Тағйиру иловаҳо асоси дунявият ва рушди кишвар аст
Нашр шуд 2016-02-26 16:44
26 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ перомуни тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони шуъбаҳо иштирок намуданд. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода тағйиру иловаҳо ба қонуни асосиро, ки тибқи раъйпурсии умумимиллӣ баргузор мегардад яке аз шартҳои ҷомеаи мутамаддин ва асоси давлатҳои дунявӣ шуморида таъкид намуд, ки «Давлатдории муосир ва демократӣ бояд ҳамарўза дар рушду нумў ва такомул бошад, ки ҳам аз лиҳози ба қонунгузорӣ ва аз ҷиҳати рушди босуботи ҷомеа тағйир бипазиранд. Конститутсияи кишвари мо, ки вобаста ба замони гузашта ва давраҳои ҳассоси таърихӣ қабул гардидааст , дар асоси рушди ҷомеа ба тағйирот ниёз дорад. Асоси давлатдории муосир низ ҳамин аст, ки қонунҳо догма набуда, вобаста ба ҷамъият ва низоми давлатдорӣ танзим ва таҳия мегарданд». Шўрои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ низ дар навбати худ ҷонибдории худро аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар изҳор намуда, онро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд. Пешниҳод шуд, ки дар кулли шуъбаву бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо мавриди омузиш қарор дода шаванд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар Китобхонаи миллӣ «Китобдор», Иттифоқи касабаи кормандони Китобхонаи миллӣ, Шўрои занон ва Иттифоқи ҷавонони Китобхонаи миллӣ низ дар якҷоягӣ аз тағйиру иловаҳо ҷонибдорӣ намуда, онро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.