хатари терроризм дар олам
“Раванди рўй додани амалётҳои терористӣ дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI нишон медиҳад, ки ягон давлати абарқудрати дунё дар танҳои аз ўҳдаи бартараф кардани хатари терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир баромада наметавонад. Зеро амалётҳои террористии дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Россия рўйдода нишон медиҳанд, ки терроризм торафт бештар хусусияти байналмилалӣ касб карда, ҷанбаҳои муташаккил, ҳомиёни пурқудрати пасипардагӣ ва имкониятҳои фаровони молиявӣ дорад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар сол мамлакатҳои ҷаҳон миллиардҳо долларро сарфи мубориза бо терроризм ва экстремизм мекунанд. Вале боз ҳам лозим меояд ин хазина бештар шавад. Ҳатто фақиртарин кишварҳоро ҳам лозим меояд аз буҷаи ками худ миқдори азимро сарфи ин кор кунанд. Чун амнияти шаҳрвандон муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст.
Терроризм ба ҳадде вусъат ёфт ва густариш пайдо кард, ки оламиёнро водор намуд барои мубориза бо он ба ҳам оянд. Даҳҳо иттиҳодҳо ва паймонҳои мубориза зидди терроризм ташкил шуданд, ки онҳо аз ҷониби ИМА ва Русия барин қудратҳои атомии олам сарварӣ мешаванд. Ва даҳҳо кишварҳои муқтадиру даҳҳо мамолики дигар ба ин паймонҳову ба ин иттиҳодҳо пайвастанд, то ҳиссагузори коҳиши хатари терроризм дар олам бошанд. Тоҷикистон низ чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳамин муборизаҳо шарик аст. Кишвари мо заҳри терроризмро чашидаву ҷабри онро дидааст. Барои мо ин мафҳум дигар бегона нест. Бахусус аз аввали солҳои 90-и асри гузашта мо пайваста бо ин хатари ҷонсўз рў ба рў мешавем. Беҳтаринҳоро аз даст додаем ва садҳо нафар гумроҳоне дорем, ки худро миёни обу оташ задаву барои ким-кадом ҳадафи барояшон номаълум дар кишварҳои бегона меҷанганд, инсонҳоро ба қатл мерасонанд. Ва боз ҳам аксарашон кушта шудаву фарзандонашонро ятим кардаанд, волидони бо сад умед калонкардаашонро дар мотами худ шинонданд. Мо қурбонии терроризм ҳастем ва мо бояд ба дарки комили ин зуҳурот бирасем, то мубориза бо он бароямон осон гардад.
Агар ба таърих назар афканем, олам дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст ва баъзе ин падидаҳо худ омили бавуҷудорандаи зинаи нави рушди олам будаанд. Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавии баҳри ислоҳоти соҳаҳои мухталифи ҳаёт дар ҳар як гўшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Ҳамроҳ бо ин ҳама воқеаҳо ва он пешрафту тараққиёте, ки ба вуҷуд омадаанд, якчанд падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа амсоли экстремизм ва терроризм пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ майлонҳои дар боло овардашударо рад месозанд, аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ, яъне ё озодихоҳу инқилобчӣ ва ё гуманисту адолатҷў ва саркубсози душман эълон медоранд. Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқадами инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид садо медиҳад, ки байни онҳо терроризм ҷойи махсусро соҳиб аст.
Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ мекунад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро пайдо кардааст. Терроризм борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳоро мутамарказ кардааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рўз аз рўз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунанд ё бо ибораи дигар, он масъала боиси ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.
Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният ё ба ақидаи муҳаққиқи рус Болтунов М. – терроризм нафратест ва ин нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад. Имрўзҳо вазъ он гуна аст, ки аз кўдаки хурдсол то мўйсафед метавонад амали террористӣ содир кунад.
Дар ҷомеа падидаву равандҳо ва ҷараёнҳои сершумор мавҷуданд, зуҳури ҳар яки онҳо ҳатман фикру мулоҳиза, таҳлилу тавсиф ва назариёти гуногунро ба бор меорад. Гарчанде баъзеи онҳо муддатҳои зиёд аст, ки дар илмҳои гуногун омўхта мешаванд, аммо ҳамаҷониба таҳлил нашудаанд. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурўҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезшуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 таърифи истилоҳи терроризм мавҷуд аст, вале таърифи ягона дар умум эътирфошуда вуҷуд надорад. Ҳатто созмонҳои байналмилалие назари СММ то ба ҳол як таърифи ягонаву мушаххас дар бораи терроризмро баён накардаанд. Аммо бо вуҷуди ин кишварҳо дар қонунҳои худ истилоҳро то ҷое шарҳу тавзеҳ додаанд. Аз ҷумла, дар моддаи севуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ин мафҳум ба гунаи зер шарҳ ёфтааст. “Терроризм – яъне зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба ) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сўиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмони ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёси ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад”.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи терроризм ва экстремизм метавонед ин матолибро мутолиа намоед:
Усули тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм экстремизми сиёсӣ. – Душанбе: Сарпараст, 2003. – 103 с.
Низоъ терроризм ва риссолати рузноманигорон. – Душанбе, 2007. – 58 с.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дар бораи мубориза бар зидди терроризм. – Душанбе, 2014. – 294 с.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ). – Душанбе, 2014. – 236 с.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқуқӣ ва маводҳо оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм: Ифротгарӣ. – Хуҷанд, 2016. – 308 с.
Тағоев, Ҳ. Терроризм ва экстремизм - падидаҳои номатлуб. – Хўҷанд: Меъроҷ, 2017. – 96 с.
Назиров, Д. Религиозно-политический экстремизм и терроризм в центральной Азии. – Душанбе: Ирфон, 2007. – 162 с.
Муминов, А.И. Религиозный экстремизм сущность и явления, формы проявления и пути их решения в постоянно меняющемся современном обществе. – Душанбе, 2018. – 244 с.
Валиев, Ҷ. Мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон // Озодагон. – 2015. – 1 июл.
Наботов, Н. Терроризм ва экстремизм- хатарҳои байналмилалӣ // Баҳори Аҷам. – 2017. – 21 феврал.
Зоиров, И. Терроризм ва экстремизм. Ду зуҳуроти як аср // Ҷумҳурият. – 2018. – 16 июл.
Амонзода, Н., Маъруфов, Д. Терроризм ва экстремизм вабои аср // Маорифи Тоҷикистон. – 2018. – №6. – С. 42-44.
Насриддинова,Г. Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби замони муосир // Паёми Душанбе. – 2018. – 21 сентябр.
Раҷабзода, Ш. Терроризм ва экстремизм, Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза қарор дорад // Ҷумҳурият. – 2018. – 1 октябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ