Дюбуа (Du Bois) Уилям Эдуард Бёркҳардт 23 феврали соли 1868 дар Массачусетс ба дунё омадааст, муаррих ва ҷомеашиноси амрикоӣ, нависандаи африқоию амрикоӣ, яке аз поягузорони адабиёти зангиёни Амрико ва аз мухолифони табъизи нажодӣ дар ИМА. Доктори илмҳои фалсафа (1895). Солҳои 1897–1910 профессори иқтисод ва таърих, декани факултаи сотсиологияи университети Атланта (1933-44), доктори фахрии илмҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа ва адабиёти университетҳои бисёр кишварҳо, 1910–1948 яке аз роҳбарони Анҷумани миллӣ барои пешрафти мурдуми рангинпўст буд.
Ташаббускору ширкаткунандаи конгрессҳои байналмилалии кишварҳои Африқо (1919, 1921, 1923, 1927, 1945). Муаллифи чандин таълифи бунёдӣ оид ба нақши мардумони африқоӣ дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ва пайомадҳои номатлуби бардадорӣ. Маҷмўаи очеркҳои «Рўҳи мардумони сиёҳпўст» (1903), романи «Дар талоши мўинаи нуқрагин» (1911), сегонаи «Шўълаи сиёҳ»: «Озмоиши Мансарт» (1975), «Мансарт мактабе бунёд мекунад» (1959), «Шуълаи сиёҳ» (1961) аз осори адабии Дюбуа ба шумор мераванд.
Дар ин сегона таърихи муборизаи сиёҳпўстони амрикоиро алайҳи табъиз (дискриминатсия)-и нажодӣ аз поёни ҷанги дохилӣ дар ИМА то солҳои 60 асри 20 ба риштаи тасвири адабӣ кашидааст. Дар осори ў шўру шавқи оташини публитсистона ва зарофату танзи моҳиронаи як адиб бо фазлу дониши таърихнигорию ҷомеашиносияш тавъам шудаанд.
Узви Шўрои ҷаҳони Сулҳ, барандаи Ҷоизаи байналмилалии сулҳ (1953) ва ҷоизаи байналмилалии ленинии «Барои таҳкими сулҳ миёни миллатҳо» (1958).
Дюбуа 27 августи соли 1963 дар Аккра вафот кардааст.
Бозчоп аз «Энсклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 323.
Муаллиф: М. Диловаров
Таҳияи Аниса Набиева,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.