Таҳти роҳбарии Абдушукур Назаров зиёда аз 10 нафар рисолаи номзади ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ ва методию таълимӣ, аз чумла 10 монография, 12 дастури таълимӣ мебошад. Иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Коллеч-Стейшен-ИМА, 1995), Деҳлӣ, (1995), Анталия, (2003), Маскав, (2007) мебошад. Бо ифтихорномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) мукофотонида шудааст.
Абдушукур Абдураҳимович Назаров 10 майи соли 1944 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд ёфтааст. Иқтисоддон, доктори илми иқтисодӣ (1982), узви вобастаи АИ байналхалқии мактабҳои олӣ (1996), профессор. Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), профессори фахрии Донишгоҳи Техас (1995). Ташкилкунанда ва роҳбари Маркази тайёркунии коркунони мунитсипалӣ (аз с.1999).
Абдушукур Назаров шўъбаи кибернетикаи иқтисодии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст (1972). Роҳбари шўъбаи банақшагирии оптималӣ ва идоракуни бахши иқтисодиёт ва сотсиологияи меҳнати Пажўҳишгоҳи иқтисодии АУ ҶШС Тоҷикистон (1972-81), роҳбари шўъбаи ҳосилнокии меҳнати бахши Тоҷикистонии Пажўҳишгоҳи кумитаи меҳнати Иттифоқи Шуравӣ дар Душанбе (1981-85), мудири кафедраи менеҷмент ва информатика, менеҷмент ва сохибкорӣ, ташкилкунандаи комплекси аудиовизуалии компутарии ДАТ (1985-1998), мудири кафедраи менеҷмент ва соҳибкории БХДТТ (1998-1999), ходими пешбари илмии Донишкадаи менеҷмент ва технологияи компутарии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз с.2006).
Дар Донишгоҳи Техаси ИМА (1995), дар институти миллии соҳибкории Ҳиндустон (1995), дар Пажуҳишгоҳи миллии соҳибкории Ҳиндустон (1995), дар Пажуҳишгоҳи бизнеси миёна ва хурди Туркия (1997, 2002) таҷрибаомузӣ кардааст.
Таҳти роҳбарии Абдушукур Назаров зиёда аз 10 нафар рисолаи номзади ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ ва методию таълимӣ, аз чумла 10 монография, 12 дастури таълимӣ мебошад. Иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Коллеч-Стейшен-ИМА, 1995), Деҳлӣ, (1995), Анталия, (2003), Маскав, (2007) мебошад. Бо ифтихорномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) мукофотонида шудааст.
Тадқиқоти Абдушукур Назаров проблемаҳои менеҷмент, соҳибкорӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии болоравии ҳосилнокии меҳнат, татбиқи усулҳои иқтисодию риёзӣ дар тадқиқоти иқтисодӣ, таҳлил, идоракунӣ ва такмили низоми мунитсипалиро дар бар мегирад.
Бозчоп аз “Манобеи электронӣ”
Аз Абдушукур Назаров дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед бихонед:
Многофакторный анализ социальных аспектов повышения производительности труда. – Душанбе: Дониш, 1975.
Методические положения анализа влияния социально-экономических факторов на производительность труда. – Душанбе, 1977.
Хосилнокии меҳнат муҳимтарин омили самараи истеҳсолот. – Душанбе: Ирфон, 1978.
Социально-экономические факторы роста производительности труда. – Д.: Дониш, 1981.
Нормативная чистая продукция в промышленности Таджикистана. Таджик НИИНТИ. – Душанбе, 1984.
Скращение потерь рабочего времени в промышлености Таджикистана: Обзорная. – Душанбе, 1985. – 30 с.
Теория анализа хозяйственной деятельности: Учеб.пособие / М-во нар.образования Тадж.гос.ун-т им. В.И.Ленина. – Душанбе, 1989.
Назарияи таҳлили иқтисодӣ: Китоби дарсӣ. – Душанбе, 1991.
Предпринимательство. – Душанбе: Наргис. – 1997. – 116 с.
Основы агробизнеса. – Худжанд, 2000. – 122 с.
Муниципальный менеджмент: Учебное пособие. – Худжанд: Сомон, 2004.
Таджикистан и Кыргизистан торгово – экономическое сотрудничество. – Хуҷанд: Мероҷ, 2011. – 206 с.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ