70 соли Бобохон Маҳмадов
Бобохон Алиевич Маҳмадов 8 июли соли 1950 дар деҳаи Куҳнабалҷувони ноҳияи Данғараи ба дунё омадааст. Таҳсил дар шуъбаи китобшиносии Ҳунаристони кооперативии шаҳри Душанбе дар солҳои 1968-1979. Фаъолият дар вазифаҳои гуногуни Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии савдои китоб. Оғози фаъолияти рўзноманигорӣ дар солҳои 1970-1975. Таҳсил дар шуъбаи ҳуқуқшиносии Университети марксизм – ленинизми назди КМПК Тоҷикистон дар солҳои 1971-1975. Сардори шуъбаи матбуот ва намоиши китоби Кумитаи матбуоти Тоҷикистон дар солҳои 1975-1977.
Муовини сардори Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии савдои китоб дар солҳои 1977-1982. Раиси Комиссиуни чопи китобҳо дар солҳои 1982-1990. Сардори Иттиҳодияи Ҷумҳууриявии савдои китоб дар солҳои 1982-1989. Таҳсил дар факултаи таъриху ҷомеашиносии Институти Давлатии педагогии ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар соли 1983. Муовини авали Раиси Кумитаи Давлатии матбуоти Тоҷикистон дар солҳои 1989-1990. Узви Кумитаи Конфедератсияи байналмиллалии Иттиҳоди журналистон ва Мизи мудаввари доимамалкунандаи журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар соли 1990. Раиси Кумитаи Давлатии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1992. Вазири матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1994. Соли 1994 Рисолаи «Тоҷикистон»-ро интишор менамояд. Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994-1997. Лаурети Ҷоизаи Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ мегардад (1997). Бо қарори Комиссиунии Олии Аттестатсионии Федератсияи Руссия тасдиқ гардидани дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа дар соли 1998. Раиси комиссиуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Юнеско дар соли 1998. Асари «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ…» аз чоп мебарояд дар соли 1998. Академики Академияи байнал-миллалии иттилоотӣ мегардад дар соли 1998. Бо фармони Президенти Тоҷикстон бо ордени Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шараф» сарфароз шудааст соли 1998. Сафарҳои хидматӣ дар ҳайати вакилони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИМА, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Олмон, Туркия, Арабистон, Покистон, Финландия, Шветсия, Ҳиндустон, Канада Куриёи Шимолӣ ва соири мамолики дунё дар солҳои 1990-2000. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо медали «Астана» мукофотанида шудааст соли 1999. Барои саҳми шахсӣ дар фаъолияти кумитаи фарҳанги назди Раёсати Қувваҳои сарҳадии Федератсияи Руссия дар Тоҷикистон бо медали Хадамоти Федералии Сарҳадии Руссия сарфароз гардидааст соли 2000. « Аълочии матбуоти СССР» ноил гардид соли 1982. Аз соли 1989 узви Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон.
Бозчоп аз «Самари умр». – Душанбе, 2000 . – С. 20-21.
Дар бораи Бобохон Маҳмадов дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Маҳмадов Бобохон Алиевич» // Ҷумҳурият. – 1992. – 14 март; Народная газета. 14 марта.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Маҳмадов Бобохон Алиевич» // Ҷумҳурият. – 1994. – 14 декабр.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Маҳмадов Бобохон Алиевич» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 1997. – №23-24. – С. 153.
Бузургдошти шайх Камол дар Табрез: Суханронӣ дар Қасри муаллимини Табрез бахшида ба 675-солагии шайх Камоли Хуҷандӣ // Адабиёт ва санъат. – 1997. – 2 январ.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бо ордени «Шараф» сарфароз гардонидани Маҳмадов Бобохон Алиевич – Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» // Садои мардум. – 1998. – 18 сентябр.
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ: Чанд мулоҳиза оид ба вазъи фарҳанги Тоҷикистон ва дурнамои он // Адабиёт ва санъат. – 1998. – №7-8. – апрел. – С. 2-5.
Хирад мояи ифтихори мост: Мусоҳибаи Д. Давлат бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муассисаҳои фарҳангӣ ва натиҷаҳои онҳо // Тоҷикистон. – 1998. – №1. – С. 14.
Сухани мо баҳри сохтан аст: Мусоҳибаи Парда Ҳабиб бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таёрӣ дидани ҷашни Давлати Сомониён дар соҳаи фарҳанг // Садои мардум. – 1999. – 11 март.
Мақоми Сосониён дар таърих ва тамаддуни халқҳои эронинажод // Тоҷикистон. – 1999. – №4. – С. 8-9.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Маҳмадов Бобохон Алиевич» // Садои мардум. – 2000. – 13 январ.
Ҳокимияти чорум бояд баҷуръат бошад: Мусоҳибаи Сафар Аюбзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов оид ба матбуот // Садои мардум. – 2000. – 11 март.
Давронов, Д. Накўном дар арш ҷой гирад: Бобохон Алиевич Маҳмадов50 – сола мешавад // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 7 июл.
Аҳтамзода, Ш. Марде аз диёри меҳр: Гуфтор оиди рўзгор ва фаъолияи вазири фарҳанг Бобохон Маҳмадов // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 19 май.
Таҳияи Набиева Аниса
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.