Баъди 80 сол...

 Ислом Саломов аҳ ҷумлаи коргардонҳои чирадасте буд, ки бо ҳунари воло ва маҳорати беҳамто як бахши фарҳанги кишвар дар калонтарин вилояти онро шукуҳу шаҳомати хос мебахшид. Аз мавлудаш 81 сол гузашт ва ду сол аст аз ҷамъи мо рахти сафар барбастааст. Аммо ному ёдаш ҷовидонӣ дар умқи синаи посдорони фарҳанг боқист.

 Ислом Саломов коргардон ва ҳунарманди 10 июни соли 1939 дар  деҳаи Камодони ноҳияи Мастчоҳ  таваллуд  шудааст.  Ходими Хизматнишондодаи  Санъати РСС Тоҷикистон (1974), Омўзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1958) ва Институти театри ба номи А. И. Островскийи Тошканд (1964) ва курсҳои режиссёриро дар Театри академии ба номи Е. Вахтангови Москва (1979) хатм кардааст.

 Солҳои 1964-1970 актёри Театри драмаи мусиқии Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ буд. Нақшҳои офаридааш: Кассио («Отелло»-и У. Шекспир), Зариф («Достони ҳофиз»-и Ф. Тошмуҳаммадов),  командир Қурбонов («Қиссаи Зайнаббибӣ-и  С. Саидмуродов», Дамис («Тартюф»-и Ж. Молйер), Искандар («Ҷанги тан ба тан»-и М. Байҷиев) ва ғайраҳо.

Аз соли 1970 саркоргардонии театри мазкур буд. Дар  давоми фаъолияти кориаш ба як қатор бозёфтҳои эҷодӣ ноил шудааст. Спектаклҳои ба саҳна гузоштаи ў: «Фоҷиаҳои хурд» ва И. Саломов дар нақши Кавалер Ранофрата «Соҳибаи меҳмонхона»-и К. Галдони «Лўлиён»-и А. С.  Пушкин, «Ашрофпараст»-и Молйер, «Шаҳло»-и А. Шукўҳӣ ва Ҳ. Аскар, «Ёди он рўзҳо»-и  А. Усмонов, «Бедорӣ»-и Раҳим Ҷалил, «Хушдоман»-и М. Шамколов ва ғайра.

Саломов инчунин бо театрҳои касбии Конибодому Нов, Театри халқии Ўротеппа ҳамкорӣ кардааст.

Ў соли 2018 аз олам даргузашт.

Бозчоп аз «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе, 2004. – Ҷ. 3. – С. 92.

Мукаллиф: Аскар, Ҳ. 

Дар бораи Ислом Саломов дар Китобхонаи миллӣ ин мтаолибро ҳам метавонед бихонед:

Ўрмонов, Қ. Шарафи камол: Артист ва режиссёр Ислом Саломов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1968. – 27 ноябр.

Бобоҷонов, А. Туғёни меҳр: Дар бораи саррежиссёри Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини вилоят Ислом Саломов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1975. – 15 феврал.

Мирзоев, А. Ман бе шумо як ахтарам…: Дар бораи фаъолияти эҷодии Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон  Ислом Саломов // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 10 январ.

Салимзода, А. Ҷашни 75-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, актёр ва режиссёри шинохта, Ислом Саломов дар бинои Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камол Хуҷандии шаҳри Хуҷанд // Садои мардум. – 2015. – 23 июн.

Раҷабзода, Н. Саҳнаҳои хотирмон ва ғамангези зиндагӣ: Ёде аз фаъолияти актёри театри тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ислом Саломов // Баҳори Аҷам. – 2018. – 16 май.

 Нозир, О.  140 сол дар саҳна: Ёде аз Арбоби ҳунари Тоҷикистон ҳунарманд ва коргардони Театри Хоҷа Камол Ислом Саломов // Тоҷикистон. – 2018. – 16 май. 140 сол дар саҳна.                        Лавҳае ба лавҳи гӯри Ислом Саломов 

Набиев. О., Хол, У. Таваллуди дигар: Ёде аз чеҳраи ҳунар, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ислом Саломов // Баҳори Аҷам. – 2018. – 5 июн; Ҳақиқати суғд. – 2018. – 5 июн.

Раҷабзода, Н. Саҳнаи ҳунар ва ишқу умед: Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов // Фараж. – 2018. – 16 май.

Расм аз “Тоҷикистон”

Таҳияи Набиева Аниса

 корманди шуъбаи библиографияи миллӣ