Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбов – сардори Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиро ба сипоснома қадр кард.
Дар сипоснома омадааст: Аюбов Ҳайдаралӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
Ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбовро ба ин қадршиносӣ самимона муборакбод мекунем.