рустаниҳо як қисми гулҳо фақат тухмдон ва қисми дигар бошад, фақат гардбарг доранд, ки онҳоро гулҳои ҷудоҷинса меноманд. Гулҳо хеле зиёданд аз қабили садбарг, лола, нилуфар, настаран, ёсуман, савсан, наргис ва ғайраҳо.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе ахиран ба як шаҳри гулҳо табдил шуд. Имрӯз ба ҳар кӯчаву хиёбон наравед, аз ҳар раста гузар накунед, шумо ба гулҳои рангорангу зебо рӯ ба рӯ мешавед. Баъзе намуди гулҳоро мо бори аввал мебинем. Шаҳрдории пойтахт барои ободе зебо гардонидани шаҳри Душанбе аз кишварҳои дур гунаҳои мухталифи гулҳои зеборо овардаву парварш кардааст ва онҳо ҳоло зеби кӯчаву хиёбонҳои моянд.

Чист, донӣ, ғунчаҳои ношукуфта дар чаман
Булбулон бар шохи гул дилҳои пурхун бастаанд.
                                                                       Ҷомӣ

Баъди шунидани нақли мураббӣ дар бораи сохти гулҳо, миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт ва баъдан онҳо ба таёр кардан ва ё наққошии гулҳои гуногун шуруъ намуданд.

Сайрон Сафарова,

мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон