Нақши Паём дар пешрафту шукуфоии кишвар
Нашр шуд 2021-02-10 17:02
Чунин ном дошт нишасте, ки рӯзи гузашта дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо ширкати ҷамъе аз таҳлилгарон, адибон ва рӯзноманигорон таҳти унвони доир гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд ва дар он муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ва муовини директор Ҷалолуддин Нурзода ширкату суханронӣ намудаанд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Раҳмонзода Абдулло ва шоири маъруф Хайрандеш баромад намуданд.
Муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода зими суханронии худ роҷеъ ба Паёми Пешвои миллат гуфт: Паём санади муҳиму сарнавиштсози кишвар ва роҳнамои рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Дар Паёми соли гузашта Сарвари давлат ба китобхониву китобхонаҳо диққати ҷиддӣ доданд ва гуфта шуд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз мухимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад». Бояд қайд намоям, ки дар баробари озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва эълон гардидани озмуни «Илм чароғи маърифат” саривақтӣ ва бамаврид аст.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Паёми имсоларо аз Паёмҳои қаблӣ фарқкунанда ва рамзӣ мешуморад. Ба андешаи ў Паёми имсола касро ба фикр кардан водор месозад, ки мо тавонистем таҳти рохбарии сарвари давлат дар 30 сол корҳои бисёреро ба анҷом расонем.
Шоири шинохта Хайрандеш шеърҳоеро қироат кард, ки бо илҳом аз Паём эҷод кардааст. Вай гуфт: “Паём барои мо раҳнамо мешавад ва аз ин баъд қадамҳоямонро рушантар мегузорем”.
Дар ин нишаст ҳамчунин муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ва корманди Китобхонаи миллӣ Абдуғаюр Саломов дар васфи Пешвои миллат ва Тоҷикистон шеърҳои тозаэҷоди худро хонданд.
Ҳамоиши “Нақши Паём дар дар пешрафту шукуфои кишвар” хотирмон гузашт.
Раҳима Аъзам,
мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳо