Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафта....
Нашр шуд 2017-04-25 15:44
Боз нафаре аз сафи кормандони Китобхонаи миллӣ аз ин олам ба олами дигар рахти сафар барбаст. Боз ситорае дар осмони зиндагӣ хомӯш шуд. Боз як инсони самимӣ бо қалби пур аз муҳаббат ёру ошноро тарк кард, хонаи худро ба мотамсаро табдил дод, наздикону пайвандонашро ба азои худ гирифтор кард.
Наргис хеле бармаҳал аз олам рафт, вай нав аз баҳори 32-уми умраш гул мечид. Хеле орзуҳо дошт, орзуи хонаи ободу тифлакони хандону солим. Вале сад ҳайфо, ки ин орзуро бо худ ба хок бурд.
Наргис Шарифова соли 1985 дар шаҳри Кӯлоб дида ба олам кушодааст. Соли 2003 мактаби миёнаи деҳаи Бештегирмонро хатм карда, худи ҳамон сол ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст.
Пас аз хатми бомуваффақияти донишгоҳ соли 2009 дар телевизиони шаҳрии Кӯлоб ба вазифаи хабарнигор ба кор қабул шуд ва фаъолияти кориаш ҳам аз ҳамон муассисаи давлатӣ оғоз ёфт.
Соли 2013 ба шаҳри Душанбе омад ва ба Китобхонаи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Аввал мутахассиси Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо буд. Баъдан ба Шуъбаи библиографияи миллӣ ба кор гузашт.
Аз моҳи декабри соли 2016 чун мутахассис дар шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ кор мекард.
Оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.
Охири ҳафтаи сипаришуда ҳангоми таваллуди фарзанд дида аз олам барбаст. Рӯзи шанбеи гузашта ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб ба хок супурданд.
Наргис на танҳо корманди хуб, балки як инсони хеле самимӣ ва бо ҳамкорон меҳрубон буд. Кӯшиш мекард дили касе аз ӯ наранҷад, бо дӯстонаш хеле хушмуомила буд. Муҳаббат ба инсон аз нигоҳаш аён буд. Ҳамин самимияту ҳамин муҳаббат дар кор дар муносибаташ бо хонандагон
ҳувайдо мешуд.
Ҳамагон ӯро дӯст медоштем, аммо сад афсӯс, ки марг ӯро хеле бармаҳал аз миёни мо рабуд.
Руҳат шоду хонаи охиратат обод бод, Наргиси азиз.
Гуруҳи ҳамкорон.