Суҳроб яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Рустам ва Таҳмина, паҳлавони Туронзамин буд. Аз овони кўдакӣ нишонаҳои паҳлавонӣ ва қувваи бозу дар ў аён буданд. Ҳангоми 10-солагиаш дар сарзамини Турон касе бо ў ёрои ҳамнабард шуданро надошт.
Суҳроб аз турониён лашкаре ҷамъ оварда, сўйи Эрон сафар кард.
Афросиёб писари Рустам будани Суҳробро медонист ва ба мақсади аз байн бардоштани падару писар ду лашкаркаши худ – Бормон ва Ҳумонро фиристод, то ба шиносшавии онон мумониат кунанд.
Жандаразм ном шахсе, ки бо фармони Таҳмина омада буд, мебоист Суҳробро бо Рустам шинос мекард. Вале ў ба дасти Рустам кушта шуд. Ҳамин тавр падару писар якдигарро нашинохтанд ва байни онон разми сахте оғоз ёфт.
Рустам бо ҳилаву найранг Суҳробро мағлуб кард ва ханҷар ба ҷигараш зад. Вақте Рустам ўро шинохт ва хост, ки аз Кайковус нўшдору гирифта, писарашро аз марг наҷот диҳад, Кайковус дар додани нўшдору амдан таъхир кард.
Мардуми тоҷик ба ин қаҳрамон эҳтироми зиёд доранд ва ба писаронашон номи ўро мегузоранд. Дар фолклори тоҷик симои Суҳроб дар баъзе афсонаву ривоятҳо мушоҳада мешавад.
Бозчоп аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ. 2. – С. 366.
Муаллиф: М. Диловаров
Дар бораи Суҳроб дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавон хонд:
Оғози достони Суҳроб: Достонҳои «Шоҳнома» // Донишварз. – 2018. – 24 декабр.
Фирдавсӣ, А. Огоҳ ёфтани модар аз кушта шудани Сўҳроб: Порча аз «Шоҳнома» // Дили модар. – Душанбе, 1984. – С. 6-7.
Ёров, Р. Достони оламшумул: Достони «Суҳроб»-и Фирдавсӣ // Маориф ва маданият. – 1972. – 5 феврал.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ